logo

фарҳанг

НОНА

Гӯиё чун духтараке, ки дар Сари Хосор таваллуд шудаву дар миёни табиати гуворову дилфиреб ва зебову нотакрори ин гӯшаи кӯҳистон ба воя расидааст, рафтору гуфтор дорад. Табиати ин диёр дар баробари гуворо буданаш сари ҳар қадам мушкилоту сахтиҳо дорад. Он барои мардуми  ин сарзамин санҷишу имтиҳонест дар роҳи солиму бардам, зираку ҳушёр, боҳаёву накукор ва боҳиммату бо нангу ор ба воя расиданашон. Ва ӯ дорои ҳама хислатҳоест, ки хоси мардуми тоҷик аст.
Нона Алиқулӣ дар шаҳри Петропавловски Ҷумҳурии Қазоқистон таваллуд шуда, ҳамон ҷо айёми кӯдакию наврасиро гузарондааст. Дасти қазо ӯро бо ҷавонписаре, ки амри тақдир ба Петропавловск бурда буд, шинос кард. Ин ҷавонписари тоҷик Шералӣ Носиров буд, ки он вақт дар зодгоҳи духтар хизмати ҳарбиро ба ҷо меовард. Баъди шиносоӣ онҳо оила бунёд карданду якҷоя ба Сари Хосор омаданд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал муҳити Сари Хосор ба дилу дидаи Нона ошно тофтанд. Соли 1971 ӯ ҳамчун коргузор ба яке аз идораҳои Сари Хосор ба кор даромад ва  ба зудӣ соҳиби обрӯю эътибори баланд гардид. Нисбат ба кор самимонаю ҷиддӣ ва ғамхорона муносибат карданашро ба назар гирифта, лоиқаш диданд, ки махзани илму маърифати Сари Хосор - китобхонаи ин диёрро ба ихтиёраш диҳанд. Ва соли 1979  директори Китобхонаи ноҳиявии деҳаи Шаидони Ҷамоати деҳоти Сари Хосор таъйинаш карданд, ки то имрӯз фаъолият намуда истодааст.
Ҳаёти оилавии ин модари меҳрубону серфарзанд намунаи ибрат мебошад. Табассум аз лабонашон канда намешавад. Ба сиришту табиати Нона Алиқулӣ рӯзгору ҳаёти тоҷикон ончунон мувофиқат кард, ки дар баробари дигар бонувони Сари Хосор нону фатири тоҷикӣ мепазаду шакаробу қурутоб тайёр мекунад. Ва тоҷикона меҳмононро истиқбол мегираду барояшон тоҷикона дастурхон меорояд. Чаҳордаҳ фарзанд - 7 писару 7 духтар таваллуд кард, ки онҳо соҳиби ҷойи кор ва обрӯю эътибор мебошанд ва ба нафъи ҷомеа меҳнат мекунанд. Ӯ худ низ нафарест, ки пайваста ба ҷомеа нафъ меорад. Ин аст, ки тамоми мардуми деҳаи Шаидон ва деҳоти гирду атроф Нонаро ҳамчун китобдор ва бонуи меҳрубон мешиносанду эътирофу эҳтиром мекунанд. Ӯ кору касабаи худро дӯст медорад ва нисбат ба китоб эҳтиром дорад. Тавре худи Нона иброз дошт, айни замон 150 -160 нафар хонандаи доимӣ дорад, ки пайваста китобҳои китобхонаро мутолиа менамоянд. Китобхонаи Шаидон дорои 4000 адад китоб мебошад. То соли 2011 ин шумора ба 2800  мерасид, вале бо шарофати қудуми бофайзи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2012 ба Сари Хосор ташриф оварданд,  ба китобхонаи деҳаи Шаидон 1200 адад китоби гуногуну пурмазмун ворид карданд.
Айни ҳол Китобхонаи ноҳиявии деҳаи Шаидони Ҷамоати деҳоти Сари Хосор яке аз ҷойҳои ободу зебо ва доимо серодам аст.


Муҳаммади ШОҲ,
ноҳияи Балҷувон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.15    №: 232    Мутолиа карданд: 635

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед