logo

ҳуқуқ

ЯК БАҲСИ МАНЗИЛ ҚАРИБ 9 СОЛ БОЗ ҲАЛЛИ ХУДРО НАМЕЁБАД. ЧАРО?

Қариб нуҳ сол мешавад, ки баҳси манзил байни ман ва шаҳрванд Навотой Расулова идома дорад. Ҳар дафъа суд ҳақиқатро ошкор намуда, ба ман тааллуқ доштани манзилро муайян месозад, вале иҷрочиёни суд корро сар накарда, суди зинаи дигар ҳалномаро рад мекунад.
Ман 22 декабри соли 1992 аз кӯчаи Афзалии пойтахт ба маблағи 250 000 рубл хона харида, ба бародарам Имом Саидов, ки он вақт дар кӯчаи Костюка - 8 (ҳоло кӯчаи Муллоёри Ванҷӣ) иҷоранишин буд, муваққатан супурдам. Бародарам соли 1994 бо маслиҳати кадом манфиатҷӯе хонаро пинҳонӣ аз ман бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ харидуфурӯш намудааст.
Соли 2007 ба Прокуратураи генералӣ ариза пешниҳод кардам. Дар натиҷа хатшинос Ямакова тасдиқ кард, ки дар ҳуҷҷати қалбакӣ бародарам ба ҷои ман имзо гузоштааст. 29 июли соли 2008 суди ноҳияи Шоҳмансур маро соҳибмулк ҳисобида, ҳалнома баровард. Суди шаҳри Душанбе низ 11 сентябри соли 2008 маро соҳибмулк эътироф намуд. Баъд аз ин, судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Х. Аҷиков 24 декабри соли 2008 ҳалнома баровард, ки Н. Расулова аз манзили қонунии ман кӯчонда шавад.  Пас  аз  шикояти  нав-батии Н. Расулова собиқ муовини раиси Суди Олӣ Наим Муллоев ва судя Рошиддин Тӯраев ҳалномаи ду зинаро бекор намуда, ба зинаи поёнии суд ирсол намуданд.
Ман 20 апрели соли 2009 дар беморхонаи № 5 бистарӣ будам. Судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Зебо Бӯриева масъаларо бе иштироки ман мавриди баррасӣ қарор дода, онро ба манфиати Н. Расулова ҳал кардааст. Яъне, хонаи маро ҳамчун манзили меросӣ ба ӯ додааст.  Вай бо маслиҳати муовини сарнотариуси ноҳияи Шоҳмансур Л. Салимова 5 августи соли 2009 ба Н. Расулова шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос додааст.
Баъди шикояти навбатии ман суди ноҳияи Шоҳмансур муайян кард, ки шартномаи харидуфурӯши манзили баҳсӣ, ки 10 июни соли 1994 таҳти феҳристи № 9 Д – 489 дар идораи 1-уми нотариалии давлатии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, бо роҳи сохтакорӣ баста шуда, дар он ман имзо нагузоштаам.
Бародарам Имом Саидов соли 2008 вафот кард. Вале Н. Расулова баъди вафоти ӯ барои гирифтани хонаи мазкур ҳуҷҷатҳоро бо роҳи қалбакӣ дар САҲШ ноҳияи Шоҳмансур тартиб дода, 13 декабри соли 2013 худро дар никоҳи бародарам, марҳум И. Саидов даровард. Ҳол он ки ӯ аз соли 1972 бо Ҷалилова (Саидова) Фотима дар ноҳияи Варзоб (собиқ ноҳияи Ленин) ақди никоҳи қонунӣ дошт ва то ҳол никоҳашон бекор нашудааст. Бо эътирози прокурори ноҳияи Шоҳмансур У. Каримов судяи суди ҳамин ноҳия Х. Ашӯров ақди никоҳи ғайриқонунии Н. Расулова ва И. Саидовро аз 1 июли соли 2014 беэътибор ҳисобид.
Ман ба прокурори генералӣ муҳтарам Юсуф Раҳмонов аз болои муовини сарнотариуси ноҳияи Шоҳмансур Л. Салимова аризаи шикоятӣ навишта, хоҳиш намудам, то маълум намоянд, ки Н. Расулова соли 2011 бо кадом роҳ фарзандонашро аз насаби Расулова ба Саидов гузарондааст? Ҳол он ки никоҳи қалбакӣ 13 декабри соли 2013 нишон дода шудааст. Магар фарзандони ӯ ду сол пеш аз никоҳ таваллуд шудаанд?! Мантиқ куҷост? Ақди никоҳи ғайриқонуниашон аз 1 июли соли 2014 бекор эълон гардидааст.
11 феврали соли 2014 судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Ҷ. Азиз маро бори дигар соҳибмулк эътироф карда буд. Аммо суди шаҳри Душанбе аз 15 майи соли 2014 бо сабабҳои барои ман номаълум  ҳалномаро бекор карданд. 
Дар тӯли нуҳ сол ин бори аввал нест, ки баъзе намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои гирифтани манзили қонуниам чунин бозиҳоро нисбат ба ман раво мебинанд. Ҳар дафъа муфаттишу судяҳо «маслиҳат» медиҳанд, ки ба зинаи поёнӣ ё болоии суд муроҷиат намоям. Ин дар ҳолест ки аз зинаи поёнӣ то болоӣ дар 8 ҳалнома муайян шудааст, ки ман соҳибмулкам.  Модоме чунин аст, пас чаро маро ин қадар сарсону саргардон мекунанд?

Умаралӣ САИДОВ,
 сокини маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.11.2015    №: 220    Мутолиа карданд: 503

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед