logo

ҳуқуқ

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ: ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲО

Пойдории давлат, оромию осоиштагии ҷомеа, ҳаёти хушу хуррами мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту идораҳо ва таъмини волоияти қонун ба адолати судӣ эҳтиёҷ дорад.

Ба ҳар як шохаи ҳокимият дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда вазифаҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон вогузор гардидааст. Дар сурати риоя нашудани ин ҳуқуқҳо аз ҷониби дигар мақомот, шаҳрвандон метавонанд бо истифода аз ҳифзи судӣ шохаҳои дигари ҳокимиятро уҳдадор намоянд, то ин ё он амалеро, ки ҳуқуқ ва озодиҳои онҳоро маҳдуд ва ё поймол намудааст, бартараф созанд. Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон на танҳо вазифаи  ҳокимияти  судӣ,  балки  самти  асосии  фаъолияти дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ низ мебошад. Дар ин бора қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ низ амал мекунанд, ки дар онҳо масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон махсус таъкид гардидааст.
Амалӣ намудани адолати судӣ бо баррасии аризаҳои шаҳрвандон дар мурофиаҳои судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ ба миён меояд. Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат гирифта, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ дар судҳо ба тарзи ошкоро гузаронда мешавад. Маҳз барои риоя намудани принсипҳои мазкур соли 2008 кодексҳои мурофиавии гражданӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Бори аввал дар сатҳи қонунгузорӣ эътироф шуд, ки суд мақоми таъқиби ҷиноятӣ нест.
Дар баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ ҳалномаҳои судӣ танҳо дар доираи даъвои пешниҳодшуда қабул гардида, ҳуқуқи суд, ки метавонист аз доираи даъвои пешниҳодшуда барояд, бардошта шудааст. Яъне, бо ин принсипҳои дар доираи талаботи пешниҳодшудаи даъво баррасӣ намудани ариза, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо ҳифз карда шуд. Тибқи талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба ҳабс гирифтан, маҷбурӣ дар муассисаи тиббӣ ё тарбиявӣ нигоҳ доштани шахс, кофтукови манзил, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар мукотибот танҳо дар асоси қарори судя ба иҷро расонда мешавад. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии тамоми ҳуқуқвайронкуниҳоеро, ки барои онҳо ҷазо дар намуди маҳрум намудан аз ҳуқуқҳо пешбинӣ шудааст, ба судҳо вогузор намудааст.
Сохтори дигаре, ки низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро устувору неруманд мегардонад ва дар таъмини волоияти қонун фаъолона ширкат мекунад, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ниҳод фаъолияташро дар асоси талаботи Сарқонун, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ намуда, оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки аз тарафи судҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад, мақоми олии судӣ ба ҳисоб меравад. Суди мазкур дар шаклҳои мурофиавие, ки қонун пешбинӣ кардааст, ба фаъолияти судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе назорати судӣ мебарад ва оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад.
Барои амалӣ намудани фаъолият Суди Олии иқтисодӣ ҳамчун марҳалаи якум парвандаҳоеро, ки ба судҳои иқтисодӣ мансубанд, баррасӣ менамояд. Инчунин, дар марҳалаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳоеро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки дар ин суд ва судҳои поёнӣ дар марҳалаи якум баррасӣ шудаанд. Аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда санадҳои судии қабулкардаи худро, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, аз нав баррасӣ менамояд.
Суди Олии иқтисодӣ ҳуқуқ дорад дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшаванда ва ё татбиқшуда оид ба парвандаи мушаххас ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд ва таҷрибаи аз тарафи судҳои иқтисодӣ татбиқ намудани қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки муносибатҳоро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ танзим менамоянд, омӯхта ҷамъбаст кунад. Ҳамзамон, оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад, ҷиҳати такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ба танзим медароранд, таклифҳо таҳия ва пешниҳод менамояд.
 Аз тарафи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, таъмини ҳамаҷонибаи қонуният ҳангоми баррасии парвандаҳо, ҳидоят намудани аҳолӣ ба риояи қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Парвиз МИРЗОЗОДА,
судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.10.2015    №: 202    Мутолиа карданд: 412

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед