logo

ҳуқуқ

ҚАРЗ ВА ФАРЗ

Ба касе пӯшида нест, ки таҳдидҳои аз нав ноором сохтани вазъи ҷомеа  дар зери таъсири  ҳодисаҳои ҷаҳонӣ торафт равшантар ба мушоҳида мерасанд. Дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми сайёра раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст. Дар чунин вазъи мураккаб ба ҳар фарди кишвар ҳушёрии сиёсӣ, мафкураи устувори ҷомеа, дарки баланди ватандӯстию худшиносии миллӣ зарур аст.
Вобаста ба паҳн шудани терроризм ва амалҳои экстремистӣ тайи солҳои охир инъикоси мавзӯъҳои муқовимат бо гурӯҳҳое, ки  фаъолияти онҳо ба ҳадафҳои беобрӯ ва паст задани сиёсати давлат дар дохили кишвар ва арсаи ҷаҳонӣ, ворид намудани ғояҳои бегона, ҷангҷӯёна, ифротгароӣ, тундгароӣ, коҳиш додани нуфузи давлати Тоҷикистон дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо ва барномаҳои радиову телевизиони давлатию ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле маъмул гашт. Дар ин замина муҳокимаю андешарониҳои хабарнигорон дар сатҳҳои гуногун ва таклифу пешниҳоди мухталиф авҷ гирифт, ки дар маркази таваҷҷуҳи онҳо бахусус баҳо додан ба амалҳои ифротгароёнаи иттиҳоди экстремистии “Салафия”, ақидаҳои моҷароҷӯёна ва иғвоангезонаи саркардагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  ва тарафдорони онҳо меистод. Дар нашрияҳои  расмии давлатию ғайридавлатӣ чоп намудани фикру мулоҳизот ва тавсияю пешниҳодҳои шахсони обрӯманд, ходимони дин ва ҷавонону наврасон дар мавзӯъҳои арҷгузорӣ ба фазилатҳои дини мубини ислом, пешгирии шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ҷараёнҳои хатарнок, аз ҷумла “Ваҳҳобия”, “Салафия”, “Ҳизб - ут-таҳрир”, “Байъат” ва “Ҳаракати исломии Туркистон”,  мунтазам ташкил карда шаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондааст, аз хурд то калон мафҳуми “терроризм” ва то кадом андоза хатарзо будани онро барои инсоният равшан дарк менамоянд. Равияҳои экстремизм, фундаментализм ва радикализм хатарҳои умумибашариянд, ки барои ошкор ва решакан намудани онҳо неруи якҷояи халқияту миллатҳои ҷаҳон зарур аст ва он  вазифаи ниҳодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ низ дониста шудааст.  
Тадбири дигари расидан ба ҳадафҳои ниҳоии муқовимат ба амалҳои террористӣ танзими муносибатҳои байни идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои динӣ маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад мунтазам гузарондани санҷишу рейдҳои муштараки мақомоти прокуратура, Вазорати фарҳанг, кумитаҳои забон ва истилоҳот, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари марбута оид ба ҳифзи бозори иттилоотии дохилӣ аз маҳсулоти чопӣ, видео ва аудиои экстремистӣ аз манфиат холӣ нест. Зеро имрӯзҳо дар мағозаю нуқтаҳои савдо фурӯши  ғайриқонунии адабиёти динӣ, китобҳои ба стандарту талаботи қонунгузориҳои табъу нашр ҷавобгӯ набуда ва тарғибкунандаи ғояҳои бегона ба мушоҳида мерасанд, ки хилофи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табъу нашр” ва «Дар бораи озодии виҷдон  ва  иттиҳодияҳои динӣ»  мебошанд. Дар ин самт  имрӯзҳо фаъолияти мақомоти прокуратураи  ҷумҳурӣ ба иҷрои қарори ҷаласаи Шӯрои  ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои пешгирӣ ва огоҳкунии шомилшавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи диниву мазҳабӣ дар кишварҳои хориҷӣ, сабаб ва омилҳои ба ин амалҳо мусоидаткунанда ва роҳҳои минбаъдаи бартараф кардани ин омилҳо равона шудааст.
Ҳамин тавр, қарзи ватандӯстонаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар аз он иборат аст, ки дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу  ваҳдати  миллӣ, таъмини  якгонагии Тоҷикистони азиз  бо  такя ба  неруи  ақлу  заковат  ва  донишу истеъдоди  худ  саҳми  арзанда   дошта бошад.
Ин маъниро Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барҳақ, хеле нозукбинона ва дурандешона баён намудааст: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо меваи ширину сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».                

Атохуҷа  ҒОИБНАЗАРЗОДА,
прокурори калони Раёсати назорати  иҷрои қонунгузории андоз ва
гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2015    №: 208    Мутолиа карданд: 770

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед