logo

фарҳанг

МАСЪУДИ МИРШОҲӢ: «ТОҶИКИСТОН САРВАРИ МАРДУМПИСАНД ВА ТАЪРИХИ ҲАНГУФТ ДОРАД»

Масъуди Миршоҳӣ, узви Академияи илмҳои Тоҷикистон ва раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони «Рӯдакӣ» дар шаҳри Парижи Фаронса, ки  дар ҷашни 3000 - солагии Ҳисор ба ҳайси меҳмон дар кишвари мо ҳузур дошт, дар ҷараёни як суҳбати хоса, аз ҷумла чунин гуфт:

- Тоҷикистон  сарвари мардумписанд ва таърихи ҳангуфт  дорад.  Мусоҳибаҳои  Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  борҳо  дар  телевизионҳои Фаронса ва  кишварҳои  Аврупо  тамошо кардаам. Ҳарфаш хеле мардумписанд аст. Барои ҳамин тамоми форсизабонони дунё  ӯро дӯст доранд ва сиёсаташро дастгирӣ мекунанд. Форсизабонони Лос- Анҷеллоси Амрико ба ман паёме ба Сарвари давлати Шумо фиристоданд, ки замина фароҳам оварда шавад то ба меҳмонии онҳо ташриф биоранд.  Бубинед чаро дидор ва суҳбати Сарвари давлати Шуморо форсизабонони Амрико мехоҳанд? Чунки сиёсати ӯ мақбули тамоми форсизабонони дунёст.
Форсизабонони дунё муътақиданд, ки Сарвари давлати  Шумо  сиёсатеро  пеш гирифтааст, ки дар он хостаҳои шаҳрвандон дар авлавият қарор дорад.  Эмомалӣ Раҳмон марди шоистаест, ки тавонистааст кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ  муаррифӣ намояд.

- Шумо ба ҳайси меҳмон дар ҷашни 3000 -солагии Ҳисори Шодмон ширкат доштед. Аз умқи таърих барои тоҷикон чӣ навиде овардед?
- Беҳтарин навиди таърихии бостоншиносиро, ки бостоншиносони хориҷӣ таҳқиқ ва таҳлил кардаанд, дарёфт намудаам. Бо номи «Дӯстии археологӣ» дар шаҳри  Фаронса маҷаллае нашр мегардад. Ҳар нашри он махсус  ба як минтақаи ҷаҳон бахшида шудааст. Бостоншиносони фаронсавӣ дар заминаи таҳқиқот ва таҳлилҳо оид ба тамаддуни ин ё он халқҳо маълумоти таърихӣ медиҳанд. Яке аз нашрҳои соли 1993 ба дастам афтод, ки доир ба бостоншиносии  кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ додааст. Як қисмати он ба «Асрори фарҳанги Ҳисор»  бахшида шуда буд. Аз ин матолиб хушам омад ва хостам бидонам, ки дар бораи Ҳисор чӣ гуфта шудааст. Онҷо нишонаҳои тамаддуни Ҳисор дарҷ гардидааст. Чаҳор пажӯҳишгари хориҷӣ - яке бо номи Исҳоқов (шояд тоҷик бошад) аз Тоҷикистон  ном бурда, осори бостонии минтақаро ёфта, феҳристи онро таҳия намудаанд. Яке аз нусхаҳои ин маҷалларо ба Осорхонаи Ҳисори Шодмон тақдим кардам. 
Дар осорхонаи шаҳри Париж асари  «Сафарномаҳо»-и ба соли 1800 -  1870  мутааллиқ маҳфуз аст. Як сайёҳи хориҷӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ омада, то ба Ҳисор расида ва аз таъсуроти бардоштааш аз ин сафар асаре бо тасвирҳо таҳия намудааст. Ҳарчанд марзҳои мо ҳазорҳо  фосилаҳо  дурӣ дорад, вале иттилооти таърихии Тоҷикистон аз ҷиҳати  бостоншиносӣ бо аксу тасвир дар бойгонии осорхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд ва  онҳоро вохӯрдан мумкин. 

- Шумо раисии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони «Рӯдакӣ»-ро  ба зимма доред. Бигӯед, ки имрӯз Анҷуман дар кадом бахшҳо фаъолият мебарад?
- Тамоми фаъолияти мо муаррифӣ ва ташвиқи фарҳангу адабиёти тоҷикону форсизабонони ҷаҳон аст. Анҷуман зиёда аз даҳ сол аст, ки бунёд ёфтааст ва айни ҳол дар Лондон, Канада, Фаронса, Олмон ва дигар кишварҳои ҷаҳон марказҳои фарҳангӣ дорад. Ҷоизаи адабии Анҷуман дорем, ки ҳар як сол ба донишмандон тақдим мегардад. Соли ҷорӣ  Ҷоизаи адабӣ ба донишманди тоҷик Парвона Ҷамшед супурда шуд.

- Дар Симпозиуми байналмилалӣ  бахшида ба 3000-солагии Ҳисори Шодмон  таҳти  унвони «Нақши Ҳисор дар таърихи  тамаддуни Осиёи Марказӣ»  гуфтед, ки Тоҷикистон  симои худро ба зудӣ иваз карда истодааст…
- Шумо нуқтаи калидии маърӯзаи маро мушоҳида кардаед.  Тоҷикистон Ватани тамоми форсизабонон ва тоҷикони дунёст. Ин нуктаро Сарвари давлати Шумо дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид кардааст.
Имрӯз бубинед Қалъаи  Ҳисор тамоман симои дигар гирифтааст. Он ҳамчун ёдгории таърихӣ нигоҳ дошта мешавад. Маркази ноҳияро бинед, ҳама иншоот бо тарҳи ниёкон сохта шудаанд.
Имрӯз Ҳисор монанд ба Бухоро гаштааст. Тоҷикистон тамоми имконҳоро дорад, барои дар қатори кишварҳои сайёҳии ҷаҳонӣ баробар муаррифӣ шуданро дорад. Ин умедро аз Тоҷикистон дорам.

- Ташаккур, хуш омадед ба Тоҷикистон.

Ҳарамгул CАНГОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.11.2015    №: 221    Мутолиа карданд: 487

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед