ҳуқуқ
ХУДШИНОС ГУМРОҲ НАМЕШАВАД
Ҳукумати мамлакат барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ҷинояткор, ҳизбу созмонҳои террористию ифротгаро, тамоюлҳои бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги ғайр, дар рӯҳияи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани насли наврас тадбири зиёд роҳандозӣ намудааст. Бо ибтикори вазорату кумитаву сохторҳои дахлдор баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ яке аз ин гуна тадбирҳост. Ин аст, ки рӯз ба рӯз сафи пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ коҳиш меёбад. Яъне, баргузории нишасту конфронсҳои муштарак ва вохӯриву мулоқот бо аҳолӣ натиҷаи дилҳоҳ дода истодаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, ки терроризму экстремизм сарҳад, Ватан, миллат ва мазҳаб надоранд. Мутаассифона, дар ин давраи пур аз таззод афрод ва гурӯҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷӯ бо тариқи мағзшӯӣ, бо истифода аз дини мубини ислом гурӯҳе аз ҷавононро гумроҳ намуда, ба вартаи ҳалокат мекашанд. Бе ҳеҷ шакку шубҳа, сабаби ба дасисаву найранги хоҷагони хориҷӣ дода шудани наврасону ҷавонон надоштани саводи кофӣ ва дарк накардани моҳияти асосии дини мубини ислом аст.
Дар баробари он, ки дар таълиму тарбияи насли наврас мактаб ва оила нақши муҳим мебозад, ҷомеа низ дар ин самт бетаъсир нест. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари наврасони мо дар ҷомеа «ман»-и худро намеёбанд. Яъне, ин ё он нафарро идеал интихоб намуда, аз пайравиву тақлид раҳо шуда наметавонанд. Аз ин рӯ, зери таъсири ғояву идеологияи бегона мондани онҳо осон мешавад. Аммо:
Набояд рафт андар сояи
шахси дигар ҳаргиз,
Ки охир меравӣ умре надида
сояи худро.
Надонистан ва огоҳ набудан аз маърифати ислом, фармудаҳои «Қуръон» - у ҳадисҳои Паёмбар (с), зудбоварӣ ба мубаллиғони бадхоҳ сабаб мегардад, ки кас роҳгумзада шавад. Ба таъбири Сино «Ҳар кас одат кунад, ки ба ҳар далел ҳар ҳарферо бовар кунад, аз сурати одамӣ хориҷ мешавад». Бинобар ин, ҳар инсон бояд худшинос бошад ва аз рӯи ақлу фаросати худ ба нафъи халқу Ватан хизмат кунад. Ба қавли донишманд Лорд Авебурӣ, мушкилтарин кор ин аст, ки инсон худро бишносад ва осонтарин кор ин аст, ки аз дигарон айбҷӯӣ кунад. Воқеан, барои худшинос будан вақт ва меҳнати зиёд лозим аст. Баъзеҳо таърихи гузаштаву имрӯзи худро наомӯхта, ба халқу миллатҳои дигар бартарӣ медиҳанд, ҳаваси дар хориҷи кишвар зиндагӣ кардан дар сар мепарваранд. Чунин инсонҳоро ба осонӣ фиреб додан мумкин аст. Онҳо, ки худро нашинохтаанд, ба ҳар кор қодиранд.
Барои пешгирии ин раванди хатарзо аз ҳамкории пайваста бо аҳолӣ метавон суди зиёд бардошт. Ин иқдом аллакай аз ҷониби масъулон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва ҳатто, бо ҳамватанони бурунмарзӣ ҷараён дорад. Дар ин замина бояд гуфт, ки барои аз вазъи зиндагии сокинони ин ё он деҳа, кӯча ва маҳалла огоҳ шудан бояд бо раисони маҳаллаҳо ва нозирони минтақавӣ робитаи зич барқарор кард, зеро онҳо ҳамеша бо мардум ва дар байни мардуманд. Суҳбату гуфтугӯҳо набояд бо ибрози андешаи намояндагон анҷом ёбад, балки ба иштирокчиён иҷозат дода шавад то фикру андешаашонро дар ин маврид ошкоро баён намоянд.
Дар ин раванд, саҳми воситаҳои ахбори омма хеле бузург аст. Нахуст, тавассути телевизион, радио ва матбуот дар самти пешгирии ҷинояткорию пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ намоишномаҳо, мақолаву гузоришҳои гуногун ва таъсирбахш пешкаши мардум гардонда шаванд. Бо онҳое, ки аз Сурия ва дигар кишварҳои ҷангзада ба Ватан баргардонда шудаанд ва ё пушаймон шуда баргаштаанд, суҳбату вохӯриҳо гузарондан ба манфиати кор хоҳад буд. Хулоса, метавон гуфт, ки ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ ва робита бо ҷомеа баҳри коҳиш додани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20,11,15 №: 231 Мутолиа карданд: 516