logo

ҳуқуқ

КАМЕРАҲОИ НАЗОРАТӢ БА БЕНАЗОРАТӢ ХОТИМА МЕБАХШАНД

Моҳи октябри соли ҷорӣ ба фаъолияти Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии Раёсати бозрасии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду сол пур шуд.
Дар ин муддат бо истифода аз таҷҳизоти барномавӣ барои ба таври худкор ба қайд гирифтани вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ шумораи ҳолатҳои баҳсии ронандагон ҳангоми  садамаҳои нақлиётӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ коҳиш ёфт. Бавижа, наворҳои фаврии ҳаводиси аввали моҳи сентябр, ки аз тарафи камераҳои худкори марказ сабт шудааст, барои ошкор намудани ҳаракатҳои гурӯҳи силоҳбадастони ифротгарои собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода нақши муассир бозиданд. 
Бино ба иттилои полковник Иброҳим Раҳмонзода, сардори марказ, дар давоми ду соли фаъолият 780 941 ҳолати риоя нагардидани қоидаи ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуда, ба воситаи назорати автоматӣ доир ба қоидавайронкуниҳо ба кормандони хатсайрҳои хизматии БДА хабарҳо ирсол гардидааст. Дар натиҷа, нисбат ба 51 491 ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Дар ошкорсозии 86 ҷиноят нақши Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ муассир буд. Ҳатто ҷиноятҳои чандин солҳо ниҳонбуда, аз қабили автомашинаҳои ҳаракаташон маҳдуд ва дар кофтуков қарордошта дарёфт ва 1190 воситаи нақлиёт ба ҷаримагоҳи БДА интиқол дода шуд. Ба гуфтаи Иброҳим Раҳмонзода, дар бойгонӣ маҷмӯи далелҳо (акс ва наворҳои фаврӣ) доир ба ҳаракатҳои ифротгароёнаи гурӯҳи ҷиноятпешаи Абдуҳалим Назарзода маҳфуз аст, ки мавқеъ ва муҳимияти кори марказро бори дигар нишон дод.
- Аз 4 то 18 сентябри соли равон, ки амалҳои нангини гурӯҳи силоҳбадастон давом дошт, ба воситаи камераҳои назоратӣ ва заҳмати бевоситаи кормандони Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ истифодаи силоҳи оташфишон аз тарафи қувваҳои зиддиҳукуматӣ бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар чорроҳаҳо наворбардорӣ шуда, аз 50 автомашина, ки иштирокчиёни ҳодиса аз онҳо истифода мебурданд, 30 ададаш гирифта шуд, - мегӯяд Иброҳим Раҳмонзода.
Ба гуфтаи ӯ, хидматчиёни марказ метавонанд бо тағйир додани реҷаи кории чароғакҳои раҳнамои электронӣ вобаста ба шумораи зиёди воситаҳои нақлиёт ва ҳаҷми кӯчаҳо тамбашавии мошинҳоро дар тамоми қисмати шаҳр аз як нуқта истода пешгирӣ кунанд. Ҳамзамон, барои равуои пиёдагардон, меҳмонҳои олимақом дар рӯзҳои ҷашну маъракаҳо роҳҳои марказиро ба танзим дароранд. Кормандони БДА - ро вобаста ба вазъи бавуҷудомада ба ин ё он шоҳроҳ, хиёбон ва гузаргоҳ сафарбар созанд.
Ҳоло дар шаҳри Душанбе насби 12 адад воситаи техникӣ идома дорад, ки дар оянда суръати ҳаракати воситаҳои нақлиётро автоматӣ ба қайд мегиранд. Ҳар як корманд ҳодисаҳои дар давоми басти хизматиаш баамаломадаро муайян карда, ба патрулҳои хизматӣ хабар мерасонад. Навбатдори марказ ба навору аксҳо ва маълумоти мавҷудаи бойгонӣ ҷавобгар мебошад. 
Чораву тадбирҳои Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ сурат мегирад. Аз ҷумла, як силсила барномаҳои таҳлилӣ ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ ба намоиш мераванд, ки бинандагони зиёд доранд. Дар ин барномаҳо садамаҳои нақлиётӣ аз бойгонии марказ нишон дода мешаванд, то барои ронандагон дарси ибрат бошад.
Имрӯзҳо бе малакаву сабақи ронандагӣ ва ғофил аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сари чанбарак нишастани ҷавонон, ҳатто бе огоҳии падару модар мошин рондани онҳо дар меҳвари нигарониҳо қарор гирифтааст. Ин ва дигар ҷиҳатҳои кор ба инобат гирифта шуда, шурӯъ аз 1 ноябри соли равон бо мақсади тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни кӯдакону наврасон, ҳавасмандгардонии хонандагони мактаб, гимназия  ва литсейҳо дар омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарин таҳти унвони «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдакон» давом дорад, ки то 5 декабри соли 2015 идома меёбад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.15    №: 232    Мутолиа карданд: 643

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед