logo

маориф

Истифодаи телефонҳои мобилӣ манъ аст, вале дар ҳолати акс чӣ ҷазоҳо муқаррар мегарданд?

Солҳои охир аксари омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ шикоят доранд, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ аз тарафи хонандагон ба низом ва раванди дурусти таълиму тарбия ва донишомӯзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ғайр аз ин мо ҳар рӯз дар нақлиёти мусофиркаш ва ҷойҳои ҷамъиятӣ шоҳиди он мегардем, ки наврасону ҷавонон ҳатто калонсолон ҳам тавассути телефонҳои мобилӣ бо садои баланд гуфтугӯ мекунанд.
Бешубҳа, истифодаи бемавқеъ ва бенизоми телефонҳои мобилӣ ба коста гардидани маънавиёти наврасону ҷавонон, беҳуда сарф кардани вақт ва маблағ оварда мерасонад.
Бино ба таҳқиқи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва олимон ва муҳаққиқон, телефонҳои мобилӣ ба саломатии  кӯдакон, наврасон ва занони ҳомила таъсири манфӣ доранд ва истифодаи онҳо бояд маҳдуд гардад. Олимони Шведсия дар натиҷаи тадқиқот ба хулосае омаданд, ки таъсири истифодаи дарозмуддати телефонҳои мобилӣ пайдоиши саратони мағзи сар ва гӯшро то ду маротиба зиёд мекунад.
Бинобар ҳамин дар Ҷопон, Юнон, Ҳиндустон, Британияи Кабир ва дигар давлатҳо истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ манъ кардаанд.
Аз ин ҷост, ки Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон 15 январи соли 2009 дар Маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва 6 январи соли равон дар Конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310 -солагии Имоми Аъзам бо назардошти омилҳои манфии истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва оқибатҳои он дар асоси таҳлилу далелҳо воқеиятро нигаронкунанда арзёбӣ кард.
26 марти соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба имзо расид. Мувофиқи он дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ), овардан ва истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ аз ҷониби донишҷӯ, докторант, аспирант, унвонҷӯ ва омӯзгор истифода бурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим манъ аст.
Воқеан ворид намудани қисми нав ба моддаи 26 қонуни мазкур бамаврид аст. Вале суоле пеш меояд, ки дар ҳолати истифодаи телефонҳои мобилӣ, яъне қонуншиканӣ чӣ гуна ҷазоҳо муқаррар карда шудаанд ва онҳоро кӣ зери назорат мегирад? Мувофиқи гуфти Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон, то қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаҷми ҷарима ва тарзи ба ҷавобгарӣ кашидан масъалаи чораандешӣ ба салоҳияти роҳбар ва нишондоди қоидаву низомномаи муассисаҳо вогузор аст. Лоиҳаи онҳо вақтҳои наздик аз тарафи Ҳукумат пешниҳод ва аз тарафи намояндагони мардумӣ мавриди баррасиву қабул қарор хоҳад гирифт.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 581

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед