logo

ҳуқуқ

ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ. Чаро маълумоти омории мақомоти андоз, омор ва замин ба ҳам мувофиқат намекунанд?

Дар  вазъияти имрӯзаи буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомоти мутасаддӣ  муайян ва бақайдгирии манбаҳои нави  андозбандӣ ва бо ин васила ғанӣ гардондани буҷети мамлакат мебошад. Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат масъалаи мазкурро таҳти назорати доимӣ қарор дода, онро мунтазам таҳлил ва ҷамъбаст менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи иҷрои қонунгузории зикршуда дар кишвар чандон хуб нест. Мақомоти дахлдор дар  бисёр ҳолат бетарафиро ихтиёр намуда,  иҷрои талаботи қонунгузориро ба таври лозимӣ ба роҳ намондаанд. Вазъияти ташвишовар дар самти бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар мақомоти андоз, омор ва замин ба назар расида, дар бисёр ҳолат маълумоти омории ин се мақомот ба ҳам мувофиқат намекунанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо низ, барои пурра бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонии ташкилкарда, махсусан сабти онҳо дар мақомоти андоз ва таъмини пурраи андозбандӣ кори судмандро ба сомон намерасонанд. Аз ин лиҳоз, хоҷагиҳои деҳқонии таъсисдода дар мақомоти омор ва андоз ба қайд гирифта нашуда, ғайриқонунӣ аз пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет озод карда мешаванд. Дар натиҷаи дар мақомоти омор ба қайд нагирифтани хоҷагиҳои мазкур ва бо ин васила аз тарафи онҳо пешниҳод накардани ҳисоботи омории муқарраршуда, вазъи иқтисодии маҳалҳо, дар маҷмӯъ мамлакат, нодуруст ва нопурра дар ҳисоботи омории давлатӣ инъикос мешавад, ки дар навбати худ барои банақшагирии самтҳои асосии тараққиёти иҷтимоӣ - иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон то  1-уми  августи соли  2015 дар ҷумҳурӣ 154152 хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шудааст. Аммо дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  122700  хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун андозсупоранда сабт гардидааст.  Ҳамин тавр, 31452 хоҷагии деҳқонӣ дар  мақомоти андоз ба  қайд гирифта нашуда,  аз супурдани пардохтҳои ҳатмӣ  ба буҷет ғайриқонунӣ озод шудаанд. Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҳамагӣ  116687 хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун субъекти ҳисоботсупоранда сабт шуда, ҳисоботи пешбинишударо дар бораи фаъолият месупоранд, ки нисбат ба маълумоти мақомоти идораи замин 42465 ва андоз 11013 адад кам мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода аз 1697 хоҷагии деҳқонӣ 60, Ҳисор аз  2272 хоҷагии деҳқонӣ 185, Шаҳринав аз 873 хоҷагии деҳқонӣ 23 ва дар маҷмӯъ 268 адад дар мақомоти андоз ба қайд гирифта нашудааст. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа, бинобар  дар мақомоти андоз сари вақт ба қайд нагирифтани  ин хоҷагиҳои деҳқонӣ танҳо дар соли 2015-ум дар ноҳияи Ҳисор - 32247 сомонӣ, Шаҳринав - 21453, шаҳри Турсунзода  - 39500 ва дар маҷмӯъ 93200 сомонӣ маблағи андоз ба буҷет пардохт нашудааст.
Чунин ҳолат дар дигар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вилоятҳо низ ҷой дорад. Масалан, дар ВМКБ - 16756, Хатлон - 12179,  Суғд - 5047, Нуробод - 416, Рашт - 53 ва Тоҷикобод - 425 хоҷагии деҳқонӣ муддатҳои тӯлонӣ фаъолият намуда бошанд ҳам, дар қайди мақомоти андоз нестанд ва андозҳои муқаррарнамудаи қонунгузориро пардохт наменамоянд.
Вазъи дигари ташвишовар рӯз ба рӯз афзоиш ёфтани қарзи андози хоҷагиҳои кишоварзӣ буда,  то 1-уми августи соли ҷорӣ  38797037 сомониро ташкил медиҳад. Сабаби асосии ин ҳолат, пеш аз ҳама, ҳангоми таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонии бузург тақсим накардани қарзҳои мавҷуда ба хоҷагиҳои навтаъсис мебошад. Чунончи, бақияи қарзи андози собиқ хоҷагии деҳқонии «Исроилов»-и шаҳри Конибодом дар назди буҷет ба маблағи 60000 сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзии  «Ругунд», «Бобо Ҷӯрабойи Ругундӣ», «Миразим» ва  «Исмоил-2» - и шаҳри Истаравшан 616000 сомонӣ  ба хоҷагиҳои навтаъсис тақсим нашудааст.
Дар ҷараёни таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  дар маҳалҳо на ҳама вақт талаботи қонунгузорӣ риоя мешавад. Бо қарорҳои раиси ноҳияи  Шуғнон  № 593 аз 11-уми ноябри соли 2012 ва № 655 аз 26-уми декабри соли 2012 гӯё аз ҷониби шаҳрвандон А. Айдаралиева, Ф. Юсуфов ва дигарон, ҷамъ 11 нафар, ки  ба синни 16  нарасида буданд, хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода шудааст. Дар ВМКБ дар солҳои 2008-2015 дар заминаи 59 хоҷагии  деҳқонӣ 16688 хоҷагии инфиродӣ  таъсис  дода  шуда,  1855 хоҷагии  навтаъсис бе сертификати ҳуқуқи истифодаи замин фаъолият намудааст.
Мавриди зикр аст, ки  як қатор мақомоти мутасаддӣ, махсусан мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  дар маҳалҳо вазифаи асосии худро дар  таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ  дида, минбаъд фаъолияти онҳоро таҳти  назорат нагирифта,  сабабҳои сари вақт дар мақомоти андоз ба қайд нагирифтан  ва барҳам  хӯрдани онҳоро мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд. Яке аз сабабҳои асосии  ба ҳам мувофиқат накардани ҳисобот дар бораи бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷониби масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ барои бақайдгирӣ ба мақомоти андоз ва омор нафиристодани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад. Дар навбати худ  масъулони мақомоти андоз ва омор низ барои анҷом додани ин фаъолият чораҳои дахлдор намеандешанд.
Мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ барои бартараф кардани қонуншиканиҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда ба мақомоти дахлдор 58 пешниҳод ирсол намуда, ба 19  қарори ғайриқонунӣ эътироз оварданд.  Бо андешидани чораҳои дахлдор 74 хоҷагии деҳқонӣ дар мақомоти омор ва андоз ба қайд гузошта шуд.

 Маҳмадулло НУРЗОДА,
прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунгузории андоз ва
гумруки Прокуратураи генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2015    №: 204    Мутолиа карданд: 602

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед