logo

ҳуқуқ

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛИ 2016 ТАСДИҚ ШУД

Ҳаҷми умумии қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ба маблағи 18,3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки нисбат ба соли ҷорӣ беш аз 3 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 ноябр дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018 гуфт, ки дар он, пеш аз ҳама, самтҳои стратегияи миллӣ, стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018, барномаҳои афзалиятноки соҳавӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст, инчунин дархости вакилони Маҷлиси намояндагон ва пешниҳодҳои мақомоти  ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудааст. Назар ба гуфтаи вазири молия, дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ захираҳои молиявии давлатӣ, аз ҷумла маблағҳо барои татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ 3,4 миллиард сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 936,2 миллион сомонӣ, даромади ҷории Буҷети давлатӣ 13,6 миллиард сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии Буҷети давлатӣ 348 миллион сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Ҳиссаи ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 31,7 дарсад ва даромади ҷории он ба 34,7 дарсад баробар мегардад.
Дар соли 2016 ҳиссагузорӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ 1,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ 299,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Абдусалом Қурбониён зикр кард, ки дар доираи Барномаи стратегияи давлат дар лоиҳаи буҷет барои маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад 8,3 миллиард сомонӣ бо афзоиши 586,8 миллион сомонӣ равона мегардад. Аз ҷумла, ба соҳаҳои маориф 3,1 миллиард сомонӣ, тандурустӣ 1,3 миллиард сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа 3,1 миллиард сомонӣ, фарҳанг 828,3 миллион сомонӣ ва соҳаи илм 76,6 миллион сомонӣ равона мешавад.
Барои маблағгузории афзалияти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, роҳҳои автомобилгард, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳо, бо оби нӯшиданӣ таъмин намудани аҳолӣ, инфрасохтори хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмони дигар иншооти муҳими давлатӣ дар лоиҳаи буҷет 6,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, барои комплекси сӯзишворӣ ва энергетика ба маблағи 4,1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 2,1  миллиард сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 846 миллион сомонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ 430,2 миллион сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 661,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои супориши Сарвари давлат барои дастгирии соҳибкорон ва рушди соҳибкории хурду миёна 120 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барои фаъолияти сиёсати берунии ҷумҳурӣ, нигоҳдории мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, таъмини бехатарӣ ва мудофиаи кишвар ва ҳиссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар лоиҳаҳои инвеститсионӣ маблағҳои зарурӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ба гуфтаи вазири молия, дар давраи миёнамуҳлат барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қарзи берунию дохилӣ дар соли 2016 ба хизматрасонии онҳо 1301,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти қарзҳои асосии берунӣ 853, 6 миллион сомонӣ ва пардохтҳои фоизӣ аз рӯи онҳо 270,3 миллион сомонӣ, инчунин хизматрасонии қарзи дохилӣ 177,6 миллион сомонӣ зарур мебошад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20,11,15    №: 231    Мутолиа карданд: 714

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед