logo

фарҳанг

МАЛИКАИ РАҚС

Дар эҷодиёти раққосаи мумтоз Малика Қаландарова рақси «Модархудо» мақоми хоса дорад. Ин рақси классикии ҳиндиро Малика на танҳо бо маҳорати том, балки бехато офаридааст.
Дӯстдорони рақс ёд доранд, ки дар оғоз Модархудо чорзону нишаста, сипас, пайкарашро ба тарафи росту чап мегардонад. Пасон, аз ҷой бархоста, зери садои зангӯлаҳои ба пойҳояш басташуда ва таҳти зарбҳои мусиқӣ пойкӯбӣ менамояд. Зарбҳои гуногуни мусиқӣ бо ҳаракоти мавзуни бадан ва дасту пойи раққоса тавъам омада, фалсафаи ҳастиро бозгӯ месозад.
Ин рақсро Малика Қаландарова на танҳо дар саҳнаҳои шаҳрҳои мухталифи Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар худи Ҳиндустон низ иҷро намуда, аз ҷониби мутахассисони соҳа баҳои сазовор гирифтааст. Пас аз анҷоми сафари ҳунарии ҳунармандони шӯравӣ дар Ҳиндустон онҳоро сарвари ин давлат Абдурашид қабул менамояд. Дар ин вохӯрӣ сарвазири Ҳиндустон Индира Ганди аз ҳунари Малика Қаландарова ба ваҷд омада, ӯро «Маликаи рақс» эълон менамояд.
Дар анҷоми як вохӯрии дигар устоди донишгоҳи Ҳопал Шакар Ҳомбал аз ҳунари раққосаи тоҷик ба ҳайрат омада мепурсад:
- Магар шумо дар Ҳиндустон таҳсил кардаед?
- На, - ҷавоб медиҳад Малика.
- Оё дар Иттиҳоди Шӯравӣ мактаби рақси ҳиндӣ вуҷуд дорад?
Малика боз «не» гуфта ҷавоб медиҳад.
- Пас шумо ин рақси мураккабро аз кӣ омӯхтед?- мепурсад Ҳомбали ҳайратзада.
- Аз китоб ва филмҳо.
Он гоҳ Шакар Ҳомбал ба Малика Қаландарова «Зангӯлаи тиллоӣ» тақдим менамояд.
Дар Ҳиндустон расме ҳаст, ки ба ҳунармандони мактаби рақсии ҳирфавиро гузашта ва нозукиҳои онро пурра аз худ намуда зангӯла тақдим менамоянд. 

М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.15    №: 232    Мутолиа карданд: 498

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед