logo

мулоқотҳо

СУҲБАТИ ДӮСТОНАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МАМНУН ҲУСАЙН

12 ноябр, бегоҳии рӯз, дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн суҳбат орост.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.
Мамнун Ҳусайн ҳавасмандии амиқи Покистонро ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки: “Покистон дарҳои худро ба рӯйи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо ҳамкории зичу пурсамар муносибатҳои худро ба сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳар ду ҷониб барорем”.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: “Густариши ҳамкории гуногунҷанба, инчунин рушду таҳкими равобити ҳасана ва афзалиятноки иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз самтҳои асосии ҳамкории хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад”.
Робитаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни ду ҷониб омили муҳим барои тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, дифоъ, амният ва фарҳангу маориф арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки он баҳри таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ имкониятҳои фарох муҳайё месозад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки рушди босуботи иқтисодиёти Покистон барои мо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Тавассути қаламрави ин кишвар Тоҷикистон метавонад ба наздиктарин бандарҳои баҳрии он - Қарочию Гвадар роҳ ёбад.
Вобаста ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон тайи солҳои охир, зикр гардид, ки бояд дар давоми се соли оянда ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то ба 500 миллион доллари ИМА афзоиш дода шавад.
Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории пурсамари ду кишвар баҳри истифодаи самараноки анборҳои бандари Гвадар ва Минтақаи озоди иқтисодии Панҷ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, мубориза бо терроризму экстремизм, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба нафъи кишварҳои минтақа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2015    №: 227    Мутолиа карданд: 566

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед