logo

ҳуқуқ

СУҒД. НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ- МАСЪАЛАИ ДОҒИ РӮЗ

Соли равон мутобиқ ба иттилои расмӣ теъдоди умумии кӯдакон ва наврасони маъюби то 18 - сола дар қаламрави вилоят 7 ҳазору 205 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 1 ҳазору 515 нафар аз никоҳи хешутаборӣ таваллуд шудааст ва мутаассифона,  пасомадҳои нохушу хатарноки онро то имрӯз  аҳолӣ дарк накардааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала рӯ оварда, таъкид дошт, ки «… пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд. Зеро ин масъала барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст».
Бо вуҷуди ин никоҳи хешон ҳанӯз бисёр  ба мушоҳида мерасад. Ҳафтае қабл ду бародар дар Хуҷанд бо ҳам қудо шуд. Зеро яке намехост боигариаш ба дасти бегона афтад, ба ибораи худашон: «девор афтад, дарун афтад». Аммо онҳо аз ояндаи набераи худ парвое надоштанд.
- Ин дар ҳолест, ки - мегӯяд Индира Акмалхоҷаева, сардори шуъбаи раёсати тандурустии вилояти Суғд оид ба хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак, - дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ тавлиди кӯдакони дорои нуқсонҳои модарзодӣ бештар ба назар расида, дар 65-70 дарсади ҳолатҳо бо бемории дил таваллуд мешаванд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар соли 2014 дар вилоят  аз 70 ҳазору 243 кӯдак 6 ҳазору 686 тавлид , яъне 9,5 дарсад аз ҳисоби никоҳи хешон мебошад ва 22 тифл бо бемории Даун таваллуд шудааст.
Тибқи моддаи 15-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, ҳамчунин додани машварат доир ба масоили тиббию генетикӣ ва солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустии маҳали истиқоматии онҳо ба таври ройгон бошад ҳам, афсӯс, ки аҳолӣ аз ин хизматрасонӣ бо «шарм» - и шарқиёна истифода намебаранд.
Мардум ҳамоно гирифтори  хурофоту таассуб буда, ҳатто огоҳии табибон онҳоро барои тасмими дуруст гирифтан водор карда наметавонад.
- Дар  ислом издивоҷ бо бегонагон авлотар шумурда мешавад,- мегӯяд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон. Аз ҷумла, Абдулло ибни Умар мефармояд, ки никоҳ аз бегонагон бошад беҳтар аст.
Бо дарназардошти он ки эътиқоди мардум  асосан ба никоҳи аҷдодист, дар ин ҷода ходимони дин  нақши муассир мебозанд. Аз ин рӯ, хуб мебуд худи онҳо ба аҳолӣ бештару беҳтар аз оқибатҳои манфӣ, зарари никоҳи хешонро мефаҳмонданд.
Бино ба иттилои Муқаддам Ҳошимзода, мудири шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд, соли равон дар шимоли кишвар 123 ҳолати никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шудааст ва аллакай  коҳишёбии ин зуҳурот ба мушоҳида мерасад.
Ҷиҳати пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи хешон дар қаламрави вилоят аз ҳисоби олимон, мутахассисони тиб, ходимони дин, муҳаққиқон, коршиносони соҳа оид ба масъалаҳои таъсири никоҳҳои хешутаборӣ ба солимии кӯдакон ва ҳатмӣ намудани ташхиси тиббии пешазиздивоҷии навхонадорон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки феълан амал мекунад ва бино ба мушоҳидаҳо аҳли ҷомеа фаъолияти онро мусбат арзёбӣ мекунад.
 - Аъзои гурӯҳи корӣ дар деҳоти Навгилему, Чилгазии Исфара, дар ноҳияи Ашт бо иштироки зиёди фаъолон, раисони маҳаллаҳо, ҷавонон, занону духтарон оид ба оқибатҳои нохуши никоҳи хешон ва вайроншавии оилаҳои ҷавон мулоқотҳои судманд анҷом доданд, - мегӯяд Нодира Мирзозода, мудири раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд.
Дар назди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати пешгирии никоҳи хешутаборӣ бо иштироки мутахассисони варзида машваратгоҳҳои ҳуқуқиву равонӣ таъсис ёфтаанд, ки дар сурати беҳтар кардани мундариҷаи барномаи онҳо, бешубҳа, самари хубе хоҳанд бахшид.
  
Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.10.2015    №: 198-199    Мутолиа карданд: 433

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед