logo

фарҳанг

УНВОНИ ГУРД

Дар китоб оғози давлатдорӣ ба даврони Каюмарс нисбат дода мешавад, ки аз устураи ориёӣ берун омадааст. Ӯ буд, ки нахуст дайҳим ниҳод ва оини тахту кулоҳро боқӣ гузошт:
Пажӯҳандаи номаи бостон,
Ки аз паҳлавонон занад достон,
Чунин гуфт, к- «оини тахту кулоҳ
Каюмарс оварду ӯ буд шоҳ».

Вале ин ибтидои кор буд. Бо пуррагӣ ташкили идороти давлатӣ, сохтори ҳифозату ҳамла, муқаррар намудани марзу бум, лашкару афзору олоти ҷанг ва сару либос ба ворисонаш вогузор шуд.
Мегӯяд, ки Сиёмак дар пайкор бар зидди девон танро аз пӯсти паланг бипӯшид, ки ҳанӯз ҷавшан набуд. Дар даврони Ҳушанг – пури Сиёмак оташу оҳан кашф шуд ва табару арраву теша ба сомон омад. Дар аҳди Таҳмурас камар бастан ба разм оин шуд ва Ҷамшед анъанаи ном ҷустанро ба вуҷуд овард ва олоти ҷангӣ: худ, зиреҳ, ҷавшан, хафтону баргустувонро сохту ба роҳ монд. Ба қавли Фирдавсӣ:
Нахуст олати ҷангро даст бурд,
Дари ном ҷустан ба гурдон супурд.

Ва бори нахуст унвони гурд дар достони Ҷамшед ёд мешавад. Бояд зикр кард, ки ҳам ба унвони ҷанговарони хоса, ҳимоятгарони тахту амуди салтанат ва ҳам размандагон, ҷанговарон ва сарбозон. Дар аҳди Ҷамшед тоифаи найсориён муқаррар шуд, ки гурдони шоҳ – муҳофизони тоҷу тахт ва табақаи хоса  аз онҳо пайдо шуданд. Дар ин маврид Фирдавсӣ мефармояд:
Куҷо шермардони ҷанговаранд,
Фурӯзандаи лашкару кишвранд,
К-аз эшон бувад тахти шоҳӣ ба ҷой,
В-аз эшон бувад номи мардӣ ба пой.

Ба маънии сарбози лашкар ва умуман разманда низ хеле истифода шудааст. Аз ҷумла, дар фасли «Рафтани Рустам ба кӯҳи Сипанд» ишора ба ҳамин маънист:
Зи хешон тане чанд бо худ бибурд
Касоне, ки буданд ҳушёру гурд.

Ишораи дақиқи Фирдавсӣ ба вазифа ва умури гурдон аст дар ҳимояи шоҳ, хонаводаи ӯ ва парчаму муқаддасоти давлат. Чун Ҷамшед кибру ғурур афзуд ва худро офаранда пиндошт, тамоми гурдон ӯро тарк карданд, ки боиси нокомиҳош гардид:
Ҳар он кас зи даргоҳ баргашт рӯй,
Ба пешаш намонд яке номҷӯй…
Ҳаме кост з-у фарраи Эзадӣ,
Бар оварда бар вай шукӯҳи бадӣ.

Ҷонибек АСРОРИЁН,
Нурмуҳаммади АМИРШОҲӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2015    №: 224    Мутолиа карданд: 668

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед