logo

фарҳанг

ҲИСОР - МАКТАБИ ПАРВАРИШИ ЧОРВОИ ХУШЗОТ

Иқлими нарми ноҳияи Ҳисор дар баробари боғдорӣ барои парвариши чорво, махсусан говҳои хушзот мусоид аст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2011 зимни як сафари корӣ ноҳия Ҳисорро минтақаи намунавии таҷрибавӣ барои парвариши говҳои зоти сиёҳало номида буд. Супоришҳои Сарвари давлат чӣ гуна иҷро мешавад? Рафти татбиқи барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди зотпарварӣ ва хушзотгардонии чорво дар чӣ вазъ аст? Технологияҳои нави истеҳсолӣ дар бахши чорводорӣ чӣ гуна ҷорӣ мешаванд? Ба ин ва пурсишҳои дигари хабарнигори «Ҷумҳурият»  Шариф Абдуллоев, муовини раиси ноҳияи  Ҳисор, чунин посух дод:

- Рафти иҷрои барномаи мазкур зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулони бахши чорводорӣ қарор дорад. Саршумори гов то имрӯз дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ноҳия ба 4870 сар расидааст, ки қариб 1600 сари он ҷӯшоӣ мебошад. Натиҷаи кори  пурсамари кормандони хоҷагиҳо буд, ки дар 10 моҳи соли равон аз ҳар як сар модагов 3361 литр шири аълосифат гирифта шуд. Ин дар тамоми мамлакат нишондиҳандаи хуб ба ҳисоб меравад.
Соли 2014 аз ҳар сар гови ҷӯшо 4878 литр шир истеҳсол гардид. Хоҷагиҳои ба номи Латиф Муродов, «Баракати чорводор», ба номи Абдурауф Юсуфов  ва «Самар» бо истифода аз технологияи пешқадами муосир аз ҳар сар гови ҷӯшо  5000 - 6200 литр шир истеҳсол карданд.       
Чорводорони Ҳисор  дар фаровонии неъмати дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт ҳиссаи муносиби худро мегузоранд. Ҳар рӯз аз тарафи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хусусию инфиродӣ 30  - 35 тонна шир ба  шаҳри Душанбе ворид мешавад.
Қобили зикр аст, ки аввалин шуда дар ҳудуди кишвар хоҷагиҳои чорвопарварии Ҳисор дар истеҳсолот технологияи муосири замонавиро ҷорӣ намуданд. Айни ҳол дар фермаи ширию молии хоҷагии зотпарварии «Баракати чорводор» 2 комплекси замонавӣ, ки ҳар кадом барои 528 сар мол пешбинӣ  шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Инчунин, дар ин хоҷагӣ корҳои нигоҳубин, муоинаи тиббӣ, бордоркунӣ ва наслгирӣ ба воситаи компютер идора карда мешаванд. Бо  таҷҳизоти махсуси говҷӯшӣ дар як вақт 24 сар говро меҷӯшанд. Сохтмони боз як комплекси дигар идома дорад ва дар он ҳамаи корҳои хоҷагидорӣ ба воситаи технологияи муосир идора карда мешаванд.
Чунин комплекси замонавии муосир дар хоҷагии ба номи Абдурауф Юсуфов низ барои 320 сар мол ба истифода дода шуд.  Дар ин ҷо якбора ҷӯшидани 32 сар модагов ба воситаи компютер имкон дорад. Рӯзҳои наздик васл намудани чунин таҷҳизоти замонавӣ дар хоҷагии ба номи Латиф Муродов  дар назар аст.
Бартарии ин навъи таҷҳизот аз он иборат аст, ки дар як вақт кори чанд нафарро иҷро менамояд, сифати маҳсулот нисбат ба кори дастӣ хеле беҳтар ва арзиши аслии он арзон мешавад. Маҳсулот аз ҷиҳати экологӣ тоза  ва сифати он ба талаботи меъёрҳои санитарӣ - эпидемиологӣ ҷавобгӯ аст.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти мо зиёд намудани  саршумори чорво мебошад. То имрӯз хоҷагиҳои ҷамъиятӣ қариб  1000 сар гӯсола  гирифтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 сар зиёд аст.
Барои бо хӯрока таъмин намудани чорво хоҷагии ба номи Латиф Муродов дар майдони 295 гектар ҷуворимакка кишт намуд. Деҳқонони хоҷагӣ соли гузашта аз ҳар гектар 80 сентнер дони ҷуворимакка ба даст оварда буданд ва кӯшиш доранд имсол низ ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намоянд.
Барои пешравии соҳа айни ҳол мушкиле надорем. Талош мекунем, ки саршумори чорворо зиёд намуда, истеҳсоли ширро аз ҳар сар модагов ба 5500 литр расонем.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
 «Ҷумҳурият»    
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.15    №: 231    Мутолиа карданд: 579

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед