logo

ҳуқуқ

«АМАЛИЁТ»-И ХУСУСИГАРДОНӢ ДАР КӮЛОБ

Прокуратураи шаҳри Кӯлоб мақолаи «Амалиёт»-и хусусигардонӣ дар Кӯлоб» («Ҷумҳурият», № 152 (22714), аз 29 июли соли 2015) - ро мавриди санҷиш қарор дод.
Муайян гардид, ки тибқи гувоҳномаи Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Кӯлоб, № 3011, аз 24 феврали соли 2014, манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Ш. Шоҳин, хонаи № 23, ҳуҷраи № 25, дар мувозинати Корхонаи истеҳсолии истифодабарии манзили шаҳри Кӯлоб қарор доштааст.
Ин манзили истиқоматӣ, ки соли 1968 сохта шуда, иборат аз 5 ҳуҷра мебошад, дар асоси протоколи № 4 - и комиссияи машваратии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба хусусӣ намудан ва фурӯхтани манзили истиқоматии шаҳрвандон аз хонаҳои фонди  манзилии давлатию ҷамъиятӣ, аз 10 марти соли 2014, ба шаҳрванд Дилором Миралиева фурӯхта шудааст.
Дар асоси протоколи мазкур, ки бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб, аз 27 марти соли 2014, таҳти № 193 тасдиқ гаштааст, ба Д. Миралиева манзилнома оид ба ҳуқуқи гирифтани манзил дода шудааст.
Бояд гуфт, ки нархгузории манзили истиқоматии мазкур дар асоси «Низомномаи хусусигардонии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби муайян кардани арзиши масоҳати манзиле, ки ба моликияти шаҳрвандон фурӯхта мешавад» ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 226, аз 4 июни соли 1996 амалӣ шудааст.

Х. МАШРАБЗОДА,
прокурори шаҳри Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи I

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.10.2015    №: 198-199    Мутолиа карданд: 410

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед