logo

фарҳанг

МО ХОРИ БАЧАГОНА НАДОРЕМ. ЧАРО?

Дар тамоми кишварҳои мутамаддини дунё барои рушду густариши мусиқии касбии миллӣ ва ҷаҳонӣ тарбияро аз боғчаи бачагона шурӯъ мекунанд. Барои ин барномаҳои махсус қабул ва аз рӯи дастурҳои методӣ амал менамоянд, албатта, бо ҷалби мутахассисони ҳирфавии соҳа. Ва ин дар таҷрибаи онҳо самараи нек овардааст. Ба ҷуз ин нахуст таҷрибаҳои пешқадам аз ҷониби муҳаққиқон мавриди омӯзишу пажӯҳиш ва  баъдан истифода қарор мегиранд. Мусаллам аст, ки мо дар ин масъала «андар хами як кӯчаем». Оре, ҳарчанд ба хушназарӣ бо ифодаи мазкур ба худ хеле ҳам баҳои баланд додаем. Ин дар суратест, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ мутахассисони варзидаро барои таълими дурусти фанни суруду мусиқӣ надорем ва фаъолияти кружокҳои худфаъолро қатъ кардаем. Самараи таҳсил дар мактабҳо ва коллеҷҳои мусиқӣ аз рӯи назари мутахассисони варзидаи соҳа чандон хуб нест. Ҳамин аст, ки бо изҳори нигаронӣ аз нарасидани мутахассисони соҳибистеъдод, хоса дар мусиқии касбии миллӣ ва ҷаҳонӣ ибрози андеша мекунанд ва ҳамзамон пешниҳодҳои ҷолиб месозанд. Яке аз ин мутахассисони варзидаи соҳа Холаҳмади Маҷид, Ҳунарпешаи хал-қии Тоҷикистон, борҳо дар ин хусус тариқи васоити ахбори омма масъалагузорӣ намуда  буд.
Мавсуф зимни суҳбат, аз ҷумла гуфт, ки ба таҳкурсӣ бояд бештар диққат бидиҳем. Агар пойдор нест, бино ҳеҷ пойдор нахоҳад монд. Ба андешаи ӯ, омӯзиш аз хурдсолӣ ба рушди тафаккури кӯдак мусоидат мекунад ва ба тарбияи ахлоқии ӯ таъсири мусбат мерасонад.
Холаҳмади Маҷид ёдовар шуд, ки дар тамоми дигар собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ хори бачагона таъсис доданд ва он фаъолияти чашмрасу самари нек дорад. Имрӯз дар миёни кишварҳои пешрафтаву соҳибистиқлол мо кишваре маҳсуб меёбем, ки хори бачагона надорем. Аз ин рӯ, ногузир бояд онро ҳарчи зудтар таъсис бидиҳем. Ба андешаи ӯ, таъсиси ин хор дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ё дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва ё дар назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ба мақсад мувофиқтар мебошад. Чаро? Чунки ин ҳақиқатро таҷрибаи дигар кишварҳо собит сохтааст.
Ҷалбу тарбияи ин кӯдакон ба мусиқии касбии миллию ҷаҳонӣ ва хорсароӣ ба манфиати кишвару фарҳанги он мебошад. Албатта, дар оянда ин гурӯҳ масъалаи нарасидани мутахассисони касбиро аз миён мебарад ва ҳам он дар тарбияи завқи мусиқифаҳмии мардум саҳми чашмрас гирифта метавонад.
Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки ҳолиё дар баъзе аз чорабиниҳои муҳими фарҳангию сиёсии кишвар гурӯҳи хори бачагонаи мактабҳои махсуси мусиқӣ истифода мегардад. Дар ин сурат ба ҳангоми омодагӣ гирифтан ин донишомӯзону ҳунаромӯзон аз дарсҳо ба ҳукми зарурат озод мешаванд. Яъне, онҳо бо ин ҳол барои аз худ кардани барномаҳои таълимӣ қафо мемонанд, ки, албатта, таъсири манфияш мерасад. Сухан дар бораи дур шудан аз таълим дар хусуси на чанд рӯзи дарсӣ, балки моҳҳо меравад. Агар нек бияндешем, масъала одӣ нест, ба ин навомӯзон як навъ ҷабр аст ва онҳо аз рушду такомул дар пешаи интихобкардаашон боз мемонанд.
Таъсиси хори бачагона ин мушкилоти мавҷударо барҳам мезанад. Дар ин ҳол кӯдакон пас аз таҳсил дар мактабҳо ду ё се соат ба ин хор ҷалб мешаванд ва меомӯзанду омодагӣ мегиранд. Ҳамин тавр, вақт самаранок истифода мегардад ва беҳуда сарф намешавад. Ин ҳам ба фоидаи онҳо ва ҳам ҷомеа аст.
Дар ин хор, ки тавре зикр шуд, дар кишвар таъсисаш бисёр ногузир мебошад, бояд кӯдакони аз 7 то 12 - сола ҷалб гарданд. Фаъолияту омӯзиши пайваста сурат бигирад. Дар барномаҳои консертии онҳо ҳатман аз маҳсули эҷоди композиторони маъруфу шинохта роҳ ёбанд. Мавзӯи сурудҳои онҳо, аз ҷумла Ватан, Тоҷикистони азиз, зебоӣ, бошад.
Албатта, аз рӯи талаботи кишварҳои мутамаддину пешрафтаву соҳибистиқлол ҳатман ин мушкилоти мавҷуда ҳалли дурусту пурраи худро меёбад ва чунин як хор таъсис меёбад. Аммо оне бештар муваффақ мегардад, ки пештар, агарчи на бештар, барои он иқдом меварзад. Оре, чунин аст, «ки пешоҳанг берун шуд зи манзил».

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2015    №: 224    Мутолиа карданд: 558

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед