logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Аксел Шиммелпфенниг

12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари гурӯҳи ваколатдори Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро, ки барои иштирок дар конфронси навбатии кишварҳо ва созмонҳои мададрасони Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Хазинаи байналмилалии асъор барои таъин намудани 116 миллион доллари ИМА кӯмаки молиявӣ ба Тоҷикистон, ки 40 миллионаш соли равон ҷудо мегардад, арзи сипос кард ва ҳамчунин аз дастгирӣ ёфтани дархости Тоҷикистон оид ба зиёд намудани ҳаҷми кӯмакҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.
Аксел Шиммелпфенниг изҳор дошт, ки баъди мушоҳидаи натиҷаҳои кунунии Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи байналмилалии асъор амалӣ мегардад, аз моҳи сентябри соли равон хазина метавонад кӯмаки дуюми молиявии худро дар ҳаҷми 30 миллион доллар ҷудо намояд.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба роҳҳои дигари кӯмакрасонӣ ба Тоҷикистон, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ дар кишвар ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯ намуданд.
Таъкид гардид, ки оид ба муайян намудани ҳаҷми кӯмакҳои нави молиявию техникӣ ба Тоҷикистон дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва баҳри татбиқи босамари барномаю лоиҳаҳои имрӯзаю оянда гуфтугӯҳои судманд 13 май дар мулоқоти роҳбарони сохторҳои дахлдори мамлакат  бо намояндагони созмонҳою кишварҳои мададрасон сурат мегирад.

www.president.tj

х х х
-Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) охири моҳи апрел барномаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани қарзро дар ҳаҷми 116 миллион доллар тасдиқ намуд, ки бар асоси он аз ҷумлаи ин маблағ 40 миллион доллараш соли равон ба кишвари мо интиқол дода мешавад.
Дар ин бора Аксел Шиммелпфенниг, роҳбари гурӯҳи ваколатдори ХБА оид ба Тоҷикистон, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Вазифаи мо иборат аз он аст, ки вазъи феълии иқтисодиёти Тоҷикистонро дақиқ муайян намуда, якҷо бо Ҳукумат оид ба сиёсати иқтисодӣ тадбирҳои муассир андешем. Мутаассифона, тавре ки аз мушоҳидаҳои мо бармеояд, дар давоми семоҳаи аввали соли 2009 интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик ба андозаи 30 дар сад коҳиш ёфт. Рушди иқтисодиёт бошад дар ҳамин давра ба андозаи 3,5 дар сад поён рафт.
Аксел Шиммелпфенниг иллати ин амрро ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва кишварҳои шарики он маънидод кард.
Роҳбари гурӯҳи ваколатдори ХБА оид ба Тоҷикистон дар бораи Барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳарф зада, аз ҷумла гуфт, ки тадбирҳои дар барнома андешидашуда ҷиҳати ҳалли масоили мубрами иқтисодиёти Тоҷикистон хеле муҳим мебошанд. Дар соҳаи макроиқтисодӣ ин тадбирҳо ба барномаи аз ҷониби ХБА ва шӯрои иҷроияи он тасдиқгардида пурра мувофиқат мекунанд.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 579

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед