logo

ҳуқуқ

КОРНАМОӢ, МАТОНАТ ВА ШУҶОАТ

Мақомоти корҳои дохилӣ масъулиятеро ба дӯш дорад, ки басо ҳассос ва дар бисёр маврид сангин аст. Ин аст, ки ҷомеа ба нақши милитсия дар таҳкиму пойдории сулҳу суботи кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ баҳои баланд дода, ба заҳмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва оромии сокинон эҳтиром мегузорад.
Хабарнигорамон дар суҳбат бо Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти кормандони ин ниҳодро дар миён гузошт, ки фишурдаи он манзур мегардад.
Нахуст перомуни ислоҳот ва тавонмандии мақомоти корҳои дохилӣ, вазифаҳои меҳварии он суол матраҳ шуд, ки посухаш чунин буд:

- Сол ба сол неру ва иқтидори Вазорати корҳои дохилӣ афзуда, сатҳи дониш ва малакаи касбии ҳайати шахсӣ боло меравад. Дар баробари ин, масъулияти корӣ дар фаъолияти хизматӣ афзуда, он тақозо менамояд, ки барои расидан ба ҳадафҳо бояд аз корманди қаторӣ то афсари олирутба масъулиятшинос, ватандӯст ва ифтихори баланди миллӣ дошта бошанд.
Мусаллам аст, ки расидан ба Истиқлолияти давлатӣ саҳифаи наверо дар таърихи милитсияи тоҷик оғоз намуд ва шароит фароҳам овард, ки кормандони он бо дарки баланди худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ баҳри ҳимояи ин неъмати гаронбаҳо камар банданд. Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти дохилии кишвар ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гардид. Он дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаҳои пай дар пай ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористон, қочоқчиёни маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа обу тоб ёфта, таҷрибаи бойи касбӣ пайдо кард.
Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2012 вобаста ба гузарондани ислоҳот дар соҳа гуфта буданд: «Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин, наздик намудани фаъолияти мақомот бо ҷомеа «Барномаи ислоҳоти милитсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия ва пешниҳод карда шаванд».
Дар партави иҷрои ин нишондод, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд. Баъдан, ҷиҳати муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо оид ба ислоҳот ва рушди милитсия, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 “Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 – 2020” тасдиқ гардид. Бо мақсади татбиқи стратегияи мазкур барномаи вижае қабул гардида, татбиқи он таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба роҳ монда шудааст. 
Дар доираи татбиқи барнома, фаъолияти мақомот фарогир шуда, ба хадамоти шабонарӯзӣ мубаддал мегардад. Аз ҷониби милитсия дар як вақт бо дарназардошти вазифаи асосӣ-таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, равоншиносӣ, ҷустуҷӯи одамони гумшуда, ёрӣ ба ронандагоне, ки дар роҳ дар вазъияти душвор мондаанд ва ҳатто наҷот додани ҳайвонот пешбинӣ шудааст.

- Ин ё он ниҳод дар сурате фаъолияти бенуқсон ва муваффақона анҷом медиҳад, ки нисбат ба кормандонаш ғамхориҳои иҷтимоӣ зоҳир гардад. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз кадом дастгириҳо бархӯрдоранд?
- Бо дастгирию ғамхории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2014 барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 235 қитъаи замин ҷудо гардида, 26 хонаи хизматӣ ва 50 манзили зист дар бинои 9-ошёна мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо мақсади дастгирии ятимон, бепарасторон, фарзандони бесаробонмондаи оилаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар шаҳрвандон, соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб таъсис ёфт, ки дар он беш аз 300 нафар ба таълим фаро гирифта шудааст.
Бо мақсади дастгирӣ ва ғамхорӣ ба собиқадорон, нафақахӯрон, иштирокчиёни ҶБВ, оилаҳои кормандони милитсия, ки ҳангоми адои хизмат фавтидаанд, инчунин маъюбону бепарасторон, соли 2014 беш аз 900 ҳазор сомонӣ ва дар соли равон зиёда аз 1 миллиону 269 ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ расонда шуд.
Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва дастгирии моддиву маънавии ҳайати шахсӣ ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба ин Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш боз ҳам ҷиддитару бомасъулият муносибат намояд.
Гузашта аз ин, ҷиҳати фаъолияти босамар 48 бинову иншооти замонавии мақомоти корҳои дохилӣ сохта ба истифода дода шуд. Зиёда аз 400 компютер бо таҷҳизоти лозимӣ ва дигар дастгоҳҳои техникӣ, инчунин наздик ба 100 нақлиёти хизматии сабукрав, боркаш, махсус ва сӯхторхомӯшкунӣ ҷудо шуданд.
Ин дастгириву ғамхориҳо ба хотири ранҷу заҳмати шабонарӯзии кормандони милитсия дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад.

- Доир ба пешгирии амалҳои ҷинояткорӣ, тахрибкорию ифротгароӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ кадом далелҳоро метавонем манзури хонанда гардонем?
- Дар нуҳ моҳи соли равон 16 ҳазору 700 ҷиноят аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабт шуда, ошкоршавии он 88,1 дарсадро ташкил медиҳад. Инчунин, 12 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 100 нафар барои содир кардани 208 ҷиноят муайян ва боздошт гардиданд. Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ҷузъу томҳои вазорат 167 узви ташкилоти террористӣ ва экстремистиро дастгир карданд.
Бахусус, корнамоӣ, матонат ва шуҷоати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати пешгирӣ ва торумор намудани гурӯҳи террористӣ таҳти роҳбарии Абдуҳалим Назарзода, ки бо мақсади халалдор намудани суботи кишвар шӯриш карданд, қобили тавсиф аст.
Дар ин маврид бояд таъкид намуд, ки мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳурот ва амалҳои ҷиноятӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

- Ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ё иштироки шаҳрвандонро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?
- Дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» аз тарафи нозирони минтақавии милитсия барои ҳамкорӣ 4919 нафар корманди ғайриштатӣ ҷалб гардид. Дар давоми 9 моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандон 2155 ҷиноят ва бо ёрии кормандони ғайриштатӣ 444 ҷиноят ошкор шудааст.
Баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» дар ҷумҳурӣ 134 минтақаи хизматии милитсия таъсис ёфт.
Ба манзури боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, дар вазорат телефони “Боварӣ”-и вазири корҳои дохилӣ ва сомонаи интернетӣ фаъолият доранд.
Бояд  зикр  кард,  ки нишондодҳои мусбати фаъолияти милитсияи тоҷикро пурсиши дар байни аҳолии 141 кишвари олам гузарондаи нашрияи бонуфузи “The Independent” (Британияи Кабир) аз 26 октябри соли 2015 низ тасдиқ карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари бехатари олам арзёбӣ кардааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2015    №: 223    Мутолиа карданд: 669

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед