logo

ҳуқуқ

СУДИ ОЛӢ ФАЪОЛИЯТИ ҲНИТ-РО ҚАТЪ ГАРДОНД

29 сентябри соли равон Суди Олӣ аризаи Прокурори генералиро дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) - террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани вебсайти интернетии хизби номбурда ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб мавриди баррасӣ қарор дод.
 Муайян карда шуд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  4-уми декабри соли 1991  ташкил шудааст.
Солҳои 1992 - 1997 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003  он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Ҳарчанд таъйиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) - доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.
Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Чунончи, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳангоми ба иттиҳоди террористии  мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст.
Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик  бошанд, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифтанд, иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок  нишон доданд.
Аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхӯҷа, Шарипов Муссаямхӯҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарӯз дар манзили истиқоматии худ пинҳон ва бо ҷойи хоб ва хӯрок таъмин карда, худ низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд.
11-уми августи соли ҷорӣ бошад, 5 аъзои ҲНИТ Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев Ҷ. барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсондани аҳолӣ дар кӯпруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии «Давлати исломӣ»- ро овехтанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон - роҳбари ҲНИТ дар бахши шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст.
Чунин парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолати афрохтани парчами “ДИИШ” дар ноҳияи Шаҳритуз низ мавриди тафтиш қарор дорад.
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва дигаp аъзои Раёсати олии ин ҳизб аз соли 2010 то инҷониб тавассути рӯзномаи  “Наҷот” ва дигар воситаҳои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар тарғибу ташвиқро дар рӯҳияи бадбинию мухолифи сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсионӣ ба роҳ монда истодаанд.
Бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои Раёсати олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятӣ иборат аз 15-30 -нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.
Тибқи нақша мебоист, ки як гурӯҳи 40 - нафараи мусаллаҳ  аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гурӯҳи 25- нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳи 30 - нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гурӯҳи 25- нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурӯҳи 40 - нафара ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткорӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медоданд.
Ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаи ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошанд, бо сарлавҳаи “Бародарони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ҳастед!!!”, дарёфт карда шуд. Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати олии ҲНИТ дар даъвати хеш,  аз ҷумла баён доштанд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рӯзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор, ҳар олоту силоҳе доред, бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғӯшта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. ИНШООЛЛОҲ пирӯзӣ бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш меканем. Соати пирӯзӣ фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед”.
Дар ин варақаҳо фаъолияти ҳокимияти имрӯза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими “золимонаю бедин” муаррифӣ гардида, шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлатдорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сарнагун сохтани сохти конститутсиониро дорад.
Бо ин мақсад, шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 номбурдагон тибқи нақшаи амалҳои ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин заданд.
Аз ҷумла, А.М. Назарзода бо суиистифода аз мақоми хизматии муовини вазири мудофиа, ҳамчун яке аз сарварони иттиҳоди ҷиноятӣ, дар  якҷоягӣ  бо гурӯҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ, иборат аз 12 нафар, аз ҳисоби шаҳрвандони ғайринизомӣ навбатдории нуқтаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии № 17615 - ро беяроқ гардонда, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии № 17615 ғайриқонунӣ ворид шуда, аз иншооти зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангиро барои мусаллаҳ гардондани аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ, тасарруф намудаанд.
Ҳаракатҳои ҷиноятии худро идома дода, А.М. Назарзода ва ҳаммаслакони ӯ, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, генерал - майор Саидзода Бобоҷон ва командири қисми ҳарбии № 08050 -ро дар Вазорати мудофиа ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудаанд.
 Дар фосилаи зикршуда, зиёда аз 150 нафар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи А. М. Назарзода дар маҳалли пешакӣ муайяншудаи собиқ “Хлебзавод”, воқеъ дар  ш. Душанбе, кӯчаи А. Дониш 55, ки ба А. М. Назарзода тааллуқ дорад, ҷамъ омада, ғайриқонунӣ бо силоҳҳои оташфишони автомати Калашников, пулемёт, гранатомёт, милтиқи мергании оташфишонӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардонда шудаанд.
Ҳамчунин, номбурда бо дигар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятии худ, бо суиистифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ғайриқонунӣ мусаллаҳ гардондани боқимонда аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ, ба қисмҳои ҳарбии № 08050 ва 17651 - и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон рафта, аз он ҷо шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла 180 автомати Калашников, 9 гранатомёт, 5 милтиқи снайперии Драгунов (СВД) ва 8 пулемёти дастии Калашниковро тасарруф намудаанд.
Минбаъд, А.М. Назарзода ва дигар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки баҳри таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон дар ҳолати  иҷрои вазифаҳои хизматии худ қарор доштанд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.
Аз маводи таркандаи намуди норинҷак истифода намуда, таркишҳо содир карданд, ки дар натиҷа 10 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафари  дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ  бардоштанд. Ғайр аз ин, дар сомонаҳои расмии ҲНИТ хабарҳои иғвогарона паҳн карда, барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаанд.  Ҳамин тариқ, пешвоён ва аъзоёни ҲНИТ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд.
Барои аз ҷониби ҲНИТ бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта дар давоми солҳои 2014 ва 2015 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба огоҳнома ирсол карда бошад ҳам, роҳбарияти ҲНИТ ба ин нигоҳ накарда, амалҳои ҷинояткоронаи худро барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуданд. Ҳамин тариқ, муайян карда шуд, ки  мақсади асосии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.
Мутобиқи моддаи 4 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикр- гардида Суди Олӣ  аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) - террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн кардани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизбро манъ  кард.

АМИТ «Ховар»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.10.2015    №: 197    Мутолиа карданд: 757

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед