logo

ҳуқуқ

БОВАРӢ

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 545 ҷиноят сабт гардида,  95 дарсади он кушода шудааст. Нишондоди ифшо гардидани ҷиноятҳо дар қиёс бо дигар шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе хеле баланд аст.
Асрор Дадоҷонзода, сардори шуъбаи 2-юми шимолии ВКД дар ноҳияи Сино, зимни суҳбат ин рақамҳои умедбахшро натиҷаи ҳамкории зичи мақомот бо аҳолӣ маънидод кард.

Ба гуфтаи ӯ, бо дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе кор бо мардум хеле беҳтар гардидааст. Зеро, тавассути телефонҳои боварӣ ва сомонаи вазорат шаҳрвандон арзу даъво ва иттилооти хешро сари вақт мерасонанд. Ин барои кушодани ҷиноятҳо мусоидат менамояд.
Дар ин давра 43 ҷинояти авбошӣ содир ва ошкор шудааст. Сардори шуъба чунин ҷиноятҳоро аз он хотир ташвишовар  мешуморад, ки ба истироҳат ва гаштугузори шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳои истироҳатӣ халал мерасонанд. Дар ҳудуди ноҳия боғҳои Кӯли ҷавонон, ҳайвонот ва «Пойтахт» ҷойгир буда, омадурафти мардум аз дигар ноҳияҳо зиёд аст. Кормандони мақомот ҳамеша мекӯшанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ риоя гардад ва касе ба сайругашт ва истироҳати мардум халал нарасонад.
Фаъолияти шуъба дар пешгирии қонуншиканӣ низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар он бахши алоҳида - пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар байни ноболиғон ва ҷавонон фаъолият  мекунад. Мавриди зикр аст, ки дар қисмати шимолии ноҳия 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷойгир мебошад. Ҳар ҳафта бо хонандагон ва волидони онҳо вохӯриҳо баргузор мегарданд. Номбурда зикр кард, ки соли гузашта ҷиноятҳои гурӯҳӣ ва задухӯрди ноболиғон боиси нигаронӣ буд. Хушбахтона, имсол пеши роҳи чунин зуҳурот гирифта шуд. Дар ин самт бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст ва рейдҳои муштарак гузаронда мешаванд.
Дар ин давра 114 ҷинояти қаллобӣ сабт гардидааст, ки аксар ба қарз иртибот доранд. Ҳамчунин, аз як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ 54 килограмм маводи нашъаовар мусодира гардид.
- Имрӯз мардум бо мо, кормандони милиса, он қадар қарин гаштаанд, ки бо ҳама мушкилоти зиндагӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи тартибот муроҷиат менамоянд, - дар анҷоми суҳбат хулоса кард Асрор Дадоҷонзода.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2015    №: 223    Мутолиа карданд: 568

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед