logo

ҳуқуқ

ЗАМИН ВА ЗАВЛОНА

Прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба мансабдороне, ки қонунгузории заминро вайрон кардаанд, беш аз 30 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ин рақам, бо вуҷуди он ки мақомоти дахлдор дар ин самт пайваста тадбирҳои муассир меандешанд,  ниҳоят нигаронкунанда унвон мешавад.
Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурӣ, Кодекси замин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ замин моликияти истисноии давлат буда, қитъаи замини наздиҳавлигӣ бояд ба нафарони эҳтиёҷманд бидуни сурат гирифтани муомилоти харидуфурӯш дода шавад. Лекин, дар баъзе ҳолатҳо дидаву дониста, бо поймол намудани муқаррароти қонун қитъаи замини наздиҳавлигиро ба эҳтиёҷмандон мефурӯшанд.
Ҳамин тариқ, дар истинод ба маълумоти прокуратураи вилояти Хатлон, Идибек Назриев, роҳбари Кооперативи истеҳсолии «Пахтаобод ЛТД» - и ноҳияи Вахш, ҳарчанд медонист, ки ваколати тақсими заминро надорад, бидуни пешниҳоди ҳуҷҷату қарори вижа ба Ойнисо Давлатова 9 садяк заминро ба маблағи 6 ҳазор доллар, ба Сабуриддин Шамсиддинов 6 садякро 3 ҳазор доллар ва ба Худоёр Раҷабов 6 садякро 2 ҳазор доллар фурӯхтааст. Айни ҳол он заминҳои обӣ ба ҷойи кишт шудану ҳосил додан, ба макони зисти аҳли оилаи шахсони номбурда табдил ёфтаанд.  Қурбоналӣ Тошев, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҷамшедҷон» - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бошад, дар ҳамдастӣ бо собиқ муҳандис - заминсозони Ҷамоати деҳоти Ифтихори ҳамин ноҳия Холмаҳмад Ҳасанов ва Салим Нодиров даст ба ҷиноят зад. Номбурда солҳои 2007 - 2015 бе ягон асоси қонунӣ аз ҳисоби заминҳои корами обӣ, корами лалмӣ ва чарогоҳ 26,04 гектар заминро ба М. Бобокалонов, З. Рустамов, М. Мирзоев, А. Алимардонов, К. Суюнов, А. Нодирова ва дигар  сокинони ноҳияҳои Хуросон, Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ба маблағи аз 2500 то 3300 - долларӣ фурӯхтааст. Дар натиҷаи ин амали хилофи қонун хоҷагии деҳқонии “Ҷамшедҷон” 300 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ дидааст.  
Мутаассифона, ин гуна бесарусомонӣ дар дигар ноҳияҳо низ ҷой дорад, ки муассирияти тадбирҳои ниҳодҳои марбутаро зери суол қарор медиҳад. Биноан, ба андешаи Насрулло Маҳмудов, прокурори вилояти Хатлон, мутасаддиён бояд бо истифода аз василаҳои таъсиргузори идеологӣ маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардоранд. “Нафароне, ки пул доранд, бе навбат қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирам гуфта, низоми корро вайрон мекунанд. Онҳо шояд надонанд, ки заминҳои корам фақат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди хона ҷудо карда мешаванд. Аммо чун ин тарзи кор вақти тӯлониро тақозо мекунад, эшон роҳи осон меҷӯянд”, - гуфт прокурор.
Дар ин росто, Асадулло Ҳалимов, сокини 64 - солаи деҳаи «Ҳосилобод» - и шуъбаи 4 - уми Ҷамоати деҳоти Кирови ноҳияи Вахш, маҷрӯҳи гурӯҳи дувум, гуфт, ки бо вуҷуди дар панҷ сол навиштани шаш ариза наметавонад, ки ақаллан барои як фарзандаш қитъаи замин бигирад. «Мутасаддиёни ҷамоат мегӯянд, ки сабр кун, замин мегирӣ. Ману писаронам, чор келин ва кӯдакҳояшон, дар маҷмӯъ 15 нафар дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунем, аммо одамони пулдоре ҳастанд, ки хона дошта бошанд ҳам, пеш аз мо замин гирифта истодаанд. Ҳарчанд Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кард, ки қитъаи замини наздиҳавлигӣ фақат ба эҳтиёҷмандон дода шавад, аммо масъулони ҷамоатҳо инро ба назар намегиранд. Яъне замини хонаҷоро пинҳонӣ мефурӯшанд», - иброз дошт А. Ҳалимов.
Азимҷон Донаёров, сокини деҳаи «Сотсиализм» - и Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нафари дигарест, ки дар бобати гирифтани қитъаи замин талошҳои бенатиҷа доштааст. Вай гуфт, ки аз соли 2010 ба номи раиси ноҳия се ариза навиштааст. - Вақте аризаро мебарам, - зикр кард А. Донаёров, - мегӯянд, ки тоқат кун. Аммо ин мушкил аст. Зеро мо чор оила дар 8 садяк замин зиндагӣ мекунем.
Прокуратураи вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба беш аз 100 санади ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ эътирози прокурорӣ оварда, 1500 гектар заминеро, ки дар онҳо иншооти худсарона бунёд кардаанд, ба ҳолати аввала баргардонд. Ин натиҷа боиси таҳсин аст. Вале, суоли матраҳ ин аст, ки масъулони бемасъулият кай аз харидуфурӯши замин даст мекашанд? Калимаҳои доллар, завлона ва маҳкама дигар дар як радиф зикр намегарданд ва ба фаҳми мардум кай мерасад, ки замини наздиҳавлигӣ дар Тоҷикистон фурӯшӣ аст? 
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2015    №: 206    Мутолиа карданд: 725
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед