logo

ҳуқуқ

АХБОРИ Прокуратураи генералӣ вобаста ба ташкилоти террористӣ - экстремистӣ эътироф шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва қатъ гардидани фаъолияти он, 6 октябри соли 2015

Қувват гирифтани ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ки аз номи дини Ислом амал карда, номи ин дини мубинро чун воситаи расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд, бешак, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид намудани ин раванди пурхатар чунин изҳор намуд: "Воқеан дини мубини Ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накукорист. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем. Ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаи солим саъю талош намоем. Хусусан дар шароити торафт тезутунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим дини мубини Исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва барои амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем".
Мутобиқи  моддаҳои  8  ва 28-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Яке аз ҳизбҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 - уми декабри соли 1991 ташкил шуда, фаъолият менамуд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ин ҳизб ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардидаанд. 23 нафар аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои Раёсати Олии он бинобар даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Маҳз пешбурди чунин фаъолият нуфузи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар назди аъзои он низ коста гардонд ва шумораи зиёди аъзои он сафи ҳизбро тарк намуданд ва дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ ячейкаҳои ибтидоии онҳо, бинобар надоштани аъзо, барҳам хӯрданд. Бо содир намудани ин амалҳои нангин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон на танҳо ҳуқуқи мавҷудияти худро аз даст дод, балки бо фаъолияти террористӣ-экстремистии худ барои мардум ва ҷомеа сарчашмаи хатар ва ихтилоф низ гардид.
Баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳое, ки дар фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷой доштанд, дар давоми солҳои 2014 ва 2015 ба унвони ҳизб аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ чандин маротиба огоҳиномаҳо ирсол шуданд, вале роҳбарияти ҳизб онҳоро сарфи назар карда, фаъолияти ғайриқонунии худро идома доданд. Бар  замми ин, аъзои худро, ки ба содир намудани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо даст дош-танд, на танҳо аз ҳизб хориҷ нанамуданд, балки дар маҷлисҳои ҳизбӣ низ муҳокима накарда, сазовори ҷазои интизомӣ низ наҳисобиданд, ки ин ифодаи дастгирӣ кардани онҳо аз тарафи роҳбарияти ҳизб буд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Прокуратураи генералии мамлакат ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, қатъ кардани фаъолияти ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», ки нашрияи ин ҳизб буд, бастани вебсайтҳои интернетии он, манъ кардани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод карда шуд ва он аз ҷониби Суди Олӣ баррасӣ гардид.
Бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли ҷорӣ аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуд. Нашри рӯзномаи «Наҷот» қатъ ва вебсайтҳои интернетии он баста шуд, ҳамчунин воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.
Оид ба амалҳои ғайриқонунии роҳбарият ва аъзои Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, инчунин Абдуҳалим Назарзода ва дигар аъзои гурӯҳи муташаккили ӯ дар Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши он идома дорад. Тафтишот муайян намудааст, ки роҳбарон ва аъзои Раёсати Олии ҳизб дар асоси маслиҳати пешакӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода якчанд гурӯҳҳои ҷинояткори аз 10 то 40 - нафара созмон дода, мақсад доштаанд, ки ба объектҳои муҳими сиёсӣ ва давлатӣ ҳуҷумҳои мусаллаҳона анҷом дода, ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон ғасб намоянд. Нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурӯҳҳои ҷинояткор ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз утоқҳои кории муовинони раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Умаралӣ Ҳисайнов ва Маҳмадалӣ Ҳаитов, воқеъ дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад, хонаи № 1 ёфта гирифта шуданд. Инчунин, ҳангоми кофтукови утоқҳои кории бинои марказии ҳизб зиёда аз 30 варақаи ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад, дарёфт шуд.
Амалҳои ғайриқонунии ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткор боиси ҳалокати 14 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маҷрӯҳ гардидани 12 нафари дигар шуданд. Айни ҳол 23 роҳбар ва аъзои Раёсати Олии ҳизб, ки дар содир намудани ҷиноятҳо даст доштанд ва шумораи муайяни аъзои гурӯҳи муташаккили Абдуҳалим Назарзода ба ҳабс гирифта шуда, нисбат ба онҳо ва нафарони дигар, ки мақсади ғасб намудани ҳокимиятро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд, бо моддаҳои 179 - терроризм, 187 - ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), 189 - барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, 306 - бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, 307 - даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 313  - исёни мусаллаҳона ва дигар моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад. Аз натиҷаи тафтиш қарори қонунӣ қабул карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 13-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Аз ин рӯ, террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ҳизб ва қатъ намудани фаъолияти он боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани аъзои қатории ҳизб намешавад, агар онҳо ҷиноятҳои дигар содир накарда бошанд. Вале агар онҳо дар оянда низ фаъолияти ҳизбии худро идома дода, ақидаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро тарғибу ташвиқ кунанд ва дар фаъолияти ҳизби манъшуда ба ҳар навъе ки набошад, иштирок намоянд, мутобиқи қонун барои иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ-террористӣ ва ташкили фаъолияти он бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Ҳанӯз мутафаккири Рими қадим Сисерон гуфта буд: Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош. Озодӣ он вақт бехатар ва манфиатбахш аст, ки дар ҷомеа ҳама Конститутсияи мамлакат ва қонунҳоро риоя кунанд, арзишҳои миллиро пос доранд, дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ҳушёру зирак ва ба ҳама гуна зуҳуроти носолими ҷомеа, аз ҷумла терроризм ва экстремизм оштинопазир бошанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.10.2015    №: 201    Мутолиа карданд: 502

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед