logo

фарҳанг

«ҲАМЛЕТ» ФОҶЕА АСТ

Дастоварди асосии намоиши «Ҳамлет» - и Театри «Глобус» дар он аст, ки моро маҷбур месозад Шекспирро бори дигар барои худ кашф намоем, ӯро бишносем, балки ба дарки воқеоти замони худ бо чашми дили ин ҳакими бузург назар афканем.

Дар доираи лоиҳаи байналмилалии «Глобус» ба дунё» Театри «Глобус» - и Британияи Кабир бо намоиши «Ҳамлет» - и В. Шекспир  меҳмони тоҷикистониён гардид.
Намоиши дар толори Театри давлатии академии опера ва балети  ба номи Садриддин Айнӣ пешкашнамудаи бритониҳо, қатъи назар аз он ки ба шароит ва услуби иҷрои намоишҳои замони худи Шекспир монандӣ дорад, аз шартиёти театри муосир низ орӣ нест.
Дар оғози спектакл ҳунармандон бо шӯру шавқ ва сурудухонӣ ба саҳна баромада, бинандагонро бо хушӣ аз оғози намоиш хабар медиҳанд. Пас аз муайян намудани номи намоиш ва шартҳои тамошо либосҳои дар саҳна овезонро пӯшида ба бозӣ медароянд. Тӯли намоиш бозигарон дар либоси замони мо боқӣ монда, бо пӯшидани камзол ва хилъату каллапӯшҳои замони Шекспир табодули вазъу қаҳрамон менамоянд. Ин зарурат аз он пеш омадааст, ки дар намоиш як ҳунарпеша нақши чанд қаҳрамонро иҷро менамояд.
Омезиши услуби шартии замони Шекспир ва аҳди мо аз ҷониби коргардон хеле хуб роҳандозӣ шудааст. Ҳар гоҳе, ки амалҳои дар қалъа ва толорҳои он мегузарад онро бо навиштаҷоти рӯйи тахтаҳо ба мо мефаҳмонанд. Аз як нақш ба нақши дигар гузаштани қаҳрамонҳоро бошад, бо иваз намудани ҷузъе аз либос нишон медиҳад.
Аз ҳар як ҷузъи намоиши мазкур симои театри қадимаи англис намоён гардад ҳам, диди шахси муосир дар он аз мадди назар дур намемонад. Коргардон ва бозигарон гумону андешаҳоро кайҳо паси сар намуда, хуб медонанд, ки дигар фурсати фикр кардан нест, вақти амал аст. Бинобар ин, воқеаҳо шадидтару босуръаттар ҷараён гирифта, фалсафаронии қаҳрамонон камтар ба назар мерасад. Монологи машҳури Ҳамлет низ хеле кӯтоҳ шуда, истеҳзоомез садо медиҳад. Дар намоиши «Ҳамлет», дар муқоиса бо замони мо, барои зебоӣ ҷой ёфт шавад ҳам, барои маънавиёти воло ҷой камтар аст. Он ҷо бархӯрди манфиатҳо аз риояти суннатҳо болотар гузошта мешавад. Ин аст, ки гуноҳ ва иштибоҳ низ дар ин намоиш аз назокат орӣ нестанд. Баръакс, онҳо бо тамоми «ҷаззобияташон» нишон дода мешаванд.
Ҳамлети дидаи мо ба сухан бовар намекунад, ба касе дарди дил ҳам кардан намехоҳад. Ӯ ба таври автоматӣ дида, зуд хулоса бароварда, шитобон амал менамояд. Ҳатто аз лаҳзаи аввали ба саҳна баромаданаш маълум аст, ки ӯ хостори ҳарчи зудтар кушода шудани тамоми гиреҳҳо мебошад. Барои Ҳамлет масъалаи будан ё набудан маънии зистан ё назистанро дорад. Актёр аз саҳнаҳои нахустин ба мо нишон медиҳад, ки Ҳамлети ӯ як шахсияти идеалӣ нест, ӯ мисли мост. Ҳамлет аз дарки он, ки ӯ мисли дигарон андеша намеронаду эҳсос намекунад, азият намекашад. Инро аз интонатсияҳои Ҳамлет ҳангоми рози дил намудан ба дӯстдоштааш Офелия низ дарк намудан мумкин аст.
Сарфи назар аз ин навгониҳо намоиш аз офаридаи Шекспир дур нарафтааст. Мо дар он мебинем, ки чӣ гуна Ҳамлет аз ҳолати ороми равонӣ то ба ҳадди дисгармония расида, ба мубориза бармехезад ва бо мардонагиву матонат рӯҳашро қавӣ магардонад.
Пас аз намоиш кас ба андеша меравад, ки воқеан ҳам маънии асосии «Ҳамлет» дар чист? Ҳар кас ба ин суол ҷавоби ба худ муносибе дармеёбад. Ман дарёфтам, ки «Ҳамлет» барои ҳама давру замонҳост. Асарест, ки инсон тавассути он метавонад мавқеи шаҳрвандӣ ва меъёрҳои ахлоқии замонашро бо қонунҳои қабулшудаи маънавӣ муқоиса намояд. «Ҳамлет» фоҷиаи инсони шоиртабиатест, ки бо тақозои замон сиёсатмадор шудааст. Мо нишонаҳои онро дар зиндагии ҳамарӯзаи худ хеле зиёд мебинем.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2015    №: 224    Мутолиа карданд: 500

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед