logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳо Фарҳод Тоҳиров, адвокати Маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 муроҷиат намоянд.

- Ман ва шавҳарам кироягири манзил будем. Қарор дар бораи фурӯхтани хона ба номи шавҳарам қабул шуд. Маблағи арзиши хонаро супурдем, вале аз сабаби вафоти ногаҳонии шавҳарам шартномаи хариду фурӯш баста нашуд. Муддати 23 сол аст, ки хонаро соҳибӣ мекунем. Чӣ тавр ҳуҷҷатгузории манзилро дуруст намоем?
МАЙДАГУЛ,
истиқоматкунандаи шаҳри Қӯрғонтеппа

- Кироягири манзили истиқоматӣ ҳуқуқ дорад, ки хонаи таҳти истифодааш қарордоштаро бо роҳи харидани он ба моликияти хусусӣ табдил диҳад.  Ин муқаррарот дар қисми 6-и моддаи 111-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Агар байни тарафҳо аз рӯи ҳама шартҳои асосии шартнома созиш ба даст омада бошад, шартнома басташуда дониста мешавад. Аз ин рӯ, агар маблағи арзиши манзил ҳанӯз 23 сол пеш супурда шуда, дар ин давра манзил таҳти истифода ва соҳибии харидор қарор гирифта бошад, он гоҳ шумо ба суд аризаи даъвогӣ оид ба басташуда эътироф кардани шартномаи хариду фурӯш пешниҳод мекунед. Баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд ба идораи нотариалии маҳали ҷойгиршавии манзили истиқоматӣ бо ариза оид ба қабули мерос муроҷиат менамоед.

- 2 марти соли 2011 барои содир намудани ҷинояти нашъамандӣ ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум шуда будам. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» 16 - уми октябри соли 2011 ба озодӣ баромадам. Имрӯз фарзанди ман мехоҳад дар сохторҳои қудратӣ кор кунад ва ё дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ таҳсил намояд. Оё ин имкон дорад?
Шодиҷон ГУЛАҲМАТОВ, сокини ноҳияи Восеъ

- Дар хусуси хоҳиши дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ таҳсил намудан ва дар оянда дар мақомоти қудратӣ кор кардани фарзандатон ҳаминро гуфтанием, ки қонунгузории амалкунанда барои таҳсил намудан дар факултаи ҳуқуқшиносӣ ба довталабоне, ки нафаре аз хешовандони наздикашон суд шудааст ё доғи судӣ дорад, ягон намуди маҳдудиятро пешбинӣ накардааст. Аз ҷумла, барои ба мақомоти қудратӣ ба кор қабул шудан низ қонунгузорӣ барои шахсоне, ки хешовандони наздикашон суд шудаанд ё доғи судӣ доранд, маҳдудият нагузоштааст.
Агар фарзанди шумо шахсан барои содир намудани ҷиноят маҳкум нашуда ва ё доғи судӣ надошта бошад, қонунгузорӣ барои дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ таҳсил намудан ва дар оянда барои дар сохторҳои қудратӣ кор карданаш ягон маҳдудият пешбинӣ накардааст.

- Ман дар асоси ҳуҷҷатҳои муайян соҳиби манзили истиқоматӣ будам. Дар давраи дар Федератсияи Русия барои таҳсил рафтанам, шахсони бегона бо тариқи ба суд пешниҳод кардани даъво хонаамро соҳиб шудаанд. Пас аз баргаштан бо қарори суд шинос шудам ва фаҳмидам, ки суд бе иштироки ман ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиамро бекор карда, соҳибияти дигар шахсонро ба манзили истиқоматиам эътироф кардааст. Ман чӣ кор бояд кунам?

Худойдод БОЙМУРОДОВ,
аз шаҳри Қӯрғонтеппа, шаҳрванди Федератсияи Русия

- Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи санадҳои судии қабулнамудаи судҳои зинаи аввал ба судҳои марҳалаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ шикоят пешниҳод кардан мумкин аст. Шумо агар аз қарори қабулнамудаи суд норозӣ бошед, метавонед дар доираи муҳлати муқарраршуда бо шикоят ба суди болоӣ муроҷиат намоед. Аммо Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи дигари шикояти қарорҳои судиро пешбинӣ кардааст, ки он аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи суд вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида мебошад. Ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи суд вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоршуда танҳо аз тарафи иштирокчии парванда метавонад пешниҳод гардад. Агар дар парванда шумо ҳамчун иштирокчӣ гузаред, вале суд бо сабабҳои дахлдор бе иштироки шумо масъаларо баррасӣ карда бошад, дар ин ҳолат метавонед оид ба бекор кардани ҳалномаи суд вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида ба худи ҳамин суд ариза пешниҳод намоед.
 
Шуъбаи ҳуқуқии рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20,11,15    №: 231    Мутолиа карданд: 565

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед