logo

порлумон

АДВОКАТҲО АЗ САНҶИШ МЕГУЗАРАНД

Минбаъд адвокатҳоро Комиссияи махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санҷиш мегузаронад.
Ин нукта дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати панҷум зимни баррасии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» тасдиқ гардид.
Рустами Шоҳмурод, вазири адлия, зимни ташреҳи лоиҳаи мазкур иброз дошт, ки ба комиссияи махсус аз кормандони Вазорати адлия, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттиҳоди адвокатҳо шомил хоҳанд шуд. Мувофиқи тағйироти воридшуда адвокат наметавонад дар мурофиаҳо аз хешу табори худ ҳимоя намояд. Он адвокате, ки доғи судӣ дорад, яъне бо қарори суд маҳкум шудааст, дигар ҳуқуқи ҳамчун адвокат фаъолият карданро надорад. Ҳамчунин, он шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд,  наметавонанд дар ин низом фаъолият дошта бошанд.
Ба гуфтаи вазири адлия, ҳадафи асосӣ аз ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии адвокатҳо ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳост.
Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон, зимни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки тибқи он минбаъд онҳое, ки бо садои баланди техникаю таҷҳизоти сохтмонӣ шабона оромии мардумро аз соати 2300 то 600 халалдор месозанд, муҷозот мешаванд. Он нисбат ба шахсони мансабдор аз 5 то 7 нишондиҳанда ё аз 200 то 280 сомонӣ, шахсони воқеӣ аз 2 то 3 нишондиҳанда ё 80 -120 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - ширкату корхонаҳои сохтмонӣ аз 10 то 20 нишондиҳанда ё аз 400 то 800 сомонӣ муҷозоти маъмурӣ таъйин шудааст.
Дар ҳолати такрор ёфтани қонуншиканӣ барои мансабдорон 10 -15, шахсони воқеӣ 5 - 7 ва барои шахсони ҳуқуқӣ 20 - 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар мегардад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» - ро дар таҳрири нав қабул карданд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2015    №: 222    Мутолиа карданд: 5578
22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед