logo

маориф

ТЕЪДОДИ ХОНАНДАГОН ДАР МАКТАБ - ИНТЕРНАТҲО МЕАФЗОЯД. ЧАРО?

Солҳои охир тамоюли супурдани фарзандон ба мактаб - интернатҳо зиёд шудааст. Сабаб ва омилҳои он дар чист? Дар посух ба ин савол Саид Нуриддин, вазири маориф ва илми мамлакат, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иброз дошт, ки соли таҳсили 2011 - 2012 дар Тоҷикистон шумораи ятимон, ки аз парастории волидон ва ё яке аз онҳо маҳрум шудаанд, 70231 нафарро ташкил медод. Солҳои таҳсили 2012 - 2013 ин рақам ба 64316,  солҳои 2013 - 2014 ба 51160 ва 2014 - 2015 ба 46218 нафар расид. Тавре бармеояд, теъдоди кӯдаконе, ки аз васоят маҳрум шудаанд, сол ба сол кам мегардад.
Ҳоло теъдоди мактаб - интернатҳо дар ҷумҳурӣ ба 84 адад мерасад, ки аз он 14- тоаш ҷумҳуриявӣ буда, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисашон аст. Муассиси  мактаб - интернатҳои боқимонда мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Назар ба гуфтаи вазир, агар дар соли хониши 2011-2012 дар мактаб- интернатҳо 9662 кӯдак ба таҳсил фаро гирифта мешуд, ҳоло теъдоди онҳо беш аз 12 ҳазор аст. Омили асосии зиёдшавии кӯдакон дар мактаб - интернатҳо қабули онҳо аз оилаҳои камбизоат мебошад. Дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаро гирифтани кӯдакон ба мактаб-интернатҳо ба тасвиб расидааст.
Саид Нуриддин зикр кард, ки қисми асосии бошандагони мактаб-интернатҳо аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Бо дастгирии Сарвари давлат ду сол инҷониб барои таъмири мактаб - интернатҳо 35 миллион сомонӣ ҷудо мегардад. Хусусан мактаб- интернатҳои ҷумҳуриявӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ пурра таъмин шуданд. Низоми таълим дар ин муассисаҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Бинобар ин, талабот ба онҳо хеле зиёд мебошад. Баъзан ҳолатҳое рух медиҳанд, ки падару модар аз ҳам ҷудо шуда, таълиму тарбияи фарзандонро ҳеҷ кадоме ба гардан намегирад ва онҳоро ба мактаб - интернатҳо месупоранд.
Дар деҳоти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мактабҳои камнуфус дорем, ки теъдоди хонандагон аз 15 то 30 нафар аст. Азбаски дар ин деҳаҳо мактабҳои асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ нест, хонандагонро ба мактаб-интернатҳо меоранд. Ҳамин гуна мактаб - интернати президентӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони деҳоти дараи Бартанг дар ноҳияи Рӯшон сохта шудааст.
Ба андешаи вазири маориф ва илм, омили дигари зиёд шудани хонандагон дар мактаб - интернатҳо  ин аст ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар барои кӯдакони ятим, хусусан ятимони кул, дар бонкҳо суратҳисоб кушода шуда, маблағҳои муайян ба номашон ворид мегардад. Бинобар ин,  бештар кӯдакони ятимеро, ки дар тарбияи бобо ё бибианд, ба мактаб - интернатҳо месупоранд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2015    №: 214    Мутолиа карданд: 745

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед