logo

ҳуқуқ

ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ: БОЗ ДАР БОРАИ ҲИСОБҲОИ БЕҲИСОБ

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар мақомоти омор, андоз, сари вақт ҳисоб кардан ва пардохт намудани  андозҳоро  дар шаҳру навоҳии вилоят мавриди санҷиш қарор дод.

Санҷишҳо нишон доданд, ки байни  маълумоти  мақомоти омор,   андоз ва идораи замини вилоят вобаста ба таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва вазъи бақайдгирии давлатии онҳо  фарқияти зиёд ҷой дорад.  Аз ҷумла, агар дар мақомоти андози вилоят то 1 августи соли равон 44938 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар идораи замин 62411 хоҷагии деҳқонӣ сабт  шудааст. Яке аз сабабҳои асосии сари вақт дар мақомоти андоз ба қайд нагирифтани хоҷагиҳои деҳқонии навтаъсис,  назорати сусти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар маҳал ва набудани ҳамкорию ҳамоҳангсозии фаъолияти  ин мақомот мебошад. Сабаби дигар,  дар он аст, ки нозирони мутасаддии нозироти андоз  ва  дигар мақомоти марбута ба иҷрои вазифаи хидматиашон бо ҳисси масъулият муносибат накарда, қонуншиканиҳоро ошкор ва пешгирӣ насохта, нисбат ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии бе қайди андоз фаъолиятдошта чораҳои зарурӣ наандешидаанд.
Ҳамчунин, ҳолатҳои зиёди бидуни бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз ва омор фаъолият доштани хоҷагиҳои деҳқонӣ ошкор гардид. Маълум гашт, ки 12179  хоҷагии деҳқонӣ пас аз таъсисёбӣ бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти  ҳудудии  андоз  фаъолият  дошта, ҳисоботи андоз  ва омори давлатиро пешниҳод накарда, ба  андозбандӣ   ҷалб  нашудаанд. Масалан, С. Қурбонов, сокини ноҳияи Ховалинг, аз 8 июли соли 2009 дар майдони 0,82 гектар хоҷагии деҳқонии «Тоҳиров  С» - ро ташкил карда, онро дар нозироти андоз ба қайд нагузошта, фаъолият намудааст.  Дар натиҷаи хунукназарии масъулони соҳа дар шаҳру ноҳияҳои Вахш - 1438, Муъминобод - 1076, Ҷалолиддини Румӣ - 973, Восеъ - 931, Шӯрообод - 910, Ховалинг - 887, Панҷ - 835, Кӯлоб - 707, Ёвон - 679, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - 565, Шаҳритуз - 494, Абдураҳмони Ҷомӣ - 450, Данғара - 380, Носири Хусрав - 351, Хуросон - 347, Фархор - 345, Ҷиликӯл - 336, Темурмалик - 155 ва  Қубодиён - 138  хоҷагии деҳқонӣ дар мақомоти ҳудудии андоз ба қайд гирифта нашуда, бар хилофи талаботи  қонунгузории  андоз  фаъолият  доранд.
Санҷиши фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз тарафи дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ нишон дод, ки фарқият байни маълумоти бахши бақайдгирии давлатӣ ва идораи замин 973 хоҷагии деҳқониро ташкил медиҳад. Сабаби асосии дар қайд набудани ин хоҷагиҳои деҳқонӣ дар он мебошад, ки аз ҷониби муассисаи татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замини минтақаи Вахш ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти хоҷагиҳои калони кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ, дар маҳал хоҷагиҳо ҷудо нашуда, хоҷагиҳои деҳқонии навтаъсис то ба ҳол дар  ҳайати  хоҷагиҳои  таҷдидшуда  фаъолият доранд. Дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Вахш, Шӯрообод, Темурмалик ва шаҳри Кӯлоб хоҷагидорон на танҳо аз гирифтани ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунандаи истифодаи замин ва бақайдгирӣ дар мақомоти андоз худдорӣ мекунанд, балки аз саҳми замин низ даст кашида истодаанд. Хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, оилавӣ эҳсос кардаанд, ки дар заминҳои хурд мустақилона фаъолият кардан  мушкил буда, самараи дилхоҳ намедиҳад. Аз ин рӯ, якчанд хоҷагӣ сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро ихтиёран супурда, ба хоҷагиҳои ягона  муттаҳид   шуда, фаъолият  карда  истодаанд.
Мисоли дигар. Бо қарорҳои раиси ноҳияи  Ҷалолиддини  Румӣ,  аз 30 сентябри соли 2013, дар заминаи Кооперативи истеҳсолии «Т. Исанқулов» ва дигар хоҷагиҳо 825 хоҷагии деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ ташкил  шудааст. Аммо ин хоҷагиҳои навтаъсис дар  алоҳидагӣ  фаъолият накарда, дар ҳайати хоҷагиҳои кишоварзии  ягона  чун  пештара  фаъолият менамоянд.  Дар ноҳияи Ҷиликӯл як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ дар алоҳидагӣ сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро гирифта бошанд ҳам, бинобар хешу табор ё аъзои як оила будан, инчунин бад будани вазъи молиявию иқтисодӣ хоҳиши алоҳида ташкил намудани хоҷагии деҳқониро надоранд.
Дар ноҳияи Вахш низ 259 хоҷагии деҳқонӣ мисли пештара бо хоҷагии таҷдидшуда якҷо фаъолият карда, дар мақомоти андоз ва омор ба қайд гирифта нашудаанд. Бинобар тақсимоти нодурусти қитъаҳои замини хоҷагиҳои калони таҷдидшуда дар ноҳияи Кӯлоб ва аз тарафи комиссияи таҷдид ба инобат нагирифтани хоҳиши саҳмдорон, 207 хоҷагии деҳқонии навтаъсис дар мақомоти андоз ва омор  ба қайд гирифта  нашуда,  ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд.
Дар ноҳияи Темурмалик бо қарори раиси ноҳия 3 декабри соли 2008 дар заминаи як хоҷагӣ 156 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфта бошад ҳам, аксарият сертификати ҳуқуқи истифодаи замин надоранд. Баъзе аъзои ин хоҷагиҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, қитъаҳои заминро истифода набурдаанд. Ҳолатҳои бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз фаъолият доштани хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияҳои Бохтар, Шаҳритуз, Қубодиён Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ ва Муъминобод низ ба мушоҳида расид. Барои рафъи  камбудиҳои ҷойдошта ба мақомоти дахлдор 29 пешниҳод ва 18 амр ирсол гардида, нисбат ба 193 нафар парвандаи  ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ оғоз  шудааст. Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ ва бо роҳи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ 1002 хоҷагии деҳқонӣ ба қайди андоз гузошта шуд. 
Санҷишҳо нишон доданд, ки таъмини иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ, бахусус аз мадди назари масъулони нозироти андоз, дур  мондааст. Ба роҳбарияти мақомоти ҳудудии андоз дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ зарур аст, ки ҷиҳати рафъи камбудию норасоиҳои дар ин самт ҷойдошта ва ҳарчи зудтар ба андозбандӣ  ҷалб  намудани  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  тамоми тадбирҳоро андешида, масъалаи  мазкурро  таҳти назорати  доимӣ  қарор  диҳанд.

Сайдалӣ БОБОЗОДА, 
сардори шуъбаи назорати
иҷрои қонунгузории андоз ва гумруки прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2015    №: 215    Мутолиа карданд: 510

22.11.2018


Баррасии таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Вохӯрии Ҷамолиддин Убайдулло бо Патрис Вершер

Бахшида ба 25 - солагии баимзорасии аҳдномаи дӯстӣ намоишгоҳ доир мегардад

Баргузории машварати Шӯрои Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

МАСТЧОҲ. Рӯ ба рушд

Ҳукми абад ба гунаҳгоршавандаи асосии парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои ИДМ мубодилаи маълумот оид ба террористон мекунанд

Назарбоев: «Мактабҳоро аз тафтишҳои бешумор ҳимоя бояд кард»

Дар Чин миқёси ислоҳоти моликияти давлатӣ густурдатар мегардад

Москва ва Пекин барои парвоз ба Миррих якҷоя мушак месозанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед