logo

ҳуқуқ

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК МЕЪЁР ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ОН

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия кардани наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Сарвари давлат бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад.
Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  андешаҳояшро оид ба зарурати таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, меъ-ёр ва самтҳои фаъолияти он дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин баён намуд:
- Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз аввалин кишварҳои пасошӯравист, ки Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонда, як қатор уҳдадориҳои байналмилалиро оид ба ҳифзи он ба зимма гирифт. Баҳри таҳкими таъмини ҳуқуқи кӯдакон, зери ғамхории махсуси давлат қарор додан, дар муҳити оилавӣ таълим ва тарбия ёфтани онҳо барномаҳои вижа роҳандозӣ гардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонда шуданд. Бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ бобати дастгирии оилаву кӯдак ва ислоҳоти низоми идоракунии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи маънавию ҷисмонии онҳо соли 2008 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд.
Дар доираи  уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар сохтори Вазорати адлияи кишвар шуъбаи адлияи ювеналӣ ва дар сохтори дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак таъсис ёфта, фаъолият намуда истодаанд. Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди демографӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак зарурати таъсис додани мақоми махсус - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба миён омад.
Дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ зикр гардидаанд, банди алоҳида (банди 5) вобаста ба масъалаи таъсис додани институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пешбинӣ гардид. Бо ин мақсад гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд.
Гурӯҳи корӣ масъалаи мазкурро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, таҷрибаи байналмилалиро омӯхта,  бо дарназардошти хусусиятҳои Тоҷикистон мувофиқи мақсад донист, ки ин мансаб ба сифати муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Зеро чунин таҷриба, яъне дар якҷоягӣ бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки имкониятҳои зарурӣ дорад, боиси пешгирӣ намудани хароҷоти иловагӣ вобаста ба таъсиси институти алоҳида мегардад.
Ин пешниҳоди гурӯҳи корӣ дастгирӣ ёфт. Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Вазорати адлия дастур дода шуд, ки барои ба танзим даровардани фаъолияти ин ниҳод санади дахлдор таҳия намояд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин якчанд лоиҳаи вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба қонунҳои амалкунандаро вобаста ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо лоиҳаҳо такмил ва ҷиҳати баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол шуданд.
Тибқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда барои амалӣ гардондани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак кафолатҳои ҳуқуқӣ ва моддию иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳамзамон, ин ниҳод зимни амалӣ гардондани фаъолияташ комилан мустақил буда, барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи кӯдак, такмили қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мазкур мусоидат менамояд. Аз он  ваколатҳое, ки қонун барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешбинӣ намудааст, истифода мебарад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.10.2015    №: 207    Мутолиа карданд: 506

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед