logo

ҳуқуқ

САРҚОНУН ОИЛАРО ТАҲТИ ҲИМОЯТИ ДАВЛАТ ҚАРОР ДОДААСТ

Мусаллам аст, ки танзими ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ аз меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, нақши он дар рушди ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардуми кишвар басо назаррас аст.

Бо назардошти он ки бархе аз муқаррароти Конститутсия бевосита ба танзими муносибатҳои оилавӣ равона шудааст, метавон нақши онро дар рафоҳи оиладорӣ низ басо муҳим арзёбӣ кард. Чунончи, дар моддаи 33 омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳӣ расиданд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст». Ин меъёр ишора ба он дорад, ки давлат уҳдадор аст оиларо ҳамчун асоси ҷамъият таҳти ҳамояи худ қарор диҳад. Гузашта аз ин, нисбат ба масоили ҳуқуқиву иҷтимоӣ, аз ҷумла солимиву пойдории оила, ғамхорӣ ба модару кӯдак, таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзандон, кафолати иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ва пиронсолӣ, хизматрасониҳои зарурии тиббӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъулиятро ба уҳда мегирад.
Дар заминаи Конститутсия моҳи ноябри соли 1998 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки муносибатҳои вобаста ба оила, ақди никоҳ, таваллуди фарзанд, фарзандхонӣ, ба тарбия гирифтани кӯдакон ва дигар муносибатҳои алоқаманд ба онро ба танзим медарорад. Ҳамзамон, дар заминаи меъёрҳои Сарқонун, соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки он ба сифати қонуни миллӣ эътироф шудааст. Он бо назардошти риояи арзишҳои миллӣ таҳия ва қабул гардида, ягона санади ҳуқуқиест, ки тамоми паҳлуҳои муносибати байни падару модар, муомила бо фарзандон ва ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро муқаррар кардааст. Новобаста аз он ки қонунгузории оилавӣ низ чунин муқарраротро пешбинӣ кардааст, вале дар сатҳи қонуни алоҳида қабул кардани ин санад далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлату Ҳукумат ба таҳкими оила, камолоти фарзандон ва дар маҷмӯъ ҷомеаи солим аст.
Қобили зикр аст, ки мардуми тоҷик дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ низ чунин уҳдадориҳоро иҷро мекунанд, аммо ҳолатҳое низ дида мешаванд, ки бархе аз падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон фориғболӣ зоҳир менамоянд ва ё аз иҷрои ин масъулияти хеш сарпечӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҷиҳати ба масъулият водор кардани падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ин санади ҳуқуқӣ қабул гардида, натиҷаҳои пурсамар ба миён овардааст.
Санади дигаре, ки марти соли равон қабул гардид ва ба танзими бахше аз муносибатҳои оилавӣ равона шудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар мамлакат муайян менамояд, ки дар заминаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадааст.
Дар ҷомеаи кунунии мо меъёри дигари Конститутсия - «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд», ки дар моддаи 17 омадааст, ҳамеша мавриди пазириш қарор дорад. Ин муқаррарот яке аз меъёрҳое мебошад, ки дар танзими муносибатҳои оилавӣ робитаи мустақим дошта, солҳои охир бевосита амалӣ мешавад. Дар асоси ин меъёри конститутсионӣ барномаҳои вижаи давлатӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Гузашта аз ин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расида, ин амр сиёсати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занонро ба самти мусбат тағйир дод. Зимнан, ба манзури тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» қабул гардид, ки натиҷаҳои чашмрас дорад.
Таъсиси Квотаи президентӣ барои ҷавондухтарон аз ноҳияҳои дурдаст ва оилаҳои камбизоат низ аз иқдомҳои наҷиби роҳбарияти олии кишвар буд, ки фаъолияти баробари бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин менамояд. Ба дунболи ин ташаббусҳо ахиран нақши фаъоли занон дар идораи ҷомеа ба назар расида, ба ин тартиб татбиқи меъёри конститутсионӣ низ таъмин мегардад.
Манъ будани меҳнати занон дар корҳои вазнин ва хатарнок ё ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб накардани онҳо ин маънои нобаробариро надошта, балки имтиёзест, ки давлат ба занҳо ҳамчун табақаи осебпазири ҷомеа пешбинӣ кардааст.

Нурулло ҚУРБОНЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2015    №: 223    Мутолиа карданд: 752
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед