logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН ДАСТ БА ҶИНОЯТ МЕЗАНАНД. ЧАРО?

Наврасону ҷавонон наздик ба ҳафтод дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, ҳамчун қишри неруманд ва ояндасози ҷомеа эътироф гаштаанд. Бо вуҷуди муҳайё сохтани тамоми шароит барои таълиму тарбияи онҳо ва қабули қонуну қарорҳои дахлдор ҳанӯз ҳам ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон аз масъалаҳои доғи рӯз боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 561 ҳолати ба ҷиноят даст задани ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои содиршуда 90 ҷиноят ба гурӯҳҳои муташаккил тааллуқ дорад.    
Ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, полковник Давлат Назаров, фаъолияти ҷиноятии ноболиғон якбора сурат намегирад. Дар роҳи ҳамчун ҷинояткор ташаккул ёфтани онҳо муҳит ва муносибати хунукназаронаи атрофиён нақши муҳим мебозад. Нахуст баъзе наврасону ҷавонон шояд касеро дашном диҳанд, ҷои ҷамъиятиро ифлос кунанд, ба мактаб ҳозир нашаванд, ки инҳо аломатҳои хурдтарини ҷиноят маҳсуб меёбанд. Агар ин амалҳо дар натиҷаи беназоративу беэътиноӣ аз ҷониби падару модар ва омӯзгорон пешгирӣ карда нашавад, ҳатман онҳо ба амалҳои хусусияти ҷиноятӣ дошта даст мезананд.
Ҷои таассуф аст, ки аксари наврасони ҷиноятсодирнамуда ба таҳсили ҳатмии нуҳсола ва шуғли мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноболиғон пешбинишуда фаро гирифта нашудаанд. Дар вазъи кунунии ҷомеаи мо, ки таваҷҷуҳ ба мактабу маориф дучанд афзудааст, аз таҳсил дур мондани ҷавонон нигаронкунанда мебошад. Ҳол он ки ба таҳсили ҳатмӣ фаро гирифта нашудани фарзанд ҷавобгарии қонунии падару модарро талаб мекунад.
- Масъалаи ташвишовари дигар ба ҷони худ суиқасд намудани ноболиғон аст. Соли ҷорӣ 32 писар ва 41 духтар ба худкушӣ даст задаанд. Ба андешаи равоншиносон, писарону духтарони ноболиғ, вақте ки дар симои падару модар дӯст, рафиқ ва ҳамрозу ҳамдами худро намеёбанд, ба гурӯҳҳои ҷинояткор пайваста, такягоҳу пуштибон меҷӯянд. Пас аз фирефтаи амалҳои онҳо шудан, ниҳоят худашон низ ҷиноят содир мекунанд. Вақте ба худ меоянд, дармеёбанд, ки аллакай зиндагӣ бемаъно ва ояндаи рӯзгорашон торику норӯшан гаштааст, - мегӯяд Давлат Назаров.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири ҳарчи бештар ба таълим фаро гирифтани хонандагон, ҳифзи саломатии онҳо ва самаранок истифода бурдани соатҳои дарсӣ ҳанӯз аз соли 2008 бо қарори махсус талабагон ва донишҷӯёнро аз корҳои саҳроӣ, бавижа ҷамъоварии пахта озод намуд. Аммо иддае аз падару модарон бо баҳонаи вазъи душвори иқтисодии оила фарзандонашонро аз донишомӯзӣ дур карда, онҳоро ба бозору марказҳои хизматрасонӣ барои боркашониву бозорнишинӣ, пулчинӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳатто корҳои вазнини ҷисмонӣ ҷалб менамоянд. Далели гуфтаҳои боло 1544 рейди гузарондаи Вазорати корҳои дохилӣ аст, ки дар натиҷаи он 1183 нафар машғули бозиҳои компютерӣ аз ҳисоби дарс, 636 нафар бо оворагардиву талбандагӣ, 396 нафар ҳангоми пулчинӣ дар нақлиёт, 300 нафар барои шустушӯи мошинҳо дар нуқтаҳои мамнӯъ, 156 нафар ҳини дуд додани испанд дар шоҳроҳҳои шаҳру вилоят ва 16 ноболиғи дигар дар ҳолати мастӣ дастгир гашта, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудаанд.
Мувофиқи гуфтаҳои намояндагони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД - и ҷумҳурӣ, бархе аз дастгиршудагон ҳатто худашонро муаррифӣ карда наметавонанд, яъне аз хату савод ва муошират дар байни ҷомеа дур мондаанд. Дар ин гуноҳи падару модарон бештар аст. Ҳол он ки аксари волидон барғалат таълиму тарбияи фарзандро ба дӯши мактабу омӯзгор ҳавола кардаанд. Мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  нисбат ба 7530 нафар падару модар санад тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардид. Аксари волидон пас аз пардохти маблағи ҷарима пушаймон мешаванд, ки ба ивази нисфи он маблағ метавонистанд сару либос ва лавозимоти хониши фарзандашонро таъмин кунанд.
Давлат Назаров барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон чунин пешниҳод намуд: дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакону наврасон - «Баҳористон» барномаҳои ҷолибу мувофиқ ба шавқу завқи кӯдакон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» намоиш дода шаванд, то ки онҳо аз одитарин маърифати ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд. Зеро насли имрӯз оинаи фардои мову шумоянд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2015    №: 216    Мутолиа карданд: 612

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед