logo

фарҳанг

"Олиҳиммат"

«Баъди узви Иттифоқи нависандагон шуданам, - гуфт Ашӯр Сафар, - маро ба Душанбе, ба маҷлисе даъват карданд. Ба фурудгоҳ рафта, устод Вализодаро дидам, ки таҳи сояи дарахте баҳузур менишаст. Зиёраташ кардам.
- Ҳа, ту ҳам Душанбе меравӣ? – пурсид устод.
- Бале, маро ҳам даъват карданд, - ҷавоб додам ман.
- Ин хел ки бошад, рафта барои ман ҳам билет гир, якҷоя меравем, - амр кард Вализода.
Ман рафта ду билет гирифтам ва билети устодро оварда додам.
- Пулашро дар қиёмат мегирӣ, - гуфт Вализода ва билетро дуқат карда ба киса зад.
Дар Душанбе драматург марҳум Саидмуродовро вохӯрдем. Ҳар се якҷоя хӯрокхӯрӣ рафтем.
- Мулло Ашӯр! – боз амр кард устод Вализода. – Рафта сихкабоб биёр, пулашро Саидмуродов медиҳад.
Ман мақоли «харҷ агар аз кисаи мардон бувад»-ро ба хотир оварда, рафта кам не, ғам не, сӣ сих кабоб овардам. Вақти ҳисобӣ кардан Саидмуродов ҳар қадаре кисаҳояшро чаппаву роста менамуд, ғайри порчаҳои пйеса чизе намебаромад. Ночор пули сихкабобро ҳам ман додам. Баъд ба Вализода рӯ оварда гуфтам:
- Устод! Ман ҳамроҳи шумо гашта, дар бораатон хотираҳо навиштаниям. Пули билетатонро ман додам, пули сихкабоб ҳам аз кисаи ман рафт. Ин қадар хасисӣ карда, маро ғорат мекунед, чӣ хел дар бораи шумо хотираҳо менависам?
- Ҳамин ду хасисии маро навис, худаш як китоб мешавад, - табассумкунон ҷавоб дод Вализода».
Гурез САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2015    №: 227    Мутолиа карданд: 517

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед