logo

ҳуқуқ

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕАИ МУОСИР

Имрӯзҳо гаштаву баргашта зикр мешавад, ки густариши зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, барои инсоният хатари бузург эҷод намудааст.

Боиси таассуф аст, ки гурӯҳҳои алоҳидаи ифротӣ барои амалӣ сохтани ҳадафҳои нопоки худ аз роҳу воситаҳои гуногун истифода мебаранд. Ба сафи ин гуна ҳаракатҳои тундрав  шомил гардидани баъзе аз ҳамватанони  камтаҷриба ва ноогоҳи мо шаъну шарафи ҷавонони шарафманди тоҷикро коста мегардонад. Чаро барои ин гуна ҳадафҳои нопок маҳз ҷавонон ҷалб мешаванд?
Аз доираи арзишҳои умумибашарӣ берун будани ғояҳои ҳаракату ташкилоти тундрав имрӯз ба ҳар як аъзои ҷомеа возеҳу равшан аст. Тарғиби арзишҳои дурӯғине, ки ҷонибдорони гурӯҳҳои тундрав ва иртиҷоӣ пеш мебаранд, воқеияти арзишҳои умумибашариро, ки тӯли асрҳо шакл гирифтаанд, инкор менамояд ва паст мезанад.  Масалан, инкори арзишҳои пешқадами таълимоти динӣ дар густариши маънавиёт ва моддиёт, нодуруст инъикос намудани ин арзишҳо байни ҷомеа, тарғиби назарияҳои тафриқаангез ва ба ин васила ташаккул додани ҷанбаҳои хусумату бадбинӣ дар байни мардум, аз рӯи эътиқод ва ақидаҳо инсониятро ба баду нек ҷудо кардан, ангехтани низоъҳои динию мазҳабӣ ҷавҳари ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро ташкил медиҳад. Истифодаи террор ва тундравӣ дар роҳи ноил гардидан ба ҳадафҳои нопок асоси фаъолияти воқеии равияҳои ифротӣ буда, асли он мавқеъгирии ғайриқонунӣ ва аз доираи меъёрҳои башардӯстӣ берун ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумоти расонаҳои хабарӣ имрӯз дар нуқтаҳои даргири Ироқу Сурия панҷ ҳазор шаҳрванди ИДМ меҷанганд, ки аксаран ҷавононанд.
Ҷомеашиносон дар раванди омӯзиши падидаҳои ба табақаи ҷавонон хос, ҳамчунин масъалаҳоеро, назири таъсири институтҳои иҷтимоӣ, оила, таҳсилот, тамоюлҳои психологӣ, ташаккули маданияти ҷавонон, шаклгирии арзишҳо, олами маънавӣ, бовару эътиқод, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷавононро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ки дар раванди кор бо ҷавонон ва муносибат бо онҳо ба асосҳои илмии ин гуна пажӯҳишот эътибори ҷиддӣ додан барои ҳар нафари мо ҳатмист.
Сотсиологи амрикоӣ Ч. Глок омили асосии ба иттиҳодияҳои динӣ шомил гардидани ҷавононро бо кӯшиши ҷустани роҳи ҳалли буҳрони зиндагӣ аз ҷониби онҳо маънидод менамояд. Тибқи тавзеҳоти ӯ бархе аз ҷавонон дар мавриди олам ва мақоми худ дар он тасаввуроти амиқ надоранд. Маҳз ҷавонон табақаи нисбатан ҳассоси ҷомеа буда, бештару зудтар таҳти таъсири гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ҳатто сектаҳои мухталифи динӣ гирифтор мешаванд.
Дасткашӣ аз озодии шахсӣ, ғуломи ақидаи бегона гардидан инсонро аз овони ҷавонӣ дучори бадбахтӣ гардонда,  ӯ ва наздиконашро аз саодати озодӣ ва неъматҳои хуби зиндагӣ, махсусан эҳсоси дӯстӣ, муҳаббат, самимият, шавқу рағбати илмомӯзӣ, созандагӣ ва эҷодкорӣ маҳрум месозад.  Инсон ба олоти истисмори ҷисмонию маънавии ашхоси ғаразнок, гурӯҳҳои пуриқтидори сиёсӣ ва динӣ табдил меёбад. Ба чунин гурӯҳҳо ҷавононе бештар шомил мегарданд, ки ҳамеша тарс ва танҳоиро эҳсос менамоянд ва мехоҳанд ҷузъи таркибии як гурӯҳе бошанд. Ин тоифа фардияти хешро комилан аз даст дода, худро аз ҳисси ҷавобгарӣ нисбат ба тақдири хеш гӯё озод менамоянд. Маҳз чунин шахсон, ки аз озодию маънавият ва муҳимтар аз ҳама, аз арзишҳои волои инсонӣ худро иҷборан маҳрум сохтаанд, хавфи ҷиддиро дар ҷомеа ташкил дода, барои содир намудани рафтору кирдори хилофи меъёрҳои қонуну одамият қодир мебошанд.
Омили дигари густариши ҳаракатҳои тундрав бо зуҳуроти дигари тамаддуни ҷаҳонӣ - равандҳои ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ иртибот дорад. Ин раванд новобаста аз моҳияти аслии худ барои ташаккул ва хусусияти фарогир пайдо намудани фаъолияти созмонҳои ифротӣ мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дастовардҳои навтарини технологияи иттилоотиро ба манфиати ғаразноки худ - монипулятсияи шуури ҷомеа, махсусан ҷавонон васеъ истифода мебаранд. Шабакаҳои ҷаҳонии иттилооту коммуникатсия, телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо ба аслиҳаи асосии ташкилоти тундрав ва ифротӣ табдил ёфта метавонанд. Аз ин рӯ, сохторҳои илмии кишварро зарур аст, ки таҳқиқ ва омӯзиши бунёдӣ ва фарогири равандҳои нави ҷаҳониро ба роҳ монанд. Тавре Сарвари давлат таъкид медоранд: «Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар баробари дастовардҳои бузурги моддӣ ва иқтисодӣ ба комёбиҳои беназири маданиву фарҳангӣ ноил гардид.  Аз ин лиҳоз, ҷавонони имрӯзаро лозим аст, ки бо истифода аз тамоми имконият ва шароите, ки давлату Ҳукумати мамлакат барои таҳсил, кору фаъолият, фароғату беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокиашон омода ва пешниҳод менамояд, самаранок истифода намуда, ташаббускору созанда бошанд. Арзишҳои воқеӣ ва асилро аз тасаввуроти ғалату бардурӯғ ва муваққатӣ хуб фарқ карда тавонанд.

Ҷамшед ҶӮРАБОЕВ,
ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2015    №: 225    Мутолиа карданд: 746

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед