logo

фарҳанг

ҚАЙРОҚҚУМ: ДӮСТДОРОНИ САНЪАТ СОҲИБИ МАКТАБ МЕШАВАНД

Бо дарназардошти тарбияи мутахассисони соҳаҳои санъати мусиқӣ, рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ дар шаҳри Қайроққум барои наврасон мактаби санъат бунёд мегардад. Ба ин хотир,  дар яке аз мавзеъҳои марғуби шаҳр бо иштироки фаъолон санги асоси он гузошта шуд.
Собиқ мактаби санъати шаҳри Қайроққум ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй нест, аз  ин хотир, тасмим гирифта шуд, ки он аз нав бо тарҳи ҳозиразамон бунёд гардад. Ин мактаб фарогири самтҳои гуногун, аз қабили мусиқӣ, сарояндагӣ, рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ мешавад. Тибқи лоиҳа иншоот  дуошёна буда, барои 450 хонанда пешбинӣ шудааст. Он дорои 14 синфхона, толори ҳунарнамоӣ барои 150 ҷойи нишаст, толори намоиш ва устохонаи ҳайкалтарошӣ хоҳад буд.
-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамеша таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд,- иброз дошт Матлубахон Сатториён, раиси шаҳри Қайроққум, зимни гузоштани санги асоси мактаб. - Маблағгузорӣ ба соҳаи фарҳанг нисбат ба соли 2014 даҳ дарсад афзоиш ёфта, давоми ду - се соли охир дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, бавижа вилояти Суғд, даҳҳо кохи фарҳанг, толорҳои театрӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки бешубҳа, дар баланд бардоштани маърифати мардум, зебоипарастии насли наврас нақши муассир мегузоранд.
Бино ба иттилои Муҳаммадҷон Тошматов, сармеъмори шаҳри Қайроққум, тарҳи бино ба ҳамаи шароити  замони муосир мувофиқат мекунад. Мактаби санъат бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории ширкати арабии «Ал-Шафар»  қомат афрохта, соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Бояд гуфт, ки соли 2014 ин ширкат дар шаҳри Қайроққум Маркази ташхису табобат бунёд намуда буд.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2015    №: 223    Мутолиа карданд: 611

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед