logo

ҳуқуқ

ҲАМ БИДОНЕМ, ҲАМ ДӮСТ БИДОРЕМ

Конститутсияро на танҳо бояд донист, балки онро дӯст дошту эҳтиром гузошт. Ҷойи таассуф аст, ки ин талабот он тавр, ки бояд, бароварда намешавад. Ҳатто аксар омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон дар бораи сохтору моддаҳои алоҳидаи он маълумоти комил надоранд. Усулҳои омӯзишаш низ ҷавобгӯи меъёрҳои қабулгардида нестанд. Ҳол он ки дар омӯзиши бисёр фанҳои таълимӣ метавон самаранок аз он истифода кард.
Дар яке аз китобҳои дарсии «Забони модарӣ» - и солҳои пешин дар васфи Конститутсия, албатта, на Конститутсияи замони истиқлол, шеъри шоири шодравон Мирсаид Миршакар ҷой дода шуда буд, ки матлааш чунин аст:
Ба қонуни ҳақиқат месароям, то забон дорам,
Ба зидди душманонаш мебароям, то ки ҷон дорам.

Ин шеърро бо шукӯҳу тантанаи хос қироат мекарданд ва он дар боло бурдани ифтихори ватандорӣ таъсири мусбати худро мегузошт. Мутаассифона, ин гуна шеъри самимӣ ҳолиё дар васфи Сарқонуни замони истиқлол ба китобҳои дарсӣ роҳ наёфтаанд. 
Зарур аст бидонем, ки мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда чӣ масъулияту вазифа дорем. Ва инро барои мо танҳо Конститутсия бозгӯ мекунад.
Имрӯз аксар хонандагону донишҷӯён медонанд, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон: Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст. Аммо на барои ҳама возеҳ аст, ки онро моддаи 3 Конститутсия қонунӣ ва асоснок намудааст. Ин модда иборат аз як ҷумлаи содда ва фаҳмо мебошад: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Яъне хонанда ва донишҷӯ зимни як бор хондан ва ё баёни он моддаи мазкурро азёд мекунанд. Дар ин сурат иртиботаш бо Сарқонун қавитару ногусастанӣ мегардад. Омӯзгор метавонад ба шогирдон ин ҳақиқатро иброз бидорад, ки номи рамзҳо бо ҳарфи калон навишта мешаванд. Имрӯзҳо шоҳид мегардем, ки яке аз рамзҳоро, ҳатто дар рӯзномаҳову ҳафтаворҳо ва шабакаҳои телевизионӣ хато менависанд. Агар ба навишти рамзи «Суруди Миллӣ» беҳтар таваҷҷуҳ шавад, дармеёбем, ки мо онро чунин менависем: «Суруди миллӣ». Ҳол он ки ҳарфҳои нахустини ҳар ду калима калон навишта мешаванд.
Ва ё ҳама медонанд, ки пойтахти кишвари мо - шаҳри Душанбе мебошад, вале на барои ҳама маълум аст, ки ин ҳақиқатро моддаи 4 Конститутсия асоснок месозад. Дар сурати тағйир ёфтани номи пойтахт бояд ба Конститутсия тағйирот ворид намуд. Ва ин тағйирот туфайли раъйпурсии умумӣ пазируфта мешавад.
Тавре бармеояд, ин масъалаҳо дар назар масъалаҳои одӣ менамоянд, вале дар асл одӣ нестанд. Тағйири андаки як калима ё худ ибора на танҳо мақсудро дигар месозад, балки он ба сарнавишти як миллату кишвар иртибот мегирад.
Дар моддаи 5 омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд». Оё медонем, ки «Арзиши олӣ» чӣ аст? Ва чаро маҳз ин ибора интихоб гардидааст? Мо дар бораи дигар арзишҳо чӣ маълумот дорем?
Фикр мекунам, ки ин пурсишҳо ва посухи дурусту саҳеҳу рӯшан гуфтан ба онҳо ҳар шунавандаро ба худ ҷалб мекунад. Дар ин гуна маврид мехоҳад, ба умқи навиштаҳо, ифодаҳо бештару беҳтар сарфаҳм биравад.
Дар ҳамин модда аст, ки «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Дар атрофи ҳамин як ҷумла чандин мақолаву рисола метавон таълиф кард. Ва ҳам чандин барномаҳои радиоию телевизионӣ ташкил кардан мумкин аст.
Дар моддаи 30 Конститутсия омадааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад». Аммо ҳақиқат он аст, ки баъзе аз кормандони масъули воситаҳои ахбори омма аз рӯи ин модда амал намекунанд. Ва низ на ҳама масъулон аз ин ҳуқуқ самараноку дуруст истифода мебаранд.
Бинобар ин, бояд ҳамаи имкониятҳои мавҷуда дар тарғиби дурусту муфид барои ҷомеа хуб истифода бигарданд, то мардум Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳам бидонанд ва ҳам дӯст бидоранд.

ВАЛИЗОДА Таҳминаи Самиъҷон,
судяи суди ноҳияи Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.11.2015    №: 219    Мутолиа карданд: 998

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения

Дар Париж ба барҷастатарин занҳои олим арҷгузорӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед