logo

ҳуқуқ

ВАҚТЕ ҶАВОНОН ҶАҲОНБИНӢ НАДОРАНД...

Инсоният дар оғози қарни нав ба марҳалаи ҷаҳонишавӣ, ки омили муҳими қаробати беш аз пеши кишварҳо ва халқҳои сайёра, рушди илму техника ва технологияҳои муосир мебошад, ворид гардидааст. Дар баробари ин, раванди ҷаҳонишавӣ ба пайдоиши таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, кӯч бастани садҳо ҳазор шаҳрванди давлатҳои ҷангзада ба дигар кишварҳо ва дар ин замина мураккаб гардидани вазъи ҷаҳон мусоидат намудааст.

Масъалаи пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ аз ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номуси миллат тақозо менамояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, сатҳи баланди дониш, малакаи коршиносӣ ва зиракии сиёсӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ба дини ислом нисбат додани терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, ҳамзамон доир ба оқибатҳои нодида гирифтани хатари он суханронӣ карданд. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари муаззами кишвар китоби «Қуръон»-и маҷид ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси шаҳрвандон гашт. Инчунин, дар давраи Истиқлолият афзудани теъдоди масоҷид, шумораи ҳоҷиён шаҳодати фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои фаризаҳои динӣ дар кишвар мебошад. Бо вуҷуди ин, баъзе афрод ба қадри сулҳу Ваҳдат намерасанд ва бо мақсади гумроҳ намудани ҷавонон ба ноором кардани вазъи кишварамон даст мезананд.
Дар бисёр ҳолат шаҳрвандони мо барои ёфтани посух ба саволҳои норавшани динӣ ба рӯҳониёни алоҳида ва шабакаҳои интернет рӯй оварда, ба доми таблиғотчиёни созмонҳои экстремистӣ меафтанд. Ин мубаллиғон муқаррароти «Қуръон»-и маҷид, ҳадис ва дигар сарчашмаҳои дини мубини Исломро ғаразмандона таҳриф намуда, муроҷиаткунандагонро ба беэҳтиромӣ нисбат ба қонунҳои дунявӣ ва иштирок дар «ҷиҳод» даъват менамоянд.
Ҳарчанд Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар оинномааш мақсадҳои худро ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, якпорчагӣ ва тамомияти арзӣ, истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон қаламдод карда бошад ҳам, дар амал фаъолияти он ба сиёсигардонии ислом ва суиистифода аз номи ин дини муқаддас равона шуда буд.
Солҳои охир аъзои ин ҳизби фаъолияташ қатъшуда даст ба қонуншиканиҳо зада, теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидоштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаву адолат барангехтаанд. Ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамуданд.
Тайи даҳсолаҳои охир ҳизбу ҳаракатҳои гуногуне пайдо шуданд, ки хусусияти ифротӣ дошта, бо фаъолияташон ба ҷомеа бадбахтӣ, бенавоӣ, харобиву саргардониҳо меоранд. Ин гурӯҳҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри ободию пешрафти ҷомеа ва роҳату осоиши инсоният нестанд, балки ҳамеша бо кирдорҳои номатлуби хеш ба ҷамъият зарар расонда, аҳолии осоиштаро дар гӯшаҳои гуногуни олам азият медиҳанд.
Ифрот ба маънои аз ҳад гузаштану зиёдаравӣ кардан аст. Гурӯҳи ифротӣ бошад, тафаккураш аз ҳадди эътидол, ақл ва мантиқ гузашта, ба як неруе табдил ёфтааст, ки танҳо худро ҳақ медонад ва дигаронро ботил мешуморад.
Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо ҳатто дорои саводи ибтидоии динӣ нестанд. Бо вуҷуди ба дин таваҷҷуҳ доштан, шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин, онҳоро аз номи дин бо суҳулат барои шомил шудан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ даъват мекунанд. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтад.  Бехабар аз он, ки на дар хизмати ислом, балки дар хизмати кадом як хоҷае қарор гирифтааст.
Барои пешгирии ин маърифати динӣ ва сиёсии мардум, хоса ҷавононро бояд баланд бардошт.

Пирназар КАРИМЗОДА,
муовини прокурори шаҳри Қайроққум,
мушовири адлияи дараҷаи дуюм


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2015    №: 230    Мутолиа карданд: 655

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед