logo

фарҳанг

МАН АЗ ЗАМИНАМ, АЗ ХОКАМ

Китоби «Доғҳои офтоб»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ соли 2013 мунташир шуд. Ин нахустин китобест, ки пас аз марги нависанда ба дасти хонандагон расидааст. Роҷеъ ба ин асар ба ҷуз хабарҳои расмӣ ва мусоҳибаҳои онӣ он солҳо андешаи дигаре гуфта нашуд.
Пас аз замони зиёд мурури мундариҷа ва баъзе аз ишораҳои нашрӣ касро ба андешаву тааммул вомедорад. Дар зеҳн пурсишу норавшаниҳои пуршумор пайдо мегарданд. Масалан, дар оғози китоб дар қисмати ахбори нашриёт зикр шуда, ки «Доғҳои офтоб» фарогири повестҳои нависанда аст. Зимнан қобили қайд аст, ки «Доғҳои офтоб» повести ҷудогонаест, ки китоб бо он шурӯъ мешавад ва бар маснади унвони китоб ҳам нишастааст. Ба андешаи мо сардаргумӣ дар дарки матлаб маҳз аз ҳамин нукта оғоз мегардад. Зеро осоре, ки дар маҷмӯа гирд омада, ҳамагӣ посухгӯи иқтизову талаботи жанри повест нестанд, ки таҳқиқу тафсираш аз доираи ин мақола берун аст.
Қабл аз оғози достон пурсишҳое перомуни зиндагӣ ва рӯзгори Одаму Ҳаво оварда шудааст. Бозхониву бозандешӣ дар матни достон касро ба натиҷа мерасонад, ки аслан ҳадафи аслии нависанда дар даври қиссаи қуръонии Одаму Ҳаво ва моҷарои шигифтангези дур шудани эшон аз биҳишт чарх мезанад.
Ин қисса як баҳонаест, ки зеҳни нависандаро ба сӯйи рози хилқату офариниш мекашонад. Қаҳрамони достонро шигифтиҳои хилқат, асрори вуҷуд, ҷойгоҳу рисолати инсон дар домани замин маҷзуб месозад. Ба ёди рӯзи офариниш меафтанд ва ғарқ дар гирдоби афкори малакутӣ зери лаб садо мезанад: «Ман аз заминам, аз хокам…».
Зистан дар домани замин, пайванду иртиботи ҷониву хунӣ доштан бо хок аз дарунмояҳои калидии навиштаи болоист, ки сохту шеваи вуҷудаш ровиву қаҳрамони достонро мутааҷҷиб мегардонад. Хезобе аз андешаҳо дунёи қаҳрамонро туфонӣ месозад. Ҳар як андеша мехоҳад ҷамолу шукӯҳи худро ба намоиш бигузорад, аз ҳузуру мавқеияти худ хабар диҳад, вале суръати баён дар ниҳоди бархе пиндорҳо ба гунаест, ки имкони баёни комилро аз дигарон салб мекунад ва як навъ парокандагӣ мобайни афкор пайдо мегардад. Аз сӯйи дигар чунин шеваи хоси ҷараёни сюрреалистӣ ё фаровоқеият аст, ки зиндаёд Сайф аз имконоту зарфияти он баҳраҳои фаровон бурдааст. Аслан тибқи дидгоҳҳои ин мактаб дар тавсифу бозтоби зиндагӣ набояд зиддияту мухолифате миёни хобу бедорӣ, андешаву амал, мантиқу девонагӣ, зеҳнияту айният, инсону иҷтимоъ вуҷуд дошта бошад. Муҳим аз ҳама андешаи инсон бояд озод, раҳо аз ҳар гуна садду монеа бошад. Қаҳрамони «Доғҳои офтоб»  мисли ин ки аз чунин озодӣ бархӯрдор аст. Шояд нуктаи дигари арзишманд дар «Доғҳо …» ҳамин масири шинохти рози вуҷуд, дунёи даруни хеш аст, ки душворёб аст ва замоне ақл дар идрокаш тираву хира мешавад.
Мавзӯи дигари пураҳамият сайрҳои равонии қаҳрамон атрофи пайвандҳои хонаводагӣ ва бастагии онҳо ба замин аст. Ровӣ худро зодаву парварда, нашъатгирифта аз ҳамин хокдон, аз замини пеши хона медонад. Ба қавли ӯ дар тарбияту камолаш тамоми дороии ин замин, ҳатто дуди оташгаҳаш саҳм дорад.
Яке аз вижагиҳои сабкии Сайф ин аст, ки замони гузор аз як саҳна ба саҳнаи дигар бо истифода аз сенуқтаҳо лаҳзае ист, таваққуф эҷод мекунад, то хонанда битавонад ҳавоси гирифтори худро муназзам созад, зеҳнашро барои роҳёбӣ дар марзҳои тозаи андеша омода созад, барои қиёсу қазовати саҳнаҳои мушоҳидашуда тасмим бигирад. Ҳамин тавр, дар домани ҳастӣ ҳама мавҷудот пайванди қавӣ бо ҳам доранд. Яке бо гарав, гузоштани вуҷуди худ ҳастии дигареро сабабгор мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.15    №: 231    Мутолиа карданд: 507

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед