logo

фарҳанг

ТЕАТР: ЗЕҲНИЯТИ ТАВОНО

Ҳар сол 7 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун «Рӯзи театри тоҷик» қайд карда мешавад. Айни ҳол дар Тоҷикистон 16 театри касбӣ ва 24 театри халқӣ фаъолият доранд.  Театри давлатии таҷрибавии тамошобини наврас ба номи  Муҳаммадҷон Қосимов, маъруф ба «Аҳорун» ва Театри миниатюраи «Оина»  дар тобеияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошанд. Ҳамчунин дар пойтахти кишвар нахустин ва ягона Театри хусусӣ «Падида» амал менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди театр аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Театри давлатии академии драмавии ба номи  Абулқосим  Лоҳутӣ,  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин  Айнӣ, Театри давлатии  ҷавонон  ба номи  Маҳмудҷон  Воҳидов  таъмиру таҷдид гардиданд.  Соли гузашта Театри давлатии таҷрибавии тамошобини  наврас ба номи  Муҳаммадҷон  Қосимов соҳиби бинои нав шуд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа сохтмони бинои нави Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов идома дорад, ки соли оянда мавриди истифода қарор мегирад.  Соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон  сохтмони бинои Театри ба номи Меҳрубон Назаров оғоз гардид. Аксари театрҳои вилояти Суғд ва  Хатлон  низ мавриди таъмиру таҷдид қарор  гирифтаанд. 
Соли гузашта бо ташаббуси бевоситаи  Сарвари давлат дар шаҳри Душанбе сохтмони бинои нави Театри миллӣ оғоз ёфт, ки тарҳи он дар ҷаҳон беназир аст. Барои бунёди бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 680 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, сохтмони он то соли 2020 бояд анҷом ёбад.
Дар замони истиқлолият ду коргардон  Мирзоватан Миров (соли 2010 барои таҳияи намоиши «Чашмони бародарони қиёматӣ» - и Нур  Табаров) ва Баҳодур  Миралибеков (соли 2012  барои таҳияи намоиши  «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин» - и Темур Зулфиқоров) барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардиданд. 
Чанде пеш дар Ҷашнвораи байналмилалии «АРТ-ОРДО» Нозим Меликов, коргардони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, барои таҳияи намоиши «Иштибоҳ», Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» - ро сарфароз гашт ва намоиш миёни чордаҳ спектакл ҷойи дувумро гирифт. 
Ҳукумати ҷумҳурӣ  бо мақсади таъмини рушди бемайлони соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос барномаи махсуси давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳаро қабул намудааст. Аз ҳисоби ин барнома дар хориҷи кишвар кадрҳои ҷавон таҳсил намуда, иддае аллакай ба кор шурӯъ намудаанд. Ба ин Суҳроб  Шехов, ки дар театри шаҳри Чкаловск,  Қурбон Бобоҷонов дар театри Хуҷанд, Парвиз Раҷабов дар театри Қӯрғонтеппа ва Суҳроб Усмонов дар Театри опера ва балет фаъолият менамоянд, мисол шуда метавонанд. 
Имрӯз дар муассисаҳои театрии ҷумҳурӣ зиёда аз 1500 нафар кор мекунанд, ки аз ин шумора 700 нафарашон кормандони эҷодӣ мебошанд. Аз инҳо  2 нафар Ҳунарпешаи халқии СССР, 70 нафар Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 75 нафар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 8 нафар Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 9 нафар дорандаи ордени «Шараф», 45 нафар дорандаи медали «Хизмати шоиста», 3 нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар Рассоми халқии Тоҷикистон, 5 нафар барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ мебошанд. Ин неруи  бузурги эҷодӣ тамоми кӯшишу ғайрати хешро барои рушду нумӯи фарҳанги миллӣ равона намуда, дар эҳёи суннатҳои мардумӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ саҳм  гирифта истодаанд. 
 Ҳ. САНГОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2015    №: 222    Мутолиа карданд: 493

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед