logo

маориф

МУАЛЛИМ

Зи ҳар кас н - ояд ин устоду шогирдӣ, на ҳар кӯҳе
Бадахшон бошаду ҳар сангпора лаъли рахшонаш.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Воқеан, инсон мақоми омӯзгорро, он сон ки бояд, ҳанӯз нашнохтааст. Оре, агарчи бо дарку фаҳми амиқ дар васфаш сухан гуфтаву ӯро эҳтиром гузоштааст. Аз ин рӯст, ки:
Тасаввур кай тавон кард аз касе тасдиқи ин маънӣ,
Агар набвад муарриф кашфу ҳуҷҷат завқу виҷдонаш.

Таъкид мешавад, ки агар хостори дурри ирфонӣ, дар дилаш ҷо кун. Хосияти дурдона шудан ҳамин аст, дигар нест. Ин як қатраро баҳр ба он бузургӣ хуш мепазирад ва ба дурдона табдил медиҳад. Қимати як қатра куҷосту дурдона куҷо? Пас, ба масал, муаллим он баҳр аст, ки қатраҳоро дурдона ва ҳам дурри ятим мекунад.
Агарчи на ҳама дурро мешиносанд ва қимати онро медонанд, дурдона ҳамчунон дурдона мемонад, арзишаш ҳаргиз ба поён намефарояд. Саррофони гавҳарношинос дар ин маврид обрӯи худро мерезанд ва ба ҷаҳолат ҳар замон хармуҳраро бо дурдона. Муаллим аст, ки ҷаҳонро аз ҷаҳолат, бехирадӣ наҷот медиҳад, варна дунё ба тирагӣ шуҳрат меёфт ва одамӣ дар ин зулмистон ба манзиле роҳ намебурд.
Ҳаққи устодро аз падар беш донистаанд ва бар ин таъкид низ доштаанд. Чаро? Чунки падар аз ҳаёт ва устод аз наҷот баҳра медиҳад. Агар наҷот набошад, ҳаёт ба дарозо намекашад. Ин гуфта ҳақиқат дорад, ки роҳи дуруст, роҳи писандидаро ба мо муаллим менамояд ва ҳам моро то расидан ба манзили мақсуд ҳидоят мекунад. Мусаллам аст, ки аз оғоз инсоният ба омӯзгор ниёз дошту дорад. Дар  зери чархи кабуд бе раҳнамо ба куҷо метавон расид? Чӣ сон?
Бар мо амр шудааст, ки бихонему бидонему ҳақиқатро бишносем. Ва ҳам аз гаҳвора то гӯр илм биёмӯзем. Мо ҳаргиз худ ба худ хонандаву донанда ва шиносандаи ҳақиқат нагардидаем. Аз гаҳвора магар мо худ илм омӯхтаем?
Замоне ки масъаларо мешиносем,  ба умқи он мерасем, қимати муаллимро дарк мекунем, дармеёбем, ки олимону муаллимонро барҳақ меросбарони ҳақиқии паёмбарон донистаанд.
Мардуме, ки омӯзгорони асилашро аз даст медиҳад, аз он рӯшноӣ зуд меравад ва ба харобазоре мубаддал мегардад.
Дар сарзамине, ки қадру қимати омӯзгорро намешиносанд, саодату баракат боқӣ намемонад, аз он рахти сафар мебанданд. Бе парваришу дуои онҳо дарахти умри одамӣ ҳаргиз сарсабз намешавад.
Ин ҳақиқат дигар ба рӯшанӣ собит гардидааст, ки агар омӯзгор нест, дороии ҳама дороёни олам на бар худ ва на бар дунё суд меорад. Ба ҷуз ин пойдор намемонад.
Пас, бояд омӯзгор бошем, омӯзгори ростин. Дар ин роҳ нахуст бояд роҳрав бошем. Агар роҳрав нестем, роҳбар намешавем. Ҷомеа аз оғоз инро аз мо тақозо дошт ва дорад. Бидуни иҷрои ин амали пуршараф дунё обод намегардад ва ояндагон  ҳақиқатро дарнамеёбанд. Агар ба маънии зиндагӣ, пай намебарем, яқин, ки рисолати худро дар дунёи рӯшан нашнохтаем. Бе андӯхтани илм, андӯхтани таҷрибаи рӯзгор чароғро дар дил рӯшан ва дафъи ҳаводис кардан наметавон.
Рисолати омӯзгор ҳеҷ гоҳ, ҳатто бо фарорасии маргаш низ ба фарҷом намерасад. Ин ҳақиқатест, ки борҳо собит гардидааст. Омӯзгор бо марги худ бар дигарон дарсеро бо номи «Инсон бош!» мегузарад, ки то ба он замон ҳеҷ гоҳ нагузашта буд. Подошу заҳматҳои ӯ дар ин маврид дурҳои ашканд. Ин бор ӯ ҳақиқатро ба ранги дигар зебову рӯшану бепарда ба чашмҳо менамояд.
Вақте ба дунёи поку рангини омӯзгор роҳ мебарем ва дармеёбем, ки ин амал назди Офаридгори олам чи арзишу эътибор дорад, ӯро бештар дӯст медорем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бад - ин хотир дар Паёми имсолаашон таъкид доштанд, ки омӯзгор ҳуқуқи хато карданро надорад. Хатои ӯ хатои олам аст. Як лағзиши ӯ ҳамаро мелағжонад. Чанде пеш дар мавриди ба истифода додани мактаби нави замонавӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти мамлакат рӯ ба омӯзгорону хонандагон оварда гуфтанд, ки бино бо сифати баланд сохта шудааст ва бояд сифати таълим низ мисли он ҷавобгӯи талабот бошад. Воқеан, бояд аз Роҳбари давлат бисёр сипосгузор бошем. Ба бунёди мактабҳои наву замонавӣ, таҷҳизондани он бо беҳтарин васоити таълимӣ аз оғози фаъолияташон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Соҳаи маорифро дар сиёсати давлатӣ аз соҳаҳои муҳиму стратегӣ арзёбӣ карданд. Барои беҳтарин омӯзгорон ва дастовардҳои чашмраси онҳо Ҷоизаи Президентӣ таъсис доданд. Ба сифати таълифи китобҳои дарсӣ низ махсус таваҷҷуҳ карданд ва барои ин дастуру супоришҳо додаанд.
Дастовардҳои мо нисбат ба солҳои пешин имрӯз зиёданд, вале ҳанӯз қаноаткунанда нестанд. Бо ин шароиту имконоте, ки Сарвари давлат дар соҳаи маориф фароҳам оварданд, ба пешрафтҳои бештару беҳтар низ ноил гардидан мумкин аст.
Омӯзгорон тибқи қонуни нав «Дар бораи маориф» аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд. Механизми иҷрои пурраи он бояд осон карда шавад.
Мушкилоти нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳанӯз ҳам ҳалли пурраи худро наёфтааст. Зарур аст, ки тухми меҳри пешаи омӯзгориро дар замири насли ҷавон аз хурдӣ кишт ва онро парвариш дод, варна дер мешавад.
Чанд соли охир ба масъалаи таълим бештар аҳамият додем ва дар ин соҳа ба дастовардҳои муҳим ноил гаштем. Тарбияро аммо дар мақоми пойинтар аз он қарор додем, агарчи ҳам қонуну дастурҳои заруриро қабул кардему нашру паҳн намудем. Тарбия дар соҳаи маориф ҳамеша муҳим арзёбӣ мешуд ва ба он таваҷҷуҳи махсус медоданд. Таъкид медоштанд, ки аз донои беадаб нодони боадаб беҳтар аст. Асари бади беадабӣ ҳатман бар дигарон мерасад. Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ барҳақ фармудаасту ҳушдор додааст:
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ бар ҳама офоқ зад.
Зарур аст, ки усулҳо ё худ методҳои навину пешрафта ва ҷаҳони таълиму тарбияро барои рушди бештари соҳа роҳандозӣ намоем.
Хуб аст, ки ҳар сол рӯзи якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр чун Рӯзи омӯзгорон қайд мешавад. Он бо имконоте, ки дорем, бояд беҳтар ва дар сатҳи бисёр баланд таҷлил гардад. Дар мавриди ҳавасмандии бештари омӯзгорон низ бояд масъулон бияндешанд.
Ин рӯзи мубораку муҳимро бо шинохти рисолату масъулияти бештар барои ҳама табрик мегӯям!
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.10.2015    №: 198-199    Мутолиа карданд: 1019

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед