logo

маориф

МАКТАБИ ОФТОБӢ ДАР ДОҒИСТОН

Деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод аз дигар деҳоти ҷумҳурӣ бо мактабаш фарқ мекунад. Дар он соли дуюм аз панелҳои офтобӣ истифода мебаранд. Дар дабистони кӯҳистон барқи офтобӣ? Он чӣ хоса мактабест, ки аз офтоб рушанӣ мегирад?

Мактабест муқаррарӣ, гузашта аз ин, нав ҳам нест, соли 1975 сохта шудааст. Синфхонаҳояш шояд солҳои аввал зебою барҳаво буданд, аммо имрӯз ба чашми ман, ки ин ҷо аз пойтахт омадаму на маркази савдо, меҳмонхона, бозор ё ягон идораи давлатӣ, балки пеш аз ҳама, бинои мактабро беҳтарин иморати шаҳру навоҳӣ дидан мехостам, дилгир намуд. Шояд баъди ин ҳолаташро дидан, сарони маорифи ноҳияву вилоят дар паҳлуи бинои асосӣ боз як бино бунёд кардаанд бо синфхонаҳои барҳавою равшан, то ки хонандаҳо дар шароити беҳтар дониш андӯзанд. Рӯзҳои наздик бинои нав мавриди истифода қарор мегирад.
Вақте ба мактаби офтобӣ омадем, аз ҷумла омӯзгори фанни информатика Баҳриддин Мирзоев бо хонандаҳо дарс мегузашт. Ҳарчанд ин вақт дар деҳа қувваи барқ маҳдуд аст, мактаб бо барқ таъмин буд.
- Мо 14 компютер дорем. Ҳамааш коршоям. Солҳои пеш вақте барқро қатъ мекарданд, муҳаррики дизелиро ба кор медаровардем. Ду сол инҷониб, пас аз насб кардани панелҳои офтобӣ бо барқ таъминем ва дарси информатика низ сари вақт гузаронда мешавад, - бо қаноатмандӣ гуфт Баҳриддин Мирзоев.
Дар ҳама синфҳо, ҳуҷраи омӯзгорон ва долон чароғ буд. Чун нисфирӯзӣ ҳаво ба қадри кофӣ равшан буд, чароғҳоро фурӯзон накардаанд, сарфакоранд дар мактаб.
 - Ба сарвари ширкати “Системавтоматика”, марди сахӣ Умархон Мадвалиев изҳори сипос мекунам, ки барои мактаби мо панелҳои офтобиро ройгон насб кард ва дигар аз барқ азоб намекашем, - гуфт директори дабистон Латиф Назриев. - Чун барқи офтобӣ бепул аст, маблағ ҳам сарфа мешавад.
Воқеан, мактаби Доғистони дурдаст аз нахустин дабистонҳои ҷумҳурист, ки бо ибтикори Ҷамъияти саҳомии “Системавтоматика” аз неруи сабз - нури офтоб истифода мебарад. Зимни суҳбат бо сардори он, доктори илми физика Умархон Мадвалиев маълум шуд, ки “Системавтоматика” дар ҷумҳурӣ чанд сол боз бо истифодаи манбаи алтернативии неруи барқ - офтоб дар соҳаҳои гуногун машғул мебошад. Дар ин ҷода ба як қатор комёбӣ низ ноил гаштааст. Чун муште аз хирвор панелҳо ва коллекторҳои офтобиро дар беморхонаи Қарияи боло, Бонки миллии Тоҷикистон, истироҳатгоҳи “Баҳористон”, бинои серошёнаи истиқоматӣ дар пойтахт метавон ном бурд.
Ширкат бо мақсади истифодаи неруи сабзи дигар - шамол бо омӯзиши иқтидори он машғул аст. Агар иқтидори шамоли ин ҷо кофӣ барояд, бунёди неругоҳи шамолӣ лоиҳаи пилотии ширкат дар Шӯрообод хоҳад шуд.
 “Ҳангоми дар деҳа оид ба шамол тадқиқот бурдан бо вазъи ин мактаб шинос шудем. Ва қарор додем, ки он лоиҳаи пилотии мо дар истифодаи неруи алтернативии офтоб дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мешавад. Аз ҳисоби ширкат дар боми он панелҳои офтобӣ гузоштем. Ин кумаки мо ба омӯзгорону хонандагон аст, ки норасии неруи барқро ҳис накунанд”, - гуфт Умархон Мадвалиев.
Дар мактабҳои кишвар фасли сармо ҳангоми норасоии барқ генераторҳо истифода мешаванд. Ба фикри ӯ “Генераторҳо ду камбудии ҷиддӣ доранд. Аввалан, дар ҳавои сард истифодаашон душвор аст. Дуюм, барои хариди чунин таҷҳизот ва сӯзишворӣ пайваста маблағи зиёд зарур меояд. Барои насби панелҳои офтобӣ бошад, як бор пул сарф мекунеду баъд 15-20 сол бе хароҷоти иловагӣ аз барқаш истифода мебаред”.
Тоҷикистон захираи бузурги гидроэнергетикӣ дорад. НБО сохта мешаванд. НБО - Роғун мавриди истифода қарор гирифтанаш на танҳо эҳтиёҷи дохилиро пурра қонеъ месозад, балки дар ояндаи наздик Тоҷикистонро ба содиркунандаи барқ табдил медиҳад. Имрӯз бошад, мисоли мактаби Доғистон муфидии истифодаи неруи офтобро нишон медиҳад, ки он ҳамчун об арзон аст. Яъне метавонем дар ноҳияҳои дурдаст, ки он ҷо имкони сохтмони НБО - и хурд нест, аз ин неруи алтернативӣ истифода намоем. На танҳо дар мактабҳо балки дар дигар соҳаҳо низ.

Хуршеди ҶОВИД,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2015    №: 230    Мутолиа карданд: 652

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед