logo

ҳуқуқ

ДАСТ БА ХУДКУШӢ ЗАДАНИ ЗАНОН АЗ ЧӢ БОИС АСТ?

Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ мақому манзалати зан хеле боло рафта, онҳо аз ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо бархӯрдоранд. Бо вуҷуди ин, то ҳол бархе аз занони деҳаҳои дурдаст зери хушунати хонаводагӣ қарор доранд.

Тӯли ҳашт моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 33 ҳазору 300 ақди никоҳ расман сабт гардида, мутаассифона, 4 ҳазору 500 - тоаш бекор шудааст. Дар натиҷа, 560 ноболиғ аз тарбияи муштараки падару модар маҳрум гардидааст.
Бояд гуфт, ки пешрафту шукуфоии Ватан аз ободиву осудагии оила вобастагӣ дорад. Ободии хонадон бошад, аз фаросату маърифати оиладории волидон, бавижа модар сарчашма мегирад. Вале, иқрор бояд шуд, ки ҳанӯз ҳам теъдоди зиёди бонувони тоҷик мавриди таҳқир, хушунат ва ҳатто лату кӯб қарор мегиранд.
Вақте Зан - Модарро дар пеши чашми фарзанд таҳқир мекунанд ва ӯ оҷизу аламзада ва беҳуқуқ мегардад, дар зеҳни кӯдак чӣ таассурот пайдо мешавад? Падару модарро, ки аз нахустин идеалҳои рӯзгори тифлиаш аст, чӣ гуна дармеёбад?
 Солҳои охир ҳолатҳои зиёди даст ба худкушӣ задани занону духтарон ба мушоҳида мерасанд. То имрӯз 1777 ҳолати содир кардани чунин ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ чунин гуфт: «Тавре аз таҳлилу баррасии ҳолатҳои даст ба худкушӣ задани занон маълум мешавад, фазои оилавии ин қабил бонувон хушунатангез ва пур аз моҷарову кашмакашиҳост. Мастиву бенизомӣ ва таъмин нагаштани шароити зиндагӣ аз ҷониби шавҳар ва хараҷу мараҷи хурду бузург ҳамеша бо хору залил шудани зан анҷом меёбад».
Ба як нукта таваҷҷуҳ бояд намуд, ки бо гузашти вақт хушунату зӯроварии мард нисбат ба зан косаи сабри дувумиро лабрез мегардонад ва ӯ аз чунин тарзи зиндагӣ безор шуда, ниҳоят, қасд ба ҷони худ мекунад. То фаро расидани чунин ҳолати мудҳиш мард ҳатто намеандешад, ки ин кирдори ӯ дар қонун бо мафҳуми ҷиноят шарҳ дода шудааст. Мутобиқи моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба худкушӣ расондани як шахс аз ҷониби шахси дигар ҷиноят ба ҳисоб рафта, барои онҳое, ки нафареро то дараҷаи рӯҳии худкушӣ мерасонанд, қонунгузор ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба муҳлати аз 3 то 5 сол пешбинӣ кардааст.
Баъзан худи занҳо бо сустиродагӣ ва ноустувории ҳолати рӯҳиашон сабабгори сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш мешаванд. Аз ин сабаб, аз маърифату ҳуқуқ ва касбу ҳунар бархӯрдор намудани занону духтарон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Пас моро низ зарур аст фарзандони худро, ки ояндаи миллату давлат мешаванд, аз касбу кор, хату савод ва ҷаҳонбинии дунявӣ бархӯрдор созем. Бахусус, зани тоҷик аз зевари дониш бояд оро ёбад. Дар ин ҳолат метавон бовар кард, ки ӯ ба мушкилоти рӯзгор осон таслим намешавад ва роҳи раҳоӣ аз бунбастро дар худкушӣ намебинад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2015    №: 203    Мутолиа карданд: 733
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед