logo

порлумон

ТАСДИҚИ ДУ СОЗИШНОМА ВА ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чор қонуни ҶумҳурииТоҷикистон, ду созишнома ва як Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расид.

Дар фурудгоҳ манораи назоратӣ қомат меафрозад
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, зимни ташреҳи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ - диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе иброз дошт, ки он ҷиҳати таъмини амнияти парвози тайёраҳо аҳамияти муҳим дорад. Лоиҳа аз ҷониби Фаронса таҳия гардида, ба меъёрҳои  сохт- монии Тоҷикистон мутобиқ аст.
Баландии манора 36 метр буда, ба 9 дараҷаи заминҷунбӣ тобовар аст. Масоҳаташ 15 бар 15 метр ва муҳлати сохтмон  15 моҳ мебошад. Сохтори он ба манораҳои назоратӣ - диспетчерии Ҷопон, қасри Британияи Кабир, Барселонаи Испания, манораи телевизиони Банҷуи Чин ва муҷассама дар Олмон шабоҳат дорад. Айни ҳол ҷониби Фаронса оид ба интихоби ширкати пудратчӣ - паймонкори лоиҳа озмун эълон намудааст. Дар марҳалаи сохт- мон ба зиммаи ҷониби Тоҷикистон як қатор уҳдадориҳо, аз ҷумла кӯчондани шабакаҳои муҳандисии мавҷуда, тозакунии майдони сохтмон, таъмини амнияти нигоҳдории иншоот, таҳмил, насб ва ба истифода додани таҷҳизоти аэронавигатсионӣ, антенаҳои алоқавӣ барои идораи ҳаракати ҳавоӣ ва телевизионӣ ва дастгоҳҳои телефонӣ, вогузор шудааст.

Бозсозии нақби «Истиқлол» идома меёбад
Зимни баррасии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол», Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёт, зикр кард, ки сохтмони нақб ҳанӯз аз соли 1988 оғоз гардида, то соли 2003 идома ёфт ва корҳои сохтмонӣ ба маблағи 10 миллион доллар иҷро гардид. Сипас корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати «Собир»-и Эрон моҳи январи соли 2004  ба маблағи 39 миллион доллар, аз ҷумла саҳми Эрон 21,2 миллион доллар қарз ва 10 миллион доллар грант ва саҳми Тоҷикистон 7,8 миллион доллар, идома ёфт. Моҳи декабри соли 2010 аз сабаби норасоии маблағ корҳои сохтмонӣ қатъ гардиданд. Ҷиҳати анҷом додани корҳои боқимонда 4 сентябри соли 2011 Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҷонибҳо ба маблағи 6 миллион доллар ба имзо расид. Моҳи декабри соли 2011 ширкати «Собир» корҳоро оғоз намуд. Бо сабаби пайдо гаштани корҳои барқарорсозии иловагӣ ва азнавсозии канали заҳкаши обпарто дар нақби ҳаводиҳанда ба масофаи 1605 метр, корҳои оббастӣ, кандани чоҳҳои заҳкаши иловагӣ дар деворҳои нақби асосӣ ва бардоштани сатҳи бетони фарши нақби нақлиётӣ лоиҳа ба маблағи 9 миллиону 398 ҳазор доллар аз нав таҳия гардид.
Барои иҷрои корҳои сохтмонии боқимонда, бо назардошти маблағи дар суратҳисоб буда, боз 5 милиону 998 ҳазор доллар лозим шуд. Дар робита ба ин, 7 июли соли 2015 дар заминаи мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 5900 ҳазор доллар ба имзо расид, ки он 50 дарсадӣ буда, 2950 ҳазор доллар аз ҳисоби маблағҳои буҷети Тоҷикистон ва 2950 ҳазор доллар аз ҳисоби кумаки бебозгашти ҷониби Эрон мебошад.
Ба гуфти вазир, танҳо барои корҳои сохтмонии нақб то ба имрӯз 61 миллион доллар равона шудааст.

Воситаҳои нақлиётӣ боздошт мешаванд, агар…
Икром Умарзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, зимни баррасии ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» иброз дошт, ки мақсади он таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад. Бинобар ин, дар сархати якуми банди «б»-и моддаи 31 қонуни мазкур меъёри алоҳида ворид мегардад, ки тибқи он воситаҳои нақлиётие, ки бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодабарии муҳлати эътиборнокиашон гузашта идора менамоянд, боздошт шуда, то бартараф кардани камбудиҳои мазкур дар истгоҳҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

Боҷи давлатӣ зимни хариду фурӯши автомобил меафзояд
Дар ҷаласа, ҳамчунин лоиҳаи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз тарафи вакилон тасдиқ гардид.
Маҳмадсаид Саидзода, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, зимни ташреҳи қонуни мазкур гуфт, ки он ҷиҳати пешгирӣ намудани хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тариқи ваколатнома, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар ошкоркунии ҷиноятҳо бо истифода аз воситаҳои нақлиёт содиршаванда, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти маркази низоми худкори идоракунии нақлиёт- «Шаҳри бехатар», инчунин аз байн бурдани баҳсҳо оид ба иҷрои таъйини ҷаримаи маъмурӣ ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Назар ба гуфтаи М. Саидзода, мувофиқи қонунгузорӣ доираи шахсони истифодабарандаи воситаҳои нақлиёт тибқи ваколатнома номаҳдуд буда, ин ҳолат барои ошкорсозии ҷиноятҳо бо истифода аз воситаҳои нақлиёт ва муайян намудани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт мегардад, душворӣ ба миён овардааст. Аз рӯзи фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт - «Шаҳри бехатар» 5500 таъйини ҷарима ба маблағи 1 миллион сомонӣ, бинобар муайян нагаштани шахси идоракунандаи воситаи нақлиёт мавриди баҳс қарор дорад. Лоиҳаи мазкур зиёд намудани андози боҷи давлатиро барои анҷом додани тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва ё ихтиёрдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз 2 ба 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ намудааст. Қабули лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки хариду фурӯши воситаҳои нақлиёт аз тариқи ваколатнома коҳиш дода шавад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2015    №: 213    Мутолиа карданд: 4259

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед