logo

ҳуқуқ

ҲАМБАСТАГИВУ ҲАМКОРӢ МЕБОЯД

29 сентябри соли равон, пас аз он ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералиро қонеъ гардонда, ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти ифротӣ (экстремистӣ) - террористӣ эътироф намуда, фаъолияташро қатъ гардонд, дар ҷомеа пурсишҳо дар мавриди тақдири ояндаи аъзои қатории ҳизб пайдо шуданд. Баъзе шахсони манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои иғвоангез аз шабакаи ҷаҳонии интернет истифода бурда, мехостанд дар дили мардум тарсу ҳарос ҷой кунанд. Аммо, маълум мешавад, ки мардуми таҷрибадидаи мо ба ин фитнаҳо дода намешаванд.
Ахиран Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки вақтҳои охир муроҷиати шаҳрвандон ба ин ниҳод зиёд шудааст ва онҳо дар мавриди тақдири минбаъдаи собиқ аъзои ҲНИТ маълумот гирифтан мехоҳанд. Мепурсанд, ки оё онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё не. Дар шарҳи ВКД омадааст: шахсоне, ки ихтиёран аз аъзогии ин ҳизб баромада ва баъди манъ кардани фаъолияти ҳизб ҳамкориро бо он қатъ намудаанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори онҳо таркиби ҷиноят дида намешавад, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Аз онҳое, ки то кунун ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аъзои ин ҳизб буданро доранд, дархост шудааст, ки ҳуҷҷатҳояшонро ба сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятии Вазорати адлия ё шуъбаҳои ВКД бо пешниҳоди ариза супоранд.
Маврид ба зикр аст, ки агар аъзои қатории ҲНИТ дархости ВКД-ро иҷро карда, расман аз ҳамкорӣ бо он даст кашанд, ин гувоҳи он мешавад, ки онҳо аз доираи қонун берун нарафтаанд. Дар натиҷа ягон пайгирӣ аз ҷониби мақомот сурат намегирад. Ҳамин тариқ, собиқ аъзои ҲНИТ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи Тоҷикистон, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Ихтиёран ва сари вақт супурдани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аъзои ҳизб аз тарафи собиқ аъзои ҲНИТ на танҳо ба манфиати худи онҳост, балки ба фоидаи миллат ва давлат низ ҳаст. Дар ин ҳолат бадхоҳони миллат имконияти фитна андохтанро аз даст медиҳанд ва суботу оромии ҷомеа таъмин гардида, раванди рушду созандагӣ дар ватан халалдор намегардад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки рақобати абарқудратҳо ба авҷи аълои худ расидааст, ҳар як қадами нодурусти мо сабаби дастдарозии онҳо ба кишварамон шуда метавонад. Дар ҷараёни ин муборизаву рақобати худ барои расидан ба ҳадафҳои геополитикиашон абарқудратҳо ба ҳеҷ кас раҳм намекунанд. Ҳодисаҳои Сурия, Либия, Афғонистон ва Украина далели ин гуфтаҳост. Дар ин кишварҳо оташи ҷанг кӯдаку наврас, ҷавону пир, модару фарзандро ба коми худ кашида, шаҳрҳои бутунро ба харобазор табдил додааст. Бинобар ин, дар вазъияти баамаломада умед ва бовари мо бар ин аст, ки собиқ аъзои ҲНИТ бо дарки амиқи масъулияти ватандорӣ аз иштирок дар фаъолияти ин ҳизби мамнуъшуда даст мекашанд ва ба дигар ҳизбҳои расмӣ пайваста, дар раванди созандагии ватани азизамон фаъолона иштирок мекунанд. Мақомоти дахлдори давлатӣ дар навбати худ ба онҳо ҳамаҷониба ёрӣ расонда, барои фаъолияти қонунии минбаъдаашон дар ҳизбҳои амалкунандаи кишвар шароити мусоид фароҳам меоранд. Ин ҳамкориву ҳамбастагӣ боиси рушди устувори ватани мо мешавад. Танҳо бо ҳамин ҳамбастагӣ ва ҳамкории зич, дар шароити имрӯза, метавон ислоҳоти дурусти созанда гузаронд, ки дар навбати худ иқтисоди мо рақобатпазир гашта, имкони ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ пайдо мегардад.

Меҳр СОБИРИЁН,
Маркази омӯзиши равандҳои муосир
ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.10.2015    №: 207    Мутолиа карданд: 466

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед