logo

фарҳанг

ЛУВР - ИФТИХОРИ ФАРОНСАВИҲО

Лувр аз ҷумлаи куҳантарин қасрҳои Фаронса мебошад, ки фаронсавиҳо аз он ифтихори беандоза доранд. Боиси қайд аст, ки Лувр на танҳо чун ёдгории меъморӣ  ва қасри шоҳони Фаронса шинохта шудааст, балки машҳуртарин ва маъруфтарин осорхонаи дунё ба ҳисоб меравад.
Таърихи Лувр соли 1190 оғоз меёбад. Шоҳ Филипп-Август, қабл аз Юриши Салибкашон, барои муҳофизати Париж аз тохтутози викингҳо (чунин ном доштанд сарбозони Скандинавияи қадим) қалъаи мустаҳкамро бунёд кард, ки, баъдан, он ба қасри зебову муҳташам мубаддал гашт. Аввалин шахсе, ки онро ба қароргоҳи шоҳон табдил дод, Карли V мебошад. Соли 1528 давраи нави Лувр шурӯъ мегардад. Бо фармони шоҳ Франсиски I онро вайрон карда, ба ҷояш қасри нав бунёд намуданд. Пас аз ин, ҳар нафаре, ки сари тахт меомад, мувофиқи завқу салиқаи хеш Луврро таҷдиду азнавсозӣ мекард. Масалан, бо ҳукми Екатерина Медичи, ҳамсари Генрихи II, дар шафати он қасри Тюилри қомат афрохт. Соли 1682 қароргоҳи шоҳро ба Версал кӯчонданд, бинобар ин, азнавсозиҳои Лувр қатъ гаштанд, ки дар натиҷа он ба макони ҳузнангез табдил ёфт. Ҳатто соли 1750 меъмори қаторсутуни майдони Пётри Муқаддаси шаҳри Рим Лоренсо Бернини ба нахуствазири давраи салтанати Людовики XIV Колбер пешниҳод  кард, ки Луврро аз байн баранд. Вале, шоҳ Людовики XIV таклифро напазируфт.
Корҳои ободонӣ  дар Лувр танҳо пас аз Инқилоби бузурги Фаронса, аз ҷониби Наполеон идома ёфтанд ва 18 ноябри соли 1793 маросими ифтитоҳи бошукӯҳи осорхона баргузор гашт. Ҳоло Лувр яке аз бузургтарин осорхонаҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Масоҳати он 160 106 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки дар 58 470 метри мураббааш нигораҳо ҷой гирифтаанд. Он дорои 198 намоишгоҳ буда, дар онҳо шоҳкориҳои Атиқаи Шарқ, Атиқаи Миср, Атиқаи Юнон, Тамаддуни Рим ва этрускҳо ва амсоли инҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Айни замон Лувр беш аз 400  ҳазор нигора дошта, шумораашон сол ба сол меафзояд.
Соли 1989 дар саҳни Лувр аҳроми шишагӣ бунёд гашт, ки ба гуфтаи аксари санъатшиносон боғи қасри Тюилриро ҳусни тоза бахшид. Он қасрро бо толорҳои нав пайванд менамояд. Таҳиягари  аҳром, ки бо баландии 21 метр дар иҳотаи фаввора қарор гирифтааст, меъмори чинитабори амрикоӣ  Йоҳ Минг Пи мебошад.
Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.15    №: 232    Мутолиа карданд: 1145

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед