logo

ҳуқуқ

БАР САРИ МИЖГОН ЧУ АШК ИСТОДАӢ…

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯриву мулоқот бо мардум таъкид менамоянд, ки дар ин ҷаҳони ноором зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба доми фиреби ифротгароён наафтем. Ҳамеша худогоҳу худшинос ва меҳандӯсту ватанпараст бошем. Ва, ба гуфтаи Хоҷа Ҳофизи лисонулғайб дар ин «офоқи пур аз фитнаву шар» хеле боидроку дурандеш мебояд буд. Вагарна ба қавли Ҳазрати Бедил:
Як қадам роҳ аст, Бедил аз ту то домони хок,
Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ,ҳушёр бош.
Оре, қисмати даҳҳо нафар ҷавони ғофилу гумроҳи  тоҷик чун Нусрат Назаров, ки бо номи Абухолиди  Кӯлобӣ дар Сурия кушта шуду зану фарзандонаш дар мулки ғарибӣ сарсону саргардонанд ва сарнавишти талхи Аҳкомиддин Шарифов, ки мехост ба ин кишвар рафта, ба сафи ҷангиёни «Давлати исломӣ» пайвандад, барои дигарон дарси ибрат бояд бошанд.
Аҳкомиддин Шарифов соли 2012 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 33-и ноҳияи Нурободро хатм намуда, бинобар вазнин будани шароити моддии оилавӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия рафта, дар сохтмон кор кард. Баъд, тахминан моҳҳои октябр - ноябри соли 2014 ба шаҳри Екатеринбург, назди бародаронаш Илҳомиддин ва Қамариддин омад. Дар ин ҷо кори ба табъи дилаш чандон мувофиқ наёфт магар, ки дар сомонаи интернетии «Одноклассники» саҳифаеро бо номи «Аҳкомиддин Зайналобуддинович» кушод. Вақти зиёди худро ба воситаи пайёмакҳо сарфи суҳбат бо шиносҳо ва ҳамсинфонаш менамуд. Наворҳои видеоии аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ»-ро дида, дар дилаш хоҳиши ба Сурия рафтану ҷиҳод кардан пайдо шуд. Рӯзе ба назди Исо Одинаев, сокини деҳаи Калназари ноҳияи Нуробод омада, гуфт, ки бекор асту мехоҳад дар яке аз мадрасаҳои Туркия таҳсил намояд. Исо ба ӯ ваъда дод, ки дар ин кори хайр ёрии худро дареғ намедорад.
- Дар Истамбул як хешам дар мадраса ба ноболиғон дарс медиҳад, ба вай занг мезанам, ӯ туро  пешвоз гирифта, масъаларо дар ҷояш ҳал менамояд, - иброз дошт Исо Одинаев.
Ҳамин тавр, Аҳкомиддин 26-уми апрели соли 2015 бо тайёраи самти Екатеринбург-Маскав -Истамбул ба Туркия парвоз намуд. 
Дар мадрасаи «Фотеҳ» ба гирифтани таълимоти динӣ сар карда, баъди ду моҳи таҳсил ба воситаи барномаи интернетии «Зелло» бо Абдулло Кумик, шаҳрванди Туркия, шинос шуд. Хоҳиш намуд, ки ӯро ба Сурия расонад. Абдулло моҳи майи соли 2015 ӯро бо Ойиша ном зани доғистонӣ ба шаҳри Газантеп фиристод. Онҳоро ба манзили истиқоматие оварданд, ки дар он ҷо чор шаҳрванди Индонезия, як шаҳрванди Ӯзбекистон бо номи Абдулло ва як нафар аз давлати Миср ҳузур доштанд. Дар он ҳавлии истиқоматӣ шабро рӯз карданд. Шахсони барояшон ношинос Аҳкомиддин ва дигаронро ба шаҳри Килис бурданд. Ҳамон рӯз бо сабабҳои барояшон номаълум аз сарҳад гузашта натавонистанд. Баъди ду рӯз ба самти шаҳри Урфа, ки бо Сурия ҳамсарҳад аст, раҳсипор шуданд. Мувофиқи ваъдаи роҳбаладон ӯ ва Ойиша бояд аз сарҳад мегузаштанд. Вале онҳоро дар вокзали шаҳри Урфа кормандони полис дастгир намуданд. Дар ниҳояти кор, 26 июни соли 2015 Аҳкомиддинро аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод карданд.
Вай медонист, ки ин кирдораш аз доираи қонун берун аст, вале тавре иқрор шуд, мехостааст ба Сурия рафта, бар зидди кофирон ҷиҳод намуда, дар ҳамин роҳ шаҳид шавад. Вай аслан фикри ба Тоҷикистон баргаштанро дар сар надоштааст. Ба ӯ барои ҷиҳод намудан дар Сурия ягон кас, аз ҷумла Абдулло Кумик низ маблағи пулӣ ваъда надодаанд.  Аҳкомуддин Шарифов дар ҷинояти содиршуда худашро пурра гунаҳгор ҳисобида, аз кардааш сидқан пушаймон мебошад.
10 августи соли 2015 суди ноҳияи Нуробод дар ҳайати раисикунанда Н. Лоиқзода ва айбдоркунандаи давлатӣ Ҳ. Икромов ба Аҳкомуддин Шарифов мувофиқи моддаҳои 32 қисми 3 - 401 прим 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаи 64 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 13 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин кард.

Раҷабалӣ ТАҒОЕВ,
прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои
дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералӣ,
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2015    №: 222    Мутолиа карданд: 924
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед