logo

фарҳанг

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ИМОН АСТ

Худованд дӯст доштани Ватанро дар дили инсон аз азал ҷой кардааст. Офаридгор тавассути ақлу идрок ва фаросат ба одам ва фарзандонаш нисбат ба дигар махлуқот бартарӣ  додааст, ки ватанро бештар шиносад ва дӯст дорад. Ҳикмати дӯст доштани Ватан дар он аст, ки ҳар як инсон бояд дар ободиву шукуфоиаш саҳми чашмрас гузорад. Ҳамон тавре ки Умар Ибни Хатоб (р) гуфтаанд:
«Агар муҳаббати Ватан намебуд, шаҳрҳо обод намешуданд».
Дар ояти 66-и сураи Нисо Худованд  манзалати дӯст доштани Ватанро чунин баён кардааст:
«Ва агар мо барои онҳо менавиштем, ки хештанро бикушед ё аз хонаҳои хеш берун шавед, ҷуз андаке аз онҳо ин корро намекарданд». Яъне, Худованд он авомири машаққат чун худкушӣ ва аз диёр берун шуданро ба бандагонаш нафармудааст. Ба ибораи дигар гӯем, Худованд аз Ватан маҳрум шуданро ба қатли нафс баробар кардааст.
Далели дӯст доштану обод кардани Ватан аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободонӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми басо бузург доранд. Бо ибтикори Сарвари давлат нақбу роҳҳо сохта шуда, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад. Дар аксари шаҳру деҳоти мамлакат он қадар биноҳои наву замонавӣ бунёд гардиданд, ки симои онҳо, бахусус шаҳри Душанбе хеле тағйир ёфтанд.
Бо ҳидоят ва саъю кӯшиши беназири Президенти мамлакат Тоҷикистон ба мамлакати амну обод ва рӯ ба тараққӣ мубаддал  гардид ва дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибор ва нуфузи худро пайдо кард. Сарвари давлат борҳо дар мулоқот бо сокинони кишвар, хоса ба ҷавонон таъкид доштанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.  Зеро дар замони муосир баъзе аз ҷараёну равияҳои тундгаро дар ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ - экстремистӣ супоришҳои хоҷагони худро иҷро намуда, ҳаёти осоиштаи ин ё он кишварро халалдор месозанд.
Боиси таассуф аст, ки баъзе аз ҷавонони ҷоҳилу гумроҳ ба ҳар роҳу восита  ба сарзамини ҷангзадаи Сурия рафта, ба ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» мепайванданд ва ба қатлу ғорати одамони бегуноҳ ва инфиҷору нобудсозии осори таърихӣ даст мезананд. Гурӯҳи дигар бо дастури хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд вазъи кишварро ноором сохта, аз ин манфиат бинанд. Онҳо ҳеҷ вақт ба мақсад  намерасанд, зеро мардуми шарифи Тоҷикистон Ватан ва Сарвари муаззами худро дӯст медоранд.
Шукри Худо, ки тамоми сокинони  кишвар муттаҳиданду дар ғаму шодии ҳам баробар. Ин далели ваҳдату ягонагии Ватани маҳбуби мост. Ҳақ ба ҷониби Шайх Саъдист, ки мефармояд:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

20 - 21 июли соли равон бар асари боришоти шадид ва селу обхезӣ дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи зиёди манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ ва иншооти дигари моҳияти иҷтимоию иқтисодидошта  хароб гардиданд. Бо ҳидояти Сарвари давлат аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ба зарардидагони офати табиат ҷиҳати барқарорсозии манзилҳои истиқоматиашон ёрӣ расид. Аз ҳисоби масҷидҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба зарардидагон 10340 сомонӣ фиристода шуд. Барои дастгирии оилаҳои камбизоат 2600 сомонӣ ва ба фонди хайрия 500 сомонӣ ирсол гардид.
Мо якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҷамоатҳои деҳот рафта, бо мардум, хоса ҷавонон оид ба ваҳдату ҳамгироӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва дур будан аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ суҳбат мегузаронем.
Аз Худованди донову шунаво масъалати онро дорем, ки мардуми шарифи моро дар паноҳи худ нигаҳ дошта, сулҳу амонии ватанамонро устувору бардавом гардонда, аз душманони дохиливу хориҷӣ дар амонаш нигаҳ дорад.
    Абдуҷамил  ЮСУФӢ,
сархатиби масҷиди
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.15    №: 232    Мутолиа карданд: 712

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед