logo

фарҳанг

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУНАРМАНДИ ТОҶИК

Солисткаи Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода - Наргис Идиева дар «Фестивал – озмуни 7 – уми байналмилалии рақсҳои якка ба номи Маҳмуд Эсанбоев», ки дар шаҳри Грознийи Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гашт.

Дар ин озмуни бонуфуз ҳунармандони зиёда аз 15 давлати ҷаҳон ба монанди Юнон, Булғористон, Ветнам, Русия, Беларусия, Арманистон ва Гурҷистон ширкат доштанд. Дар озмун ҳунармандон Наргис Идиева ва Зокир Ортиқов аз рӯйи услуби «Рақси халқӣ» («Рақси якка») Шаҳноза Бадиева ва Суҳроб Солеҳов аз рӯйи услуби «Рақси халқӣ» («Дуэти рақсӣ») ба ҳайати доварон ва муштоқони рақси тоҷикӣ номераҳои ҳунарии худро пешниҳод карданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти озмун солисткаи ансамбли «Лола» Наргис Идиева барои иҷрои рақсҳои «Шодиёна» ва «Ҷилваи наргис» сазовори ҷойи аввал ва ҷоизаи асосии ҷашнвора гардид.  Ин дастовард аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ рақсҳои якка хеле равнақу ривоҷ ёфта,  он  дар сатҳи ҷаҳонӣ низ эътироф гардида истодааст.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» баъди бо тариқи озмун пурра гардондани ҳайати эҷодӣ ва аз нав таъйин намудани роҳбарияти он хеле фаъол гардидааст. Дар давоми шаш моҳи охир ҳайати эҷодӣ тавонист барномаи нави эҷодиро омода намояд, ки  дар он рақсҳои миллии тоҷикӣ ва халқҳои ҷаҳон ҷой дода шудаанд. Устодони рақс Фароғат Саидова ва Назиршо Раҷабов кӯшиш доранд, ки аз ҳисоби ҳунармандони болаёқати ансамбл барномаи онро ғанӣ гардонда, аз миёни ҷавонони лаёқатманд яккараққосонро тарбия намоянд. Сюитаҳои рақсӣ ва рақсҳои яккаи таҳиянамудаи ансамбл  ҷавобгӯйи сатҳи кунунии санъати хореографияи касбӣ мебошанд.

М. ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2015    №: 230    Мутолиа карданд: 517

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед