logo

ҳуқуқ

ДИҚҚАТ, АЗ ҚАЛЛОБОН ЭҲТИЁТ БОШЕД?

Солҳои охир ҷалби сармояи хусусӣ ба фаъолияти хоҷагӣ, муомилоти тиҷоратӣ, муносибатҳои қарзӣ ва дигар шаклҳои муомилоти байни шаҳрвандон, ки шарти муҳими рушди иқтисодиёт ва фаъолияти соҳибкорӣ мебошанд, рӯ ба афзоиш овардааст. Дар баробари ин, муносибатҳои мазкур барои суиистифода аз зудбоварӣ, бо роҳи фиреб тасарруф намудани маблағ ва молу мулки шаҳрвандон тавассути ҳар гуна муомилоти шубҳанок ва найрангҳои молиявӣ шароит фароҳам меоранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба хусусиятҳои алоҳидаи содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ пешгирии онҳо дар марҳалаҳои аввал хеле душвор мебошад. Зеро дар бисёр ҳолат ҷабрдидагон то гузаштани муҳлати муайян сарфаҳм намераванд, ки ба доми фиреби қаллобон афтидаанд. Чунин ҳолат ба ҷинояткорон имкон медиҳад, ки дар ин муддат боз кирдорҳои нави қаллобӣ содир намоянд.
Яке аз сабабҳои асосии фиреб хӯрдани шаҳрвандон ин ноогоҳии онҳо аз  қоидаҳои тиҷорат, бастани аҳдҳои бекафолат бо шахсони беэътимод оид ба харидуфурӯши манзилҳои истиқоматӣ ва дигар молумулк буда, боиси зарари моддӣ   диданашон  мегардад. Чунончи,  сокини шаҳри Душанбе Н. Шмаков ва дигарон моҳи январи соли 2009 ба боварии шаҳрванд А. Латипов  даромаданд ва манзили истиқоматиашро ба гарави бонк гузошта, 20 ҳазор доллари ИМА гирифтаанд. Онҳо ба ӯ ваъда медиҳанд, ки  ба номаш нуқтаи  фурӯши сӯзишворӣ  ва ширкати хусусиро  ҳуҷҷатгузорӣ менамоянд. Вале ба ваъда вафо накарда, ғайб мезананд.
Ҳамзамон, солҳои охир ҳодисаҳои фиреб додани шаҳрвандон дар масъалаи қарзгирӣ ва қарздиҳӣ бо фоиз боиси нигаронӣ гардидааст. Гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки  бо ваъдаи додани фоизи баланд маблағҳои мардумро гирифта, аз баргардондани онҳо саркашӣ  менамоянд.
Дар баъзе ҳолат қаллобон  маблағҳои пулӣ ва воситаҳои нақлиёти шаҳрвандонро бо баҳонаҳои гуногун нася гирифта, баъд аз худ дарак намедиҳанд. Масалан, сокини шаҳри Душанбе Б. Юлдошев, ки қаблан чанд маротиба барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ маҳкум шуда буд, солҳои 2011-2013  дар 13 ҳолат ба боварии шаҳрвандон даромада, воситаҳои нақлиёт ва пули онҳоро ба маблағи 1 412 400 сомонӣ ба тариқи нася ва бо баҳонаи қарз гирифта, барнагардондааст.
Дар мавриди ҷудо намудани қитъаи замин низ ҳолатҳои зиёди қаллобӣ ба мушоҳида мерасанд. Сокини ноҳияи Бохтар М. Давлатшоев, ки ба ин кор ягон ваколате надошт, солҳои 2013 - 2014 ба боварии  21 нафар сокини ин ноҳия даромада, аз онҳо барои додани қитъаи замин ва бо ҷойи кор таъмин намудан аз  3000  то 15 ҳазор доллар,  ҷамъ 85 150 доллари ИМА, ки бо қурби асъори миллӣ 438 867 сомониро ташкил медиҳад, азхуд намудааст.
Ҳамин тавр, афзоиши ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҷумҳурӣ дар даҳ соли охир тамоили устувори афзоишро касб карда, аз 1 044 адади соли 2006 ба 2 854 - то  дар соли 2014 расидааст.
Таҳлилҳо собит намуданд, ки  шаклҳои нисбатан паҳншудаи  қаллобӣ дар солҳои охир инҳо  мебошанд: бидуни нияти баргардондан қарз ё аз тариқи нася гирифтани маблағҳои пулӣ  ё молу маҳсулот  аз шаҳрвандон; бо фиреби ба гарав  гузоштани манзилҳои истиқоматии дигарон ва гирифтани қарзҳои бонкӣ бо тасарруфи минбаъда; дидаву дониста  мавриди харидуфурӯш қарор додани манзилҳои истиқоматӣ ва дигар амволи  баҳснок;  харидуфурӯш намудани  қитъаҳои замин;  истифодаи нуфуз ва имкониятҳои воқеӣ ё бофташуда ҷиҳати раҳгум андохтан ва тасарруф намудани амволи шахсони боваркарда; миёнаравӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти мақомоти давлатӣ (таъйин ба вазифа ё ҷойи кор, сафари ҳаҷ, гирифтани шаҳрвандии хориҷӣ, аз маҳбас озод намудани хешовандон); ташкили “пирамида” - ҳои молиявӣ ва дигар бозиҳои пулӣ бо ҷалби маблағҳои миқдори зиёди шаҳрвандон. 
Мутаассифона, бисёре аз сокинони кишвар аз қаллобиҳои густурдаи ташкилкунандагони “пирамида” - ҳои молиявӣ, аз қабили ширкати “Ҷамол компания”, ки бо роҳи фиреб мардумро сарсону саргардон  намуда буд, сабақ  нагирифтаанд. Шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Бенҷамин Тан Андая бо мақсади қаллобӣ Ширкати тиҷоратии «Шабакаҳои барқии Тоҷикистон»-ро  таъсис дода, бо қиссаи бофташуда, ки ин ширкат намояндагии худро дар Украина, Қирғизистон, Эрон  ва дигар давлатҳои пешрафта ифтитоҳ намудааст, мардумфиребӣ кардааст. Ӯ бо ҳамин роҳ «пирамида» -и  молиявӣ ташкил дода, аз ҳар шахси ба узвият воридшаванда ба сифати аъзоҳаққӣ 290 доллар, бо шарти ҳар моҳ додани 30 фоиз фоида, гирифтааст. Номбурда барои пурра ба боварии шаҳрвандон даромадан тавассути шабакаи интернетӣ, дар сайти ширкати «SEANET INTERNATIONAL GROUP» ҳар як сармоягузорро бо нишон додани «зина», «рақами рамзӣ» ва маблағи супурдааш ба қайд гирифта, ба ҳамон маблағ тавассути компютер сертификати маблағи пардохтшударо бе ягон имзо ва муҳри тасдиқкунанда дода, онҳоро аъзои ширкат эълон кардааст.   Бо ин баҳона  номбурда  дар давоми моҳи июли соли 2009 то  январи соли 2011 аз 230 шаҳрванди Тоҷикистон ба сифати сармояи воридшавӣ беш аз 177 ҳазор  доллар қабул карда, ин маблағҳоро тасарруф намудааст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки аксари арзу шикоятҳои ба Прокуратураи генералӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воридшуда, ба муносибатҳои қарзию молумулкии байни шаҳрвандон, хешу таборон ва соҳибкорон вобастагӣ дорад. Тибқи қонунгузорӣ ҳалли ин масъала ба ваколати мақомоти судӣ вогузор шудааст.
Тавре зикр намудем, баъзе шаҳрвандон талаботи қонунҳои ҷориро риоя наменамоянд, ҳол он ки баҳсҳои ба муносибатҳои гражданӣ ва қарзии молумулкии байни онҳо ва соҳибкорон иртиботдошта бо кодексҳои гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ ва мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудаанд. Тибқи талаботи кодексҳои зикршуда чунин баҳсҳо ба тариқи судӣ ҳал мешаванд ва шаҳрвандонро зарур аст, ки вобаста ба рӯёндани маблағҳои қарзӣ бо асосҳои умумӣ ба суд муроҷиат намоянд.

Рустам САИДОВ,
прокурори Раёсати назорати
иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои
дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари
Прокуратураи генералӣ,
мушовири адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2015    №: 229    Мутолиа карданд: 622

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед