logo

ҳуқуқ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА БЕСАРУСОМОНӢ ДАР САБТИ АСНОД ХОТИМА МЕБАХШАД

Дар 9 моҳи соли равон наздики 20 ҳазору 500 нафар шаҳрванд  барои иваз кардани ному насаби худ ба идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳазор нафар бештар аст.
Мавзӯи матраҳ ин аст, ки аксаран барои ислоҳи номҳои қаблан  хато сабтшудаашон ва гурӯҳи дигар барои иваз намудани номи барояшон номуносиб муроҷиат менамоянд, ки ин, албатта, мавриди ташвиш буда, ҳалли бетаъхири худро тақозо мекунад.
 Ҷӯрахон Ғозиев, раиси дастгоҳи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия, мегӯяд, ки аксари шаҳрвандон дар мавриди дуруст навиштани ному насаб ва иваз кардани ном ба ниҳодҳои зерсохтории мо дар маҳал муроҷиат менамоянд.
- «Агар шаҳрванд хоҳад, ки ному насабашро иваз намояд, аввал ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷамоату деҳот, ё бахше, ки маълумоти нахустинро ба қайд гирифтааст, муроҷиат менамояд. Баъди дар қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ иваз ё дуруст кардани ному насаб шаҳодатномаи навро гирифта, ба шуъбаи шиносномадиҳии шуъбаи корҳои дохилии маҳали зисташ муроҷиат менамояд. Муҳлати охирини табдили сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ то се моҳ пешбинӣ гардидааст. Расман бояд давоми як моҳ дода шавад. Ин ҷо ташвиши дигар лозим нест», - гуфт Ҷӯрахон  Ғозиев.
Яке аз сабабҳои муроҷиати шаҳрвандон барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз номҳои худ даст кашидан мебошад. Баъди ба балоғат расидан фарзандон ба маънои исми худ сарфаҳм рафта, аз он хиҷолат мекашанд. Барои мисол, мардум аз номҳои Табаралӣ, Достӣ, Мусибат, Ханҷар, Корчабой, Санг, Бодом, Истад, Кенҷа ва ғайра даст кашида истодаанд.
Сабаби дигари муроҷиати шаҳрвандон барои ивази ном, сабти нодурусти  насаб ва санаи таваллуд мебошад. Кӯчактарин хато ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи таваллуди тифл ҳини бузург шудан ва гирифтани шиноснома  ба мушкили гарон табдил меёбад.
- «Ин ҳолат бештар дар маҳалҳо ба назар мерасад, - мегӯяд Ҷ. Ғозиев. - Сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар деҳот ба зимаи яке аз кормандони ҷамоат вогузор шудааст, ки  маълумоти тахассусии ҳуқуқшиносӣ надоранд. Ин ҳолат боиси он мегардад, ки ному насаб бо ғалатҳои зиёд навишта мешавад.  Котибони ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо чунин як вазифаи муҳимро ба уҳдаи кормандони техникӣ, ё ғайритахассусӣ мегузоранд. Ин маълумотҳо дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо ҳамон иштибоҳ қайд мегарданд ва бо ҳамин хато шиноснома дода мешавад. Вазорати адлия салоҳияти назорат аз болои фаъолияти ҷамоатҳоро надорад».
Бо назардошти мушкилоти мавҷуда Вазорати адлия тасмим гирифтааст, ки аз моҳи январи соли оянда дар тамоми ҷамоати деҳоту  шаҳракҳо шаҳру навоҳии кишвар шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба роҳ монад ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқро ба ин кор ҷалб намояд. Ин шуъбаҳо дар назди САҲШ шаҳру ноҳияҳо таъсис ёфта, ба Вазорати адлия тобеъ хоҳанд буд. Умед аст, ки пас аз таъсиси ин шуъбаҳо, мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро меёбанд. 

С. ҲАРАМГУЛ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2015    №: 208    Мутолиа карданд: 2186

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед