logo

фарҳанг

ҶИЛВАИ ЧАКАН

Ҷумҳурии Тоҷикистон номинатсияи санъати чакандӯзиро ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои сабт ба Феҳристи репрезентативии «ЮНЕСКО» пешниҳод намуд. Ба феҳристи мазкур ворид шудани санъати чакандӯзӣ, пеш аз ҳама, ба муаррифӣ, рушди он дар ҷумҳурӣ, миқёси ҷаҳон ва ҳифзу идомаи анъанаҳои чакандӯзӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар маъхазҳои таърихӣ омадааст, ки чакан таърихи беш аз 1800 сола дошта, намунаи онро бостоншиносон аз деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба даст овардаанд. Дар он нақши «Дарахти ҳаёт» бо усули классикӣ бо ранги бунафш дар матои абрешимӣ тасвир шудааст. Нақши «Дарахти ҳаёт» баъдан дар либоси тоҷикии давраҳои гуногун ба таври васеъ истифода шуда, то ба имрӯз омада расидааст.
Ба ақидаи сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Қурбон Афғонов, «санъати чакандӯзӣ ҳамчун як унсури ҳувияти миллӣ аз замонҳои пеш то ба имрӯз нақши гуногунро дар ҷомеа дорад. Он воситаи таҳия ва ороиши либосу маҳсулоти маишии хонавода (парда, чодар, бардеворӣ, болишт ва ғайра) буда, дар ҳамаи хонаводаҳои кишвар ба назар мерасад. Чакандӯзӣ ифодакунандаи зебоӣ, рамзи ҳамгироии инсону табиат ва инсондӯстӣ мебошад.
Ҳар як гуле, ки бо нӯги сӯзан офарида мешавад, шинохти дунёст, ки асрҳо боз дар шуури мо нақш бастааст. Он гувоҳи ривоҷи маънавӣ, ғояҳои инсонгароии миллати мо буда, аз фарҳанги бою ғании халқамон дарак медиҳад.
Дар бораи чакан мо метавонем аз «Авасто» то «Шоҳнома» маълумот дастрас намоем. Аз чакан ва чакандӯзӣ дар осори Ҷайҳонӣ, Табарӣ, Муқаддасӣ, Мирхонд, Хондамир, Ҷалолуддини Балхӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва Аҳмади Дониш низ ёд шудааст. Оид ба равияҳои гуногуни гулдӯзӣ, сабкҳо ва таърихи он муҳаққиқони зиёде, аз қабили А. Бобринский, М. Винокурова, Н. Юнусова, М. Рӯзиев, Г. Майтдинова, Л. Додхудоева, Ш. Абдуллоева, Х. Содиқова, А. Аминова, М. Ғаниева, Ф. Руҳулова маълумоти фаровоне гирд овардаанд.
Барои рушди ин соҳа дар шаҳри Кӯлоб соли 2005 Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Чакан» таъсис ёфт, ки чеварони гулдасти минтақаи Кӯлобро гирд овардааст.
Бо мақсади мусоидат намудан ба бунёди инфрасохтори ҳунарҳои бадеии мардумӣ, такомулу ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон, эҳёи суннатҳои бадеӣ, арзишҳои фарҳанги миллии ғайримоддӣ (ҳунарҳои гулдӯзӣ, зардӯзӣ, чакан, атлас, читгарӣ, бофандагӣ, ороиши суннатӣ), ривоҷу равнақи анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Фестивалҳои ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан» ва «Хандаи ҳусн» гузаронда шуд.  Бино ба маълумоти Қ. Афғонов «ғояи асосии Фестивалҳои ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан» ва «Хандаи ҳусн» пайравӣ аз суннату анъанот ва фарҳанги чандҳазорсолаи ниёгон, пайванди анъанавии гузаштаву имрӯзаи ахлоқиву зебоипарастии он,  эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Инчунин, мақсади дигари баргузории фестивал дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии ҳунармандон ва такомули неруи эҷодии онҳо, муаррифии намунаҳои барҷастаи ҳунарҳои бадеӣ ва рушди корхонаҳои хурди ҳунарҳои бадеӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, зиёд намудани таваҷҷуҳи мардум, хусусан, ҷавонон ба ҳунарҳои дастӣ, дастгирии шуғли занони ҳунарманд, ҳифзи асолати мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки симои фарҳанги миллӣ аст».
Ҷамъбасти фестивал оғози моҳи ноябри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир гардид. Дар дохили бино намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва  китоб ташкил карда шуд. Дар фестивал намоиши маҳсулоти замонавии тарроҳони касбӣ, ки ба анъанаи гулдӯзӣ ва чакандӯзӣ иртибот доранд, созмон дода шуданд. Барои боз ҳам ҷолибу рангин гузаштани чорабинӣ барномаи хуби консертӣ таҳия шуд.
А. САМИЪ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2015    №: 229    Мутолиа карданд: 1878

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед